Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон фаъолонро дар хориҷа таъқиб мекунад"


Маркази сиёсати хориҷии мустақар дар Лондон, як созмони таҳқиқотӣ дар гузориши нави худ мегӯяд, Тоҷикистон аз соли 2002 то имрӯз “ҳадди аққал 51 шаҳрвандашро дар хориҷа”, аз ҷумла, 33 нафарро дар солҳои 2014-2016 боздошт карда ба Тоҷикистон интиқол додааст, дар миёни онҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки дар хориҷа кушта шудаанд.

Ин созмон дар гузориши нави худ бо номи “Бидуни сарпаноҳ: азияти фаъолон дар хориҷа аз ҷониби хадамоти махсуси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ” (No shelter: The harassment of activists abroad by intelligence services from the former Soviet Union) дар робита бо Тоҷикистон ҳам матлабе нашр кардааст.

Тоҷикистон... шабакаи нисбатан тавонои назорат бар фаъолияти мухолифонро дар хориҷ таъсис додааст

Дар матлаби муҳаққиқи донишгоҳи Колумбия Эдвард Лемон, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки аксари ин ҳодисаҳо (37 ҳолат) нисбати фаъолони тоҷик дар Русия ва 7 ҳодиса дар Туркия рух додааст, вале, ба таъкиди муаллиф, ин танҳо маълумоте аст, ки то ҳол дастрас шудааст.

Маркази сиёсати хориҷӣ мегӯяд, бо вуҷуди як “кишвари заъифи ОМ буданаш, Тоҷикистон дар давоми ин солҳо шабакаи нисбатан тавонои назорат бар фаъолияти мухолифонро дар хориҷ таъсис додааст” ва дар сурати зарурӣ, мунаққидони ҳукуматро мавриди ҳадаф қарор дода, баъдан дар Тоҷикистон зиндонӣ кардааст.

Мақсуд Иброҳимов январи соли 2015 дар Маскав ғайб зад ва июни ҳамон сол дар Душанбе ба 17 соли зиндон маҳкум шуд
Мақсуд Иброҳимов январи соли 2015 дар Маскав ғайб зад ва июни ҳамон сол дар Душанбе ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Дар гузориш аз қазияҳои пурсарусадои Мақсуд Иброҳимов, муассиси созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” (баъди интиқоли мармузаш аз Русия ба Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст), куштори раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар Истамбул (моҳи марти соли 2015), ба ҷустуҷӯи полиси байналмилалӣ додани парвандаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва чанд қазияи дигар ёдовар шудааст.

Муаллиф мегӯяд, Тоҷикистон дар хориҷа аъзои созмонҳои террористии назири “Ансоруллоҳ” ва “Ҳизби таҳрир”, ҳизби сиёсии исломии назири ҲНИТ, собиқ аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам журналистону фаъолонро ҳадаф қарор додааст.

Аз рӯи қазияи куштори Умаралӣ Қувватов шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Қаюмов ба ҳукми абад маҳкум шудааст
Аз рӯи қазияи куштори Умаралӣ Қувватов шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Қаюмов ба ҳукми абад маҳкум шудааст

Мақомот: Муттаҳамон “бо роҳи фаҳмондадиҳӣ баргардонида шудаанд”

Рӯзи 22 ноябр дар вокуниш ба изҳороти Маркази сиёсати хориҷӣ масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтанд, шаҳрвандонеро, ки дар хориҷи кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро пайвастаанд, “бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба Тоҷикистон овардаанд”. Умарҷони Эмомалӣ, раиси Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “онҳое, ки дар Тоҷикистон ҷиноят кардаву дар хориҷа паноҳ бурда баъдан ба Тоҷикистон оварда шудаанд, бар асоси парвандае, ки дар нисбати онҳо боз шудааст, муҷозот карда шудаанд”. Вай гуфт, мақомот ҳамеша талош мекунанд ин гурӯҳи шаҳрвандонро аз хориҷа “аз роҳи фаҳмондадиҳӣ” багардонанд.

Мақомоти тоҷик ҳеҷ гоҳ иттиҳоми созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон оиди “аз роҳи ғайриқонунӣ” ва ё “пинҳонӣ дуздида шуда ба Тоҷикистон интиқол ёфтани” гумонбаронро эътироф намекунанд. Ингуна иттиҳомот солҳои гузашта дар робита бо қазияҳои Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Низомхон Ҷӯраев, Мақсуд Иброҳимов ва бархе аъзои созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” садо додааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода

Вале дар як изҳороташ вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки моҳи сентябри имсол дар нишасти «Ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ: таҳдидҳо ва масъулиятҳо» садо дод, гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз оғози соли 2015 - 152 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам дониста мешуданд, ба Тоҷикистон баргардонидаанд ва 75 нафари онҳо ихтиёран худро таслим кардаанд. Дар миёни онҳо аксарият аъзои ДИИШ мебошанд.

Вазир гуфта буд, ин шахсон аз Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Сурия ба ватан баргашта, бархе аз онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шудаанд. Азбаски аксари ин парвандаҳо пушти дари бастаи додгоҳ баррасӣ мешаванд, фаҳмидани ҷузъиёт ва воқеияти ҳоли ин қазияҳо барои матбуот номумкин мешавад.

Адам Ҳаг: Русия қонунҳои байналмилалиро нақз мекунад

Раҳбари Маркази сиёсати хориҷӣ Адам Ҳаг дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ рӯзи 22 ноябр аз шаҳри Лондон гуфт, “фаъолон дар кишварҳои худкома ҳатто баъди берун шудан аз кишварашон амну озод нестанд ва таҳти фишор қарор доранд. Ин масъала мояи нигаронӣ аст. Мо мехоҳем бо ин таҳқиқоти худ ба вуҷуди ин масъалаи доғ таваҷҷӯҳро ҷалб кунем”.

Адам Ҳаг гуфт, ки дар Ғарб маъмулан дар бораи кори хадамоти махсуси Русия маълумот доранд, вале муҳаққиқони Маркази сиёсати хориҷӣ роҳҳои ҳамкории маъмурони ин кишвар бо хадамоти вижаи кишварҳои минтақаи дигарро алайҳи фаъолони ҷамъиятӣ мехоҳанд ба намоиш гузоранд. Вай гуфт, Русия кишвари мизбони шумори зиёди тоҷикистониён аст, аз ҳамин хотир ҳам боздоштҳои махфиву истирдоди бархе фаъолони мухолифин бештар аз ҳамин кишвар иттифоқ меуфтад.

Аз сӯи дигар, гуфт ӯ, “Русия бо вуҷуди тасвиби Эъломияи ҳуқуқи башари Аврупо, ба ҳангоми муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳои ҳамкораш, бандҳои ин муқаррарот ва ҳам қонунҳои дохиливу байналмилалии дигарро сарфи назар карда, ба рабоиши фаъолон дар қаламраваш иҷозат медиҳад”. Вай мегӯяд, таҳқиқот собит кардааст, ки фаъолон бо дасти хадамоти махсуси кишварҳояшон ва бо иҷозати мақомоти Русия рабуда мешаванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG