Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори як тарафдори "Гурӯҳи 24" аз боздошт дар Русия


Ду тан аз фаъолони "Гурӯҳи 24", ки як сол боз дар Маскав дар боздошт қарор доштанд, баъди раҳоияшон аз боздошт дубора аз сӯи маъмурони ФМС ва ин бор бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои будубош дар Русия дастгир шудаанд.

Соҳибназар Абдуназаров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки як сол пеш дар Маскав бар асоси дархости мақомоти Душанбе дастгир шуда буд, рӯзи 24 январ аз тариқи Фейсбук бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва хабар дод, ки ӯро баъди раҳоӣ аз боздошт дубора дастгир кардаанд, вале ӯ аз боздоштгоҳи ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия фирор кардааст.

Соҳибназар Абдуназаров аз ҷумлаи аъзои созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” мебошад. Исми ин созмони шарики "Гурӯҳи 24" дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014, баъди ташкили як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Русия, аз ҷумла дар Маскав, Екатеринбург, Саратов ва Самара, матбуотӣ шуд.

Ба гуфтаи Абдуназаров, мӯҳлати ниҳоии ҳабси ӯву Меҳрубон Сатторов, як узви дигари созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”рӯзи 21 январ анҷом ёфт, чунки қонунҳои Русия барои дар боздошт нигоҳ доштани афроди таҳти ҷустуҷӯ ҳадди аксар 12 моҳро пешбинӣ кардааст ва азбаски ӯву Сатторов алакай як соли дуруст дар боздоштгоҳ қарор доштанд, ҳардуро рӯзи 21 январ раҳо карданд.

Аммо баъди онки Абдуназаровро намояндаи додситонии минтақаи Можайски Маскав ба дасти вакилаш супурд, вайро билофосила маъмурони ФМС дастгир карда, ба боздоштгоҳи махсуси ин ниҳод бурдаанд. Меҳрубон Сатторов низ мисли ӯ баъди озод шуданаш аз сӯи маъмурони ФМС боздошт шудааст.

Соҳибназаров мегӯяд, азбаски мақомоти Тоҷикистону Русия ба истирдоди онҳо ноил шуда натавонистанд, ҳоло мехоҳанд, аз тариқи депортатсия онҳоро ба Душанбе супоранд: "Дар асл тамоми санадҳои мо дуруст буд. Мо то замони боздоштамон дар январи соли 2015 расман сабти ном доштем, ягон қонуни муҳоҷирати Русияро вайрон накарда будем."

Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, дар саросари Русия то имрӯз дастикам 12 нафар бо дархости мақомоти Тоҷикистон бо гумони ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” дастгир шудаанд. Феълан аз ин шумор 2 нафар - Фирӯзшоҳ Лоиқов ва Тағоймурод Маҳмадиев дар Русия ва Шабнам Худойдодова дар Беларус – мунтазири баррасии парвандаи истирдодашон ба Тоҷикистон мебошанд. Ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ – ифротгароӣ ва даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ – айбдор мешаванд.

Як сол мӯҳлати мумкини ҳабси Тағоймурод Маҳмадиев низ рӯзи 16 феврал ба поён мерасад.

“Гурӯҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки соли 2012 аз сӯи Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду тоҷири дар гузашта ба доираҳои ҳокими ин кишвар наздик, таъсис ёфтааст.

“Гурӯҳи 24” бо кӯмаки созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар чанд шаҳри Русия гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати Тоҷикистонро ташкил дод ва мардумро рӯзи 10 октябр ба як тазоҳуроти бузург дар майдони марказии Душанбе даъват кард.

Ин тазоҳурот дар ниҳоят доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро расман манъ ва моҳи декабри соли 2014 ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард. Раҳбари "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар як сӯиқасди мусаллаҳона дар Истамбули Туркия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG