Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустнамоиши «триллер»-и нави тоҷикӣ


Интизор меравад ба зудӣ дар Душанбе филми нави тоҷикие дар жанри «триллер» ба намоиш гузошта шавад, ки гурӯҳе аз ҳунармандони ҷавони тоҷик ба навор гирифтаанд.

Филми камхарҷ бо номи «Ғор ва Мор» рӯзи 4-уми январи соли 2015 дар кинотеатри Ҷавонон дар маркази шаҳри Душанбе нахустин бор намоиш дода мешавад. Дар ин бора Ҷайҳун Насимӣ, ки дар ин филм нақши аслиро иҷро мекунад, ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, достони ин филм дар бораи Матин, як ҷавони тоҷикест, ки гӯё дар Амрико зиндагӣ мекунад ва барои дидани ҳамсари ояндааш ба Тоҷикистон меояд.

Баъди сафар ба яке аз гӯшаҳои биёбонӣ бо номи «Водии морон» Матин ва Ноза бо ду ҳамроҳи дигарашон дар ин биёбон дармемонанд ва дигар ҳамроҳони Матин аз дасти қотиле кушта мешаванд, вале гуноҳ ба гардани Матин меафтад ва ҳамингуна достони филм то замони пайдо шудани қотил ҷазо гирифтанаш идома мекунад. Филми «Ғор ва Мор» дар муддати як моҳ ба навор гирифта шудааст ва қаҳрамонҳояш бо лаҳҷа сӯҳбат мекунанд, ки бешак сабаби танқиди офарандагони филм мешавад.

Аммо Ҷайҳун Насимӣ гуфт, онҳо дониста забони шеваро интихоб кардаанд: "Ман фикр мекунам, ки метавонанд, моро танқид кунанд. Вале мо ба он мақсад, забони лаҳҷаро интихоб кардем, ки ҷавонон ба филмсозӣ ва киноматографияи тоҷик ҷалб шаванд. Ва баъд аз онки онҳо ҷалб шуданд, филмҳои дигарро ба забони адабӣ пешниҳод кунем."

Коргардони филм Зафар Ширинов, яке аз аз дигар ҳунармандони ҷавон аст ва муаллифи филмҳои «Иблис» ва «Никотин» аст. Ҷайҳун Насимӣ мегӯяд, ки ҳангоми таҳсилаш дар курсҳои ҳунарпешагӣ ва коргардонӣ дар Амрико, дар филми маъруфи «Арго» дар Амрико нақши лаҳзаиро иҷро кардааст ва дар филмҳои дигари миёнабуҷаву камбуҷа дар Амрико нақш офаридааст.

Аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон касе ҳанӯз ба ин филм баҳо надодааст, вале Носир Саидов, яке аз ин коргардонҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, истифодаи лаҳҷа дар филм кори дуруст нест. Ӯ афзуд, бисёре аз ин гуна филмҳои камбуҷа, ки студияҳои мустақил дар Тоҷикистон ба навор мегиранд, аз назари касбият паст ҳастанд, чун ҳунарпешагонашон ва ё коргардон, мактаби филмсозиро нагузаштаанд. Айни замон гуфт, бештар шудани филмсозӣ ва офаридани филмҳои нав ба нав дар Тоҷикистон тамоюли бад нест:

"Кӯмак мекунад, медонед аз кадом лиҳоз? Ин як марҳила, як ҷараёне аст, ки инро бояд ҳама гузарад. Ин ягон бадӣ надорад. Ҳоло филмҳо зиёд шуданд ва мардум тамошо мекунанд ва филмҳои касбӣ ва ҳирфаӣ, ки ҳаст мардум онҳоро бештар тамошо мекунанд. Оҳиста-оҳиста онҳо ҳам инкишоф меёбанд. Ин марҳилае аст, ки мо ҳатман бояд гузарем. Ҳозир филмҳо зиёд шудаанд ва мо хурсанд ҳастем, ки тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон филми зиёд мегиранд, дар жанрҳои гуногун ва оҳиста-оҳиста касбият ҳам меояд ва ин хуб аст."

Филми мазкур дар ҷануби Тоҷикистон ва дар студияи мустақили «Қубодфилм» ба навор бардошта шудааст, ки аз студияҳои ангуштшумор дар вилояти Хатлон аст. Аксари ҳунарпешагонаш ҳам аз ин вилоят ҳастанд. Ҷайҳун Насимӣ умедвор аст, ки филми мазкур аз тарафи бинандагони ҷавон хуб қабул мешавад.

XS
SM
MD
LG