Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯъмин Қаноат: "Агар ваҳдат нашавад, давлату миллат аз даст меравад"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шоири маъруфи тоҷик мегӯяд, бо гузашти 16 сол аз замони хатми ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба ваҳдат як ормон ва масъалае доғ барои Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Соли 1997, ба дунболи имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар ҳавои ҳамин сулҳ дар Тоҷикистон як ҷунбиши сиёсие бо номи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт. Раҳбарии Ҳаракатро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш гирифт ва муовини ӯ ва ҳамин тавр, раиси кумитаи иҷроияи ин ҷунбиш шоири маъруф Мӯъмин Қаноат шуд, ки ин масъулиятро то соли 2001 ба ӯҳда дошт.

Ҳадаф аз таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар зери як чатр ба ҳам овардани тамоми гурӯҳҳои сиёсии кишвар гуфта мешуд. Аммо ин Ҳаракат натавонист ин миссияи худро то охир иҷро кунад ва батадриҷ аз майдон рафт. Ҳоло дигар тақрибан дар ёди касе ҳам намондааст, ки замоне дар Тоҷикистон Ҳаракате бо чунин номи баланд амал мекард.

Дар гуфтугӯе аз Мӯъмин Қаноат аз сабабҳои суъуду суқути Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пурсидем, вале нахустин суоли мо аз шоири маъруф назараш дар бораи Рӯзи ваҳдат буд, ки ҳарсол дар солгарди имзои созишномаи сулҳ, яъне 27 июн таҷлил мешавад.

Мӯъмин Қаноат: Воқеан имрӯз Рӯзи ваҳдат аст ва рӯзи шарифу ормонии миллати мо буд, баъди парешонии аввалу даргириҳои дохиливу иштибоҳоти зиёде, ки шуд. Мардум дар ин рӯз ба ҳам омаданд ва Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон низ дар ҳамин рӯз таъсис шуд. Ҳайати раёсату аъзои ҷамъиятии он аз ҳизбҳову созмонҳои илмиву фарҳангии гуногун ташкил ёфт. Нерӯҳои асосиаш нерӯҳое буданд, ки ватанхоҳ ва хоҳони сулҳу осоиш буданд ва мардумро ба ҳам оварданд. Он замон ман раиси Кумитаи иҷроия ва муовини раиси ҳаракат будам. Муддати панҷ сол корҳои ҷиддӣ шуд. Шояд аз ҳама ташкилоту ниҳодҳо Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва ёҳёи Тоҷикистон кори бештаре кард барои ҳамоиш ва ормонҳои миллӣ. Муҳимтар аз ҳама аз марҳалаи ҷанг ба сулҳу ризо расидем, ки кори шоёнест ва хуб ҳам шуд. Аммо баъд аз панҷ сол, мардуме, ки қаблан даргир буданду бо ҳам ҷанг карда буданд, дар дилашон чизе монда буд ва ба ин далел ваҳдат ба нуқтаи олиаш нарасид ва боз ваҳдат ба парешонӣ расид. Албатта, ин қонуни физикӣ аст, ки ҳамоиш асту ҷудоӣ асту то нуқтаи охир такрор меёбад. Вале мутаассифона, талошҳое, ки дар панҷ соли аввал буд ва барои ҳамоишу ваҳдат хуб сурат гирифт, баъдан кунд гардид.

Озодӣ: Пас муваффақияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонр он буд, ки шумо, ба унвони яке аз раҳбарони калидии он, дар панҷ соли аввал тавонистед ду тарафро ба ҳам оред, бале?

Мӯъмин Қаноат: На танҳо ду тараф, балки дар дохил ҳам боз тарафҳои мухолиф буданд. Байни мухолифон чанд гурӯҳ вуҷуд дошт, як гурӯҳ набуданд, гурӯҳи исломӣ буд, гурӯҳи зиёиён буду ҳар навъ гурӯҳҳои дигар буданд. Зеро агар раҳбари оппозисиюн Сайид Абдуллои Нурӣ фарди динӣ - исломӣ буд, аммо гурӯҳҳои дигар - зиёиёну олимон, мисли Отахон Латифӣ ҳам буданд, ки бо оппозисиюн буданд. Ин тақсимбандӣ, албатта, дуруст нест ва ин тақсимбандӣ аз назари ҷаҳонбинӣ, аз назари дигар буд. Дар ҳар сурат, дар он панҷ соли аввал ин ҳама тарафҳо ба ҳам омаданд, сарҷамъ шуданд ва ваҳдат карданд. Аммо имрӯз, дигар маълум аст, ки фикру андешаҳо ҳамеша як нест. Барои ин таҳаммулпазирӣ даркор аст, ки андешаи дигаронро бояд қабул кунӣ. Агар ин андеша дуруст бошад.



лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Шумо мегӯед, пас аз панҷ соли аввали фаъолити Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ваҳдат парешон шуд. Сабабашро дар чӣ мебинед?

Мӯъмин Қаноат: Сабаби ин парешонӣ дар шуури мардум, шуури омиёнаи мардум аст. Чун шуури касбӣ нест. Шуур бояд мантиқӣ, олимона, бунёдӣ ва илмиву таҳлилӣ бояд бошад. Вале мутаассифона, шуури омиёна бисёр аст ва ин шуур кӯчаву хиёбонӣ ва майдонӣ аст. Аммо шууури дараҷаи асосӣ, яъне тафаккур ва андеша нест. Мутаасифона, ҳар кас мегӯяд, ки ман манам. Ҳарчанд тарафҳо мехоҳанд ба ҳам биоянд, аммо гузашт намекунанд. Вақте гузашт накунанд, ваҳдат намешавад. Ҳол он, ки сиёсати абарқудратҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ низ дар гузашт кардан аст. Бурди Иттиҳоди Аврупо низ ҳамин аст, ки таҳаммулпазирӣ вуҷуд дорад.

Озодӣ: Шояд як сабаби муваффақияти панҷ соли аввали фаъолити Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон он буд, ки ҳарфи шумо аз сӯи раиси ҷумҳур ба унвони раҳбари ин ҳаракат шунида мешуд?


Мӯъмин Қаноат: Бале, ин сабаби асосӣ буд. Вале ҳамзамон чанд нафар зиёиёну донишмандони дигаре низ буданд, ки дар саргаҳи ин ҳаракат қарор доштанд ва азму талошашон барои ваҳдату якдигарфаҳмӣ буд. Аз тарафи ҳукумат ҳам одамони донишманду зиёиву фарҳангӣ буданд ва аз ин тараф, яъне мухолифон низ, ки инҳо ба ҳам меомаданд ва пас аз машварату маслиҳатҳои ошкоро нуқтаи охир ба раисиҷумҳур мерасид ва вай имзо мекарду барои иҷрои барнома иҷозат медод. Аммо мутаассифона, баъд аз рафтани ман ҳамин пайванд канда шуд.

Озодӣ: Чаро ин пайванд канда шуд? Пас аз шумо киҳо ба ин ҳаракат омаданд?

Мӯъмин Қаноат: Пас аз ман Қурбони Восеъ ва дигарон ба ин ҳаракат омаданд, ки гурӯҳҳое буданд, ки гурӯҳҳои ҳукуматӣ маҳсуб мешаванд. Аммо дигар аз мухолифон дар ин ҳаракат набуданд.

Озодӣ: Дар даврони шумо аз ҳукумат, ки маълум, аммо аз мухолифон киҳо буданд?

Мӯъмин Қаноат: Бубинед, ҳама ҳизбҳо буданд, аз Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам буд. Созмонҳои ҷамъиятӣ низ узвият доштанд, донишмандон буданд, Гулназар сармуҳарири рӯзномаи “Ваҳдат” буд. Ҳамаи нерӯҳои солимро ман дар якҷо сарҷамъ кардам ва шабу рӯз кор мекардем, то ин ваҳдат густариш ёбад. Аммо чун Ҳизби наҳзат, ки расман фаъолият кард ва ҷудо шуд, дигар мустақилона фаъолият мекард.

Озодӣ: Ҳамакнун аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 16 сол сипарӣ шуд. Бо он ки мегӯед, ваҳдат парешон шудааст, аммо дубора устувор шуда метавонад?

Мӯъмин Қаноат: Мутаассифона, ман таҳлилии ҷиддии илмии ниҳоӣ дар ин бора надорам. Ин масъалаи бисёр ҷиддӣ аст ва ҳамту гуфта намешавад. Аммо агар имрӯз ҳам иқдом кунанду андеша кунанд, ҳамоиш беҳтар аст, аз он ки ба ҷанги охирин даст бизананд. Ҳамин тавр биравад, ваҳдат нест мешавад, давлат аз даст мераваду миллат ҳам.

Озодӣ: Пас ба хотири ҳизфи ваҳдат чӣ бояд кард?

Мӯъмин Қаноат: Бояд дасти ҳам бигиранд ва ҳамоиш кунанд. Ба ҷуз ин, дигар роҳ нест. Бояд ҳама нерӯҳо боз барои ваҳдат талош варзанд. Ҳоло ин мардум таҳлили ҷиддиашро намедонад, ки душманони хориҷӣ дар соҳили Омӯ дар омодагии ҷангии саддарсад ҳастанд. Аз Бадахшон то Панҷи Поён сангар гирифтаанд. Ин мардум бисёраш ҳоло намедонанд, ки чӣ гап аст?
XS
SM
MD
LG