Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе намоишгоҳи доимии маҳсулоти Эрон боз шуд. ВИДЕО


Дар ҳоле ки чанд сол боз муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароида ва воридоти молу колои эронӣ ба кишвар коҳиш ёфтааст, ширкати “Алмос” талош дорад, ин холигоҳро пур кунад.

  • Ширкат бо таъсиси намоишгоҳи доимӣ молҳои истеҳсоли Эронро дар Тоҷикистон муаррифӣ ва барои дастрасӣ ба тоҷирони тоҷик мусоидат мекунад.
Мо як навъ миёнарави байни соҳибкорони тоҷик ва ширкатҳои эронӣ ҳастем.

Алимардон Мақсудов, муовини раиси ширкати “Алмос” рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои муштариҳо маҳсулоти беш аз 30 ширкати Эронро пешниҳод кардаанд. “Дар оянда нақша дорем, ки маҳсулоти бештар орем. Афсӯс, ҳоло ҷои намоишгоҳамон хурд аст.”

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Дар Душанбе намоишгоҳи доимии маҳсулоти Эрон боз шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Аз кафш то таҷҳизоти барқӣ

Феҳристи маҳсулоти ширкатҳои эронӣ дар ин намоишгоҳи доимӣ аз пойафзоли кӯдаконаву калонсолон, маҳсулоти ороиши манзилу маводи сохтмонӣ шуруъ шуда, то доруву таҷҳизоти барқиро дар бар мегирад. Маҳсулоти ин ширкатҳо мустақим аз тавлидкунанда вориди бозори Тоҷикистон мешавад.

Алимардон Мақсудов
Алимардон Мақсудов

“Мо як навъ миёнарави байни соҳибкорони тоҷик ва ширкатҳои эронӣ ҳастем. Соҳибкорон аз бозорҳои бузурги Душанбеву минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба мағоза-намоишгоҳ омада, намуди маҳсулоти хостаашонро фармоиш медиҳанд. Мо бо тавлидкунандаи ин маҳсулот дар Эрон дар тамос шуда, қарордод имзо мекунем. Вақте маҳсулот то ба марзи Узбекистону Тоҷикистон расид, соҳибкор маблағи онро пардохт мекунад", - гуфт Алимардон Мақсудов.

Харидорон, ки дар гузашта аз молу маҳсулоти тавлидоти корхонаҳои эронӣ зиёд истифода бурдаанд, ба сифату қимати аксари ин молҳо шубҳа надоранд. Аммо ба қавли онҳо, мавқеи молу маҳсулоти эронӣ бояд дар бозори Тоҷикистон барқарор карда шавад.

"Маҳсулоти ғизоиро ҳам биёранд"

Олуфтамоҳ Саидова, сокини шаҳри Душанбе рӯзи панҷшанбе гуфт, “масалан, қошуқу чангакҳои истеҳсоли Эрон хуб аст. Нархаш ҳам дастрас. Дар баробари асбоби рӯзгор боз маҳсулоти ғизоӣ ҳам меоварданд, хуб буд. Арзонтар.”

Феълан дар бозорҳои Тоҷикистон молу маҳсулоти тавлидоти Эрон, хусусан, маводи ғизоӣ хеле кам ба назар мерасад. Дар гузашта маводи ғизоии Эрон дар таъмини сокинони Тоҷикистон мавқеи муҳим дошт.

Қатъ ва коҳиши воридоти маҳсулоти тавлидоти Эрон пас аз ҳодисаи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода дар соли 2015 шуруъ шуд. Роҳ ёфтани мухолифони фирории ҳукумати Тоҷикистон ба ин кишвар боис ба нигаронии мақомот шуд ва равобити хуби Теҳрону Душанбе то ҳадде ба сардӣ гароид.

Тоҷикистон соли гузашта Эронро дар тарҳрезии кушторҳои сиёсии солҳои 90-ум низ муттаҳам кард. Теҳрон даъвои ҷониби Тоҷикистонро беасос номидааст. Ба дунбол, мақомоти Тоҷикистон бо далели гӯиё бесифат буданаш воридоти гӯшти мурғ ва анвои гуногуни ғизо аз Эронро манъ карданд. Сипас ин феҳрист тӯлонӣ шуд.

Сафаров: Интизори иқдомҳои ҷиддии Эрон ҳастем

Баъзе аз мақомоти тоҷик, аз ҷумла, дар Утоқи савдои Тоҷикистон ба далели надоштани иттилоъ аз шарҳи фаъол шудани мағоза-намоишгоҳи “Алмос” худдорӣ карданд.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аз ин иқдом тавсиф намуд ва гуфт, “ҳарчанд бо як гул баҳор намешавад, Тоҷикистон омода аст иқдомҳои созандаи ҷониби Эронро тарадфорӣ кунад”.

Ӯ афзуд, “мухолифи ин ақида ҳастам, ки робитаҳои миёни Тоҷикистону Эрон рӯ ба сардӣ ниҳодаанд. Мо интизори иқдоми ҷиддии Теҳрон ҳастем, то ҳамзабону ҳамфарҳанг будани мардуми ду кишварро собит созанд. Фикр мекунам, ҳар фарди алоқаманд, аз ҷумла, тоҷирон роҳҳоеро барои беҳбуд ёфтани робитаҳои миёни ду кишвар кашф месозанд”.

"Додугирифт дар се соли охир кам шуд"

Омори се соли охир нишон медиҳад, ки табодули молу коло миёни ду кишвар ба поинтарин сатҳ расидааст. Соли 2015, пеш аз сардии муносибот, аз Эрон ба Тоҷикистон ба ҳисоби 123 миллион доллар мол ворид шуда ва аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 59 миллион доллар ба Эрон мол содирот гардидааст. Дар соли 2017 дар ҳаҷми 61 миллион доллар аз ин кишвар мол ворид шуда ва ҳамагӣ ба маблағи 30 миллион доллар Тоҷикистон ба Эрон мол содирот кардааст.

Моҳи октябри имсол Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе эълон кард, ки бо дархости Кумитаи андоз беш аз 20 ширкату ҷамъияти марбут ба шаҳрвандони Эронро дар кишвар барҳам додааст. Мақомот гуфтанд, масъулони ин ширкатҳо на дар бораи фаъолияти худ гузориш додаанд ва на андозро супурдаанд.

Аз он пеш Тоҷикистон фаъолияти Кумитаи имдоди Хумайнии Эронро низ боздошта буд.

XS
SM
MD
LG