Даҳҳо нафар рӯзи 21-уми май дар назди сафорати Эрон дар Душанбе ҷамъ омада ва ба зидди Эрон ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ шиор додаанд.
Дар видеое, ки хабаргузории “СуғдНюс” нашр кард, дида мешавад, ки чӣ гуна даҳҳо нафар дар назди сафорат ҷамъ омада, "Нест бод Кабирӣ" ва "Нест бод Ҳизби наҳзат" шиор медоданд. Баъзе аз ҷамъомадагон ҳамчунин фарёд мекашиданд, ки “Фарзандони моро ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ накунед”.
Як нафар ҳам бо садои баланд мегӯяд, “ҳеҷ кишваре набояд ба сиёсати давлати Тоҷикистон дахолат кунад. “ Чанд нафар ҳам дар даст шиорҳое бо ин мазмун дар даст доранд: “Фарзандони моро аз гурӯҳҳои террористӣ ба ватан баргардонед”, “Дӯстии Тоҷикистону Эронро ҳурмат кунед”.
Дар ин видео ҳамчунин акси фарди фавтидае дида мешавад, ки зери он наавиштаанд, ки “Ин аст, натиҷаҳои сиёсати Эрон”.
Дар видео дида мешавад, ки гӯё тазоҳурот берабт аст ва эътирозгарон таҳаммули шунидани суханронии як пирамардро надоранд ва ҳар навъ фарёд мекашанд ва сипас ба зидди Ҳизби мамнӯи наҳзат ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб шиор медиҳанд.
Дар поёни видео дида мешавад, ки маъмурони пулиси зиддиюриш бо сипар дар назди сафорат саф мекашанд. Баъдан ду се зан ба маъмурони пулис ҳамла мекунанд ва афсарон ҳам ба бо тарс додан, ба онҳо муқовимат мекунанд ва видео ҳам ба поён мерасад.
Аброр Одинаев, як сокини Кӯлоб, ки дар тазоҳуроти назди сафорати Эрон ширкат дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тазоҳуротро барои он ташкил карданд, ки намехоҳанд, кишвари дигаре ба умури дохилии Тоҷикистон дахолат кунад.
"Ҳадафи мо ин аст, ки мо давлат сохтем, ватанро обод кардем ва кониситутсия тартиб додем, аз ин рӯ мо намехоҳем, ки хоинони миллат дар ҳарҷо рафта давлату миллати моро сиёҳ кунанд - гуфт Аброр Одинаев.
Гирдиҳамоии сокинони Душанбе бо шиорҳои зидди ҲНИТ ва зидди террористӣ дар назди сафорати Эрон аз соати 11 то 12 рӯзи 21 уми май идома кардааст. Ҳеҷ касе аз сафорат ба назди тазоҳургарон берун наомаадааст. Сафорат ҳам то кунун дар робита ба ин тазоҳурот вокунише нишон надодааст, ҳамингуна Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳам.
"Баъзеро боздошт кардаанд"
Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино 2 дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, азбаски зимни гирдиҳамоӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд, маъмурони милиса онҳоро пароканда карданд. Ба гуфтаи кормандони шӯъба, теъдоде аз ширкатдорони тазоҳурот боздошт шуданд ва онҳоро баъди бозпурсӣ ва гирифтани баёнот озод карданд.
Дар Тоҷикистон гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот бе иҷозаи мақомот ҳеҷ гоҳ сурат намегирад ва аз ин сабаб гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Эрон дар Душанберо ташкилшуда аз тарафи мақомот медонанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аст, ки ҳоло дар яке аз аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ мекунад.
Тазоҳурот дар назди сафорати Эрон як ҳафта баъд аз он сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дигарбора Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро танқид кард ва онро ҳизби террористие номид ва гуфт, ки “аъзои он мазҳаби шиаро қабул карда будаанд”.
Вай гуфт, баъзе аз ин афрод ба нафъи ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, “кишварҳои дар нохунак дӯсти мо” кор мекарданд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳеҷ кишваре ном набурд, аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон, соли гузашта Эронро ҳомии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳомии терроризм номида гуфтанд, ки ин кишвар дар барангехтани ҷанги дохилии Тоҷикистон даст доштааст.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки айни замон даҳҳо аъзои ҳизб дар Эрон ба сар мебаранд. Робитаҳои Тоҷикистону Эрон аз соли 2016 то кунун печида аст ва аломате аз тағйири ин муносибатҳо ба чашм намехӯрад. Муносибатҳои байни ду кишвар баъди он печида шуд, ки Эрон гуфт, Тоҷикистон ба миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар интиқоли миллиардҳо доллари Эрон кӯмак кардааст. Ин тоҷир айни замон дар зиндон аст.
Таърихи тазоҳуротҳои нав дар Тоҷикистон
Моҳи сентябри соли 2016 гурӯҳе аз ҷавонону занони тоҷик дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷамъ омаданд ва аксҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар афроди мухолифи давлатро оташ заданд.
Аксарияти ин ҷавонон донишҷӯён буданд ва ба дару деворҳои дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо санг андохтаанд. Онҳо мегуфтанд, ки чаро кишварҳои аврупоӣ ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва пайравони ҳизб иҷоза медиҳанд, дар қаламравашон зиндагӣ кунанд.
Агар шумо ҳам дар ҷойи ҳодиса будед ва ё тазоҳуротро дидед, лутфан аз тариқи ИМО, Вотсапп, Вайбер ва ё Телеграм ба мо бинависед ва ба ин шумора: +420 724 035 943