Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

У. Қувватов "Ҳадаф аз эълони митинг омӯхтани вазъи Тоҷикистон буд" (ВИДЕО)


Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, яке аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои баргузор нашудани тазоҳуроти эътирозии рӯзи 10 октябр ва шеваҳои кунунии муборизаи ин гурӯҳ сӯҳбат кард.

Дар як сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ Умаралӣ Қувватов - раҳбари “Гурӯҳи 24”, яке аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ӯ медонист, ки мақомоти Тоҷикистон ба баргузории митинг дар шаҳри Душанбе имкон нахоҳанд дод, вале онҳо бо ин амал аз вокуниши мақомот, ҳизбҳои сиёсӣ ва умуман, сокинони кишвар огаҳ шуданд.

Оқои Қувватов гуфт, онҳо алакай 2700 нафарро барои ташкил ва ширкат дар ин тазоҳурот ба дохили Тоҷикистон равон карда буданд, вале ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна иғво дар охирин лаҳза аз баргузориии раҳпаймоии эътирозӣ дар маркази Душанбе худдорӣ варзиданд.

Умаралӣ Қувватов дар ин мусоҳиба, ки рӯзи 17 октябр анҷом шудааст, ҳамчунин дар бораи шеваҳои кунунии муборизаи “Гурӯҳи 24” баъди манъи расмии фаъолияташ аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон сӯҳбат кард. Қувватов гуфт, онҳо акнну дар ин мубориза ба "ҷанги иттилоотӣ" тамаркуз хоҳанд кард.

Умаралӣ Қувватов, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои дар бозори маводи сӯхт пештози "Тоҷирон" ва "Фароз"-ро раҳбарӣ мекард, дар соли 2012 тарки кишвар карда, дар Маскав созмони мухолифи “Гурӯҳи 24"-ро таъсис дод. Ӯ ва шарикаш Шарофиддин Гадоев иддао доранд, ки тиҷораташон дар Тоҷикистонро гӯё Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз худ кардааст. Мақомоти Душанбе алайҳи ҳарду соҳибкор парванда кушода, таҳти таъқиби байналмилалӣ қарорашон доданд, вале дар амри истирдоди ҳеҷ кадоми онҳо то ҳол комёб нашудаанд.

Ҳоло Гадоеву Қувватов ва тарафдорони онҳо созмони мухолифи "Гурӯҳи 24"-ро бо созмонҳои дигари мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар эътилофе бо номи “Эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” гирди ҳам оварда, дар пойгоҳи интернетии “Зелло” радиоеро бо айни номи «Тоҷикистони нав” ба кор андохтаанд.

Қувватов ва тарафдорони онҳо аз тариқи Интернет аз мардум даъват карда буданд, ки рӯзи 10 октябр ба як тазоҳуроти эътирозӣ дар маркази Душанбе ҳозир шаванд. Аммо дар он рӯз касе ба гирдиҳамоӣ ҳозир нашуд.

Ин репортажи видеоиро хабарнигорони Озодӣ рӯзи 10 октябр аз майдони марказии пойтахт оварда буданд:

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони ифротӣ эътироф карда, фаъолияташро манъ кард.

Айни мусоҳиба бо Қувватов, агар видеои аввал дар Ютюб кор накунад:

Умаралӣ Қувватов: "Ҳадаф аз эълони митинг омӯзиши вазъи Тоҷикистон буд".
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:37 0:00

XS
SM
MD
LG