Ду сокини ноболиғи Душанбе рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ ба гумони таблиғи “Гурӯҳи 24”, ки аз сӯи Додгоҳи олии кишвар ба ҳайси гурӯҳи экстримистӣ (ифротгаро) эътироф ва фаъолияташ мамнӯъ шудааст, боздошт гардидаанд. Мақомот ин ду нафарро барои навиштани шиор алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар наздикии Наврӯзгоҳи пойтахт ҳам муттаҳам медонанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ин ду навҷавон ном намебарад, аммо мегӯяд, яке аз онҳо 16 ва дигаре 17 сол доранд. Ба иттилои ин ниҳоди қудратии Тоҷикистон, ин ду ноболиғ “ба гумони даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ (ифротгароӣ) дастгир шудаанд”.
Дар иттилоияи ВКД, ки 17 октябр нашр шуд, аз ҷумла омадааст, “дастгиршудагон рӯзҳои 28-29 сентябри соли ҷорӣ бо ранг дар деворҳои манзилҳои истиқоматии кӯчаи Лермонтов ва купрӯки назди Наврӯзгоҳи пойтахт шиорҳои тарғиботии зидди ҳокимияти қонунӣ навишта, бо ин роҳ иштироки худро дар ташкилоти экстримистии “Гурӯҳи 24” нишон додаанд. Далелҳои шайъӣ 1 адад қуттичаи ранги зард ва 1 телефони мобилии тамғаи “Айфон-5” гирифта шуд.”
Бино ба гуфтаи масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.
Ин нахустин боздошт дар робита ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” аст, ки ҳашт рӯзи пеш бо дархости Додситонии кулл аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд. Додгоҳ ин гурӯҳро, ки аз сӯи Умаралӣ Қувватов дар тақрибан се соли пеш ва он ҳам баъди фирораш ба Маскав дар Русия ташкил шуда, рӯзи 10 октябр мардумро ба тазоҳурот хонда буд, ифротгаро ё экстримистӣ донистанд.
Саломат Ҳакимова, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр зимни қироати ҳалномаи Додгоҳи олӣ гуфт, “бо пешниҳоди додситонии кулли Тоҷикистон созмони “ Гурӯҳи 24” ҳаракати ифротӣ дониста шуда ва фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда мешавад.” Ҳамчунин ба таъкиди хонум Ҳакимова, тибқи ин ҳалнома, сомонаҳои интернетии “Гурӯҳи 24” ва ворид кардани адабиёту маводи аудио ё видеоии марбут ба ин созмон ба қаламрави Тоҷикистон низ манъ хоҳад шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон ба дунболи қарори Додгоҳи олӣ бо нашри як изҳорот гуфт, нафароне ки довталабона аз ҳайати "Гурӯҳи 24" хориҷ мешаванд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо хоҳанд шуд. Маркази матбуотии Додситонии кулл гуфт: "Аз ҳамин лаҳза ҳаргуна иштирок дар фаъолияти «гурӯҳ»-и номбурда тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят эътироф гардида, мувофиқи моддаи 307-3-и ҳамин Кодекс барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар баробари ин, қобили зикр аст, ки дар эзоҳи моддаи 307-3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарор дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад."
Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ки дар гузашта раҳбарии ширкатҳои дар бозори маводи сӯхт ва чанд соҳаи дигари тиҷорати Тоҷикистон муваффақи “Фароз” ва “Тоҷирон”-ро бар дӯш доштанд, дар тобистони соли 2012 тарки ин кишвар карда, созмони мухолифи “Гурӯҳи 24”-ро таъсис доданд.
Онҳо иддао доранд, ки ширкатҳояшонроШамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз худ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ба дунбол алайҳи ҳарду бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ парванда кушода, таҳти таъқиби байналмилалӣ қарорашон доданд. Умаралӣ Қувватов дар поёни соли 2012 дар Дубай ва Шарофиддин Гадоев тобистони имсол дар Мадрид бо дастури Интерпол дастгир шуданд, вале додгоҳҳои Имороти Араб ва Испания аз супурдани онҳо ба дасти мақомоти Тоҷикистон худдорӣ карданд.