Сафаралӣ Тағоев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор рӯзи 16 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари баста шудани чанд дӯкони марбут ба наздикони соҳибкори фирорӣ ва аз раҳбарони “Гурӯҳи 24” Шарофиддин Гадоевро тасдиқ кард. Аммо оқои Тағоев гуфт, ин дӯконҳоро на мақомоти пулис ё амният, балки идораи андоз ва шӯъбаи “Тоҷистандарт”-и ноҳияи Фархор мӯҳр задаанд.
Ба гуфтаи раҳбари пулиси Фархор, чанд дӯкон дар бозори маркази ин ноҳия бар асоси санҷишҳои ин ду идора баста шуда, баъзеи онҳоро алакай дубора боз кардаанд. Сафаралӣ Тағоев гуфт, баъзе аз соҳибкорон худ намеоянд, то дар дӯконҳояшон кор кунанд. Аммо ӯ амдан бастани танҳо дӯконҳои наздик ба аъзои хонаводаи Гадоевҳоро беасос донист.
Ин дар ҳолест, ки чанде аз фурӯшандагон дар бозори марказии ноҳияи Фархор қаблан ба Озодӣ гуфтанд, ки мақомот танҳо дӯконҳои марбут ба наздикони Шарофиддин Гадоевро бастаанд. Онҳо мегӯянд, мақомот ба наздикони ин соҳибкори фирорӣ, ки дар Испания паноҳ бурдааст, иҷозат намедиҳанд, ки ба тиҷорат машғул шаванд.
Як фурӯшандаи бозори марказии ноҳияи Фархор, ки худро Салим Отабоев муаррифӣ кард, рӯзи 16 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тақрибан ду ҳафта боз мақомот ба дари дӯконҳои марбут ба аъзои хонаводаи Гадоевҳо мӯҳр задааанд. Ӯ гуфт, ки дар ин бозор аз ҷумла дӯкони модари Шарофиддин Гадоев - Оишамоҳ Абдуллоева - ва домоди ӯ Сафаралиро бастаанд ва кор кардан намемонанд.
“Бовар кунед,зиндагии ин хонавода аз пушти ҳамин дӯконҳост. Онҳо либосворию хӯрока ва дигар мавод мефурӯшанду зиндагиашонро аз ин ҳисрб таъмин мекунанд. Домоди онҳо Сафаралӣ ду кӯдак дорад ва ҳоло вазъияташ хуб нест,” - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Барои рӯшан кардани масъала мо ба наздикони Шарофиддин Гдоев дар тамос шудем ,вале онҳо аз шарҳи хабар худдорӣ карданд. Аммо тоҷирони дигари бозори Фархор ба Озодӣ гуфтанд, ки аз наздикони Гадоев забонхта ҳам гирифтаанд, ки ин қазияро расонаӣ накунанд.
Наздикони Шарофиддин Гадоев дар аввалҳои моҳи октябр, баъди онки ӯву Умаралӣ Қувватов мардумро ба як намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе даъват карданд, аз афзоиши фишори мақомот шикоят карданд. Аз ҷумла рӯзи 2 октябр маъмурони амниятӣ ба манзили ин хонавода дар маркази ноҳия омада, рӯзи 7 октябр модар ва се хоҳари Шарофиддин Гадоевро барои “сӯҳбат” ба идораи амнияти Фархор бурданд ва ба гуфтаи наздикон, се хоҳари ӯро танҳо соати нӯҳи шаб раҳо карданд.
Дар пайи ин “сӯҳбат”-ҳо дар Интернет наворе пайдо шуд, ки дар он Оиша Абдуллоева- модари Шарофиддин Гадоев – аз ӯ хоҳиш мекунад, ки фаъолиятҳояш ба зидди ҳокимони кунунии Тоҷикистонро бас карда, ба Ватан баргардад. Гадоев ҳанӯз ин навор нашр нашуда, дар як паёми тунди видеоӣ аз фишори сахти мақомот ба хонаводааш башиддат интиқод кард.
Шарофиддин Гадоев ва Умаралӣ Қувватов, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои дар бозори маводи сӯхт пештози "Тоҷирон" ва "Фароз"-ро раҳбарӣ мекарданд, дар соли 2012 тарки кишвар карда, дар Маскав созмони мухолифи “Гурӯҳи 24"-ро таъсис доданд. Онҳо Онҳо иддао доранд, ки тиҷораташон дар Тоҷикистонро гӯё Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз худ кардааст. Мақомоти Душанбе дар пай алайҳи ҳарду соҳибкор парванда кушода, таҳти таъқиби байналмилалӣ қарорашон доданд, вале дар амри истирдоди ҳеҷ кадоми онҳо то ҳол комёб нашудаанд.
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 28 январи соли 2013 Шарофидин Гадоевро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода, ин соҳибкорро бар асоси моддаи моддаи 289, қисми 1 (қочоқ) ва моддаи 340, қисми 2, банди "в" (сохтакории аснод бо истифодаи техникаи компютерӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам кард. Гуфта мешавад, Шарофиддин Гадоев гӯё моҳи феврали соли 2012 тариқи посгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон 30 мошини «Шаанҳи Делонг» (миёни мардум маъруф ба «Дулан»)-и истеҳсоли Чинро, ки амалан 49 700 доллар қимат дорад, 8000-долларӣ ҳуҷҷат карда, 14 миллиону 029 ҳазору 78 сомонӣ пардохтҳои гумрукиро насупурдааст. Шарофиддин Гадоев ин иттиҳомотро рад карда мегӯяд, мақомот ба маҳзи таъсиси “Гурӯҳи 24” алайҳи ӯву Қувватов парвандаҳо кушодаанд.
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди Гадоевро карда буданд. Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид рӯзи 23 июли соли равон ин дархости Тоҷикистонро рад карда, ба гуфтаи худи Шарофиддин Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар ин кишвари Аврупо паноҳандагии сиёсӣ додааст.
Талоши мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди шарики Шарофиддин Гадоев – Умаралӣ Қувватов – низ ба нокомӣ анҷомид. Қувватов моҳи декабри соли 2012 дар Дубай бо дархости Душанбе аз сӯи Интерпол дастгир шуд, вале дар моҳи сентябри соли 2013 додгоҳи Имороти Араб супурдани ӯ ба дасти Душанберо рад кард.
Ҳоло Гадоеву Қувватов ва тарафдорони онҳо созмони мухолифи "Гурӯҳи 24"-ро таъсис дода, дар пойгоҳи интернетии “Зелло” радиое бо номи «Тоҷикистони нав”-ро ба кор андохтаанд. Онҳо аз тариқи Интернет аз мардум даъват карда буданд, ки рӯзи 10 октябр ба як тазоҳуроти эътирозӣ дар маркази Душанбе ҳозир шаванд. Аммо дар он рӯз касе ба гирдиҳамоӣ ҳозир нашуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони ифротӣ эътироф карда, фаъолияташро манъ кард.
Репортажи Озодӣ аз майдони холии маркази Душанбе дар рӯзи 10 октябр: