Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Омодагӣ ба ошӯби мусаллаҳона дар Тоҷикистон?


Сӯҳбатҳо дар бораи омодагӣ ба ошӯб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:08 0:00

Дар Интернет навор зиддунақизе нашр шудааст, ки ба иддаои ношираш, дар он дар бораи омодагӣ ба як ошӯби мусаллаҳона дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд. Ин ошӯб мебоист аз Исфара оғоз мешуд...

Дар шабакаи Ютюб дар Интернет навори сабти садоии сӯҳбатҳои телефоние пайдо шудааст, ки дар он масъалаи омодагӣ ба ошӯби мусаллаҳона дар дохили Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Ин навор “Настоящая Цель группы 24” (“Ҳадафи аслии “Гурӯҳи 24”) ном дошта, ба иддаои ношири навор Manzur Astan, он матни сӯҳбатҳои телефонии ду раҳбари «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев ва Умаралӣ Қувватов бо нафаре дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Радиои Озодӣ қодир ба ташхиси воқеъияти ин навори зиддунақиз нест. Раҳбарони «Гурӯҳи 24» низ то ҳол шарҳ надодаанд, ки ин сабтҳо оё то куҷо воқеият доранд? Ҳамчунин ин нахустин наворест, ки аз номи Manzur Astan дар Ютюб нашр шудааст ва ин низ таҳқиқи воқеъияти наворро мушкил мекунад. Ин ҳам дақиқ нест, ки ин сӯҳбатҳо кай анҷом шудаву аз тарафи кӣ сабт шудаанд?

Оғози навор такрори қироти ҳукми манъи фаъолияти «Гурӯҳи 24» аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 9 октябр буда, дар идомааш навори кӯҳнаи зоҳиран сохтаи «фабрикаи ҷавоб» дар бораи ширкати Умаралӣ Қувватов дар як маҳфили сӯфиён дар Афғонистон меояд ва танҳо аз дақиқаи 2,40 сабти садоии сӯҳбате меравад, ки ба иддаои ношири навор, яке аз гӯяндаҳояш Шарофиддин Гадоев аст.

Айни видео дар Ютюб, агар видеои аввал кор накунад:

Байни ин гӯянда ва нафаре, ки тавре аз равиши сӯҳбат бармеояд, дар дохили Тоҷикистон аст ва аз чӣ бошад, садояшро дигар кардаанд, ки шинохта нашавад, чунин муҳовара сабт шудааст:

«- Бародар, биё, сразу дар кор бигузарем, ҳа?

- Гап нест, акоҷон.

- Ҳамон Исфарада бидароянд...

-Хайр.

-Ман бачаҳои вай дорам, як 15 нафаранд дар Конибодом.

- Хайр...

-26 нафар Исфара меоянд. Дар Исфара метавонанд ки отделро бизананд, аз отдел бигиранд.

- Оҳоҳо. Фаҳмо.

-Боз унҷо як 12 нафари дигар мо ҳам дорем дар Исфара. 12 нафари дигар.

-Унҳо яроқ доранд, инҳои шумо?

-Ҳо, яроқ доранд.

-Фаҳмо.

-Баъд бачаҳо дар Бодканд ҳастанд, аз Бодканд мегузаранд Исфара қатӣ.

- Ман шуморо фаҳмидам.»

Дар навори дуюм, ҳамон нафаре, ки гӯё дар дохили Тоҷикистон аст, боз ҳам бо садои дигаршудае, ки ӯро нашиносанд, ба нафаре «ҳоҷӣ» гӯён муроҷиат мекунад вадар бораи корҳои анҷомдодааш гузориш медиҳад. Ҷониби дигар, ба иддаои ношири навор, Умаралӣ Қувватов, раҳбари «Гурӯҳи 24» аст. Ин сӯҳбат бо забони русӣ мегузарад.

Нафари аввал баъди аҳволпурсӣ ва гузориш додан ки ҳама чиз хуб аст, меафзояд:

“-Мо барои “оҳан” пул дорем.

-Аз куҷо шумо пул ёфтед?

-Муҳаммад дорад.

- Ӯ чанд пул медиҳад?

- Ӯ 30 медиҳад.

- 30 ҳазор?

-Ҳа.

- Ин тақрибан ба дискҳое мерасад, ки мо метавонем тақсим кунем. Максимум 15 “оҳан” мешавад.

-Ман шуморо фаҳмидам.

-Барои мо чанд баробари ин даркор аст. Барои мо камаш 1 миллион даркор аст, ки то барои мардум дар онҷо як шароити минималӣ омода кунем. Он вақт ҳама чиз хуб мешавад.

-Ҳоло бо Шарофиддин сӯҳбат мекунам. Чӣ бигӯям? Чӣ кор кунем?

-Ба Шарофиддиин бояд гуфт, Шарофиддин, мо 30 000 дорем. Инро куҷо партоем, чунки ба масоили тақсимоти ахбору гурӯҳҳо ӯ машғул аст. Стратег ӯ мебошад. Ӯ аз ту дида бештар медонад. Инро бояд донӣ.

-Ман фаҳмидам.

- Чизҳое ҳаст, ки ман ба ту гуфта наметавонам...

- ... Вале ҳоло шароит чунин аст, ки тавре Шарофиддин мегӯяд, ки бачаҳоро бояд бо “оҳан” омода кард ва якбора идораи корҳои дохилии шаҳри Исфараро бигиранд.

- Ин, албатта, нақши бузургро бозӣ мекунад, агар 15 нафар битавонанд якум шуда, ба он мавқеъ ворид шаванд. Онҳо дар ним соат метавонанд аз 15 нафар ба 200 нафар табдил шаванд. Чунки вақте ту яроқ дориву ба онҷо медароӣ, аз онҷо 100 мили дигар мегирӣ...”

Гадоев ва Қувватов кистанд?

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев ва Умаралӣ Қувватов, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои дар бозори маводи сӯхт пештози "Тоҷирон" ва "Фароз"-ро раҳбарӣ мекарданд, дар соли 2012 тарки кишвар карда, дар Маскав созмони мухолифи “Гурӯҳи 24"-ро таъсис доданд. Онҳо Онҳо иддао доранд, ки тиҷораташон дар Тоҷикистонро гӯё Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз худ кардааст. Мақомоти Душанбе дар пай алайҳи ҳарду соҳибкор парванда кушода, таҳти таъқиби байналмилалӣ қарорашон доданд, вале дар амри истирдоди ҳеҷ кадоми онҳо то ҳол комёб нашудаанд.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 28 январи соли 2013 Шарофидин Гадоевро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода, гуфт, Шарофиддин Гадоев гӯё моҳи феврали соли 2012 тариқи посгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон 30 мошини «Шаанҳи Делонг» (миёни мардум маъруф ба «Дулан»)-и истеҳсоли Чинро, ки амалан 49 700 доллар қимат дорад, 8000-долларӣ ҳуҷҷат карда, 14 миллиону 029 ҳазору 78 сомонӣ пардохтҳои гумрукиро насупурдааст. Умаралӣ Қувватов низ аз тарафи ҳамин Оҷонсӣ ба сирқати қариб 6 миллион сомонӣ маблағҳои марбут ба ширкати “Фароз” айбдор шудааст. Шарофиддин Гадоев ва Умаралӣ Қувватов ин иттиҳомотро рад карда мегӯянд, мақомот ба маҳзи таъсиси “Гурӯҳи 24” алайҳи онҳо парвандаҳо кушодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди Гадоевро карда буданд. Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид рӯзи 23 июли соли равон ин дархости Тоҷикистонро рад карда, ба гуфтаи худи Шарофиддин Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар ин кишвари Аврупо паноҳандагии сиёсӣ додааст.

Талоши мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди шарики Шарофиддин Гадоев – Умаралӣ Қувватов – низ ба нокомӣ анҷомид. Қувватов моҳи декабри соли 2012 дар Дубай бо дархости Душанбе аз сӯи Интерпол дастгир шуд, вале дар моҳи сентябри соли 2013 додгоҳи Имороти Араб супурдани ӯ ба дасти Душанберо рад кард.

Ҳоло Гадоеву Қувватов ва тарафдорони онҳо созмони мухолифи "Гурӯҳи 24"-ро таъсис дода, дар пойгоҳи интернетии “Зелло” радиое бо номи «Тоҷикистони нав”-ро ба кор андохтаанд. Онҳо аз тариқи Интернет аз мардум даъват карда буданд, ки рӯзи 10 октябр ба як тазоҳуроти эътирозӣ дар маркази Душанбе ҳозир шаванд. Аммо дар он рӯз касе ба гирдиҳамоӣ ҳозир нашуд.

Маркази Душанбе дар рӯзи 10 октябрро инҷо бубинед:

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони ифротӣ эътироф карда, фаъолияташро манъ кард. Мақомот дар ноҳияи Фархор дӯконҳои марбут ба хешу табори Шарофиддин Гадоевро ҳам баста,ахиран навори видеоие нашр шуд, ки дар он модари Гадоев аз писараш хоҳиш мекунад, то фаъолиятҳояш ба зидди ҳукуматро бас карда, баргардад.

XS
SM
MD
LG