Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Аврупо шикояти ҷавони тоҷик ба зидди Русияро қонеъ кард


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо амр додааст, ки Русия барои поймол кардани ҳуқуқи як шаҳрванди Тоҷикистон ба ӯ 4 ҳазор евро ҷуброн бипардозад.

Додгоҳ, ҳамчунин аз Русия хостааст, ҷавони 37-солаи тоҷикро, ки мақомоти интизомӣ ӯро ба узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон муттаҳам мекунанд, ба Тоҷикистон насупорад, зеро мумкин аст, ӯро азобу шиканҷа бидиҳанд.

Номи шаҳрванди Тоҷикистонро ба далели хатари рабуда шуданаш ошкор накардаанд ва аз ӯ К. И ном мебаранд. Илларион Василев, вакили дифои ӯ рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо рӯзи душанбе содир шуд ва ӯ дар умум аз ҳукм қаноатманд аст, ҳарчанд ҷуброни таъйиншударо бисёр кам мешуморад.

“Албатта аз он розӣ нестам, ки ҷуброни кам таъйин карданд. Онҳо як сол дар боздоштгоҳ мондани ӯро ба инобат нагирифтанд. Ӯро як сол дар боздоштгоҳ ва ду сол дар боздоштгоҳи махсус нигаҳ доштанд. Додгоҳ инро ба инобат нагирифт ва барояш ҷуброн таъйин накард. Ман аз ин норозиам, вале аз бақияи ҳукм қонеъ ҳастам” – гуфт, Илларион Василев аз шаҳри Маскав.

Онҳо як сол дар боздоштгоҳ мондани ӯро ба инобат нагирифтанд. Ӯро як сол дар боздоштгоҳ ва ду сол дар боздоштгоҳи махсус нигаҳ доштанд.

Шаҳрванди Тоҷикистонро соли 2011 дар Тоҷикистон дар ғайбаш ба узвият дар гурӯҳи Ҳаракати Исломии Узбакистон муттаҳам кардаанд. Фаъолияти ин созмон, ки онро Амрико дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ ворид кардааст, дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Баъди дархости давлати Тоҷикистон аз Русия барои истирдоди ӯ К.И-ро рӯзи 3-уми ноябри соли 2013 дар Маскав дастгир кардаанд.

Вакили дифои рус гуфт, ифшо кардани ному насаби зерҳимояи ӯ, ки ҳоло дар Русия аст, бар зарараш хоҳад буд, “зеро мақомоти Русияву Тоҷикистон хуб медонанд, ки сухан дар бораи кӣ меравад ва хатари рабудану ба Тоҷикистон фиристодани ӯ вуҷуд дорад.”

Мақомоти Русия ба К. И ҳаққи муваққатии паноҳандагӣ додаанд ва ӯ ҳамроҳи хонаводааш дар Русия будааст. Ҳайати додрасони Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башари Аврупо мегӯяд, ки зимни судури ҳукм дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар бораи “бадрафторӣ ва азобу шиканҷаи боздоштшудагон” аз ҷумла аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба инобат гирифтааст.

Ҳоло бар асоси ҳукми ин додгоҳи байналмилалӣ Русия ҳақ надорад, шаҳрванди муттаҳам ба ифротгароӣ дар Тоҷикистонро ба Душанбе таслим кунад.

Додгоҳи мазкур дар гузашта чанд дафъа Русияро ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва истирдоди ғайриқонунии онҳо гунаҳкор донистааст ва амр додааст, ки Русия ба онҳо ҳазорон евро ҷуброн бипардозад. Яке аз намунаҳои онҳо, ҳукми додгоҳ дар робита ба амалкарди мақомоти Русия нисбат ба Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон аст.

Додгоҳ 7 сол пеш ҳукм кард, ки Искандаров ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон истидод шудааст ва Русия бояд барои нақзи ҳуқуқи ӯ 33 000 евро ҷуброн бипардозад.

XS
SM
MD
LG