Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар, мақараш дар Страссбург, давлати Русияро ба пардохтани 30 000 евро товон ба соҳибкори тоҷик Низомхон Ҷӯраев ва 12 000 евро хароҷоти додгоҳӣ ва пули вакилони ин соҳибкор – Анна Ставитская ва Елена Рябинина - муваззаф кард.
Анна Ставитская, вакили Ҷӯраев дар замони боздошташ дар Русия, рӯзи 6 октябр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, пирӯзӣ дар ин қазия кори андак нест ва ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Русия паёмадҳое хоҳад дошт : “Пуле ки Русия бояд пардохт кунад, масъалаи дараҷаи дувум аст. Чизи аз ҳама асосӣ дар ҳукми додгоҳи Аврупо тасдиқи ин нукта аст, ки Ҷӯраевро якуним сол пеш маҷбуран ба Тоҷикистон бурдаанд. Яъне додгоҳ ба инки Ҷӯраев гӯё ихтиёран ба Душанбе баргаштааст, бовар накард. Русияро ба он гунаҳкор карданд, ки бар хилофи таҳдиди шиканҷа ба истирдоди Низомхон Ҷӯраев роҳ дода, ин истирдоди ғайриқонуниро баъдан таҳқиқ накардааст.”
Ҳукми додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо, ки рӯзи 3 октябр содир шуд, мегӯяд, мақомоти Русия дар ҷараёни боздошти Низомхон Ҷӯраев муқаррароти Паймони аврупоии ҳуқуқи башарро поймол кардаанд. Низомхон Ҷӯраев ба додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят бурда буд, ки дар сурати истирдодаш ӯ дар Тоҷикистон ба шиканҷаву бадрафторӣ дучор шуда, имкони ҳимояти ҳуқуқӣ аз худро нахоҳад дошт.
Додгоҳи аврупоӣ дар ҳукмаш мегӯяд, шаҳодати 14 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки баъди истирдодашон аз Русия дар Тоҷикистон дучори шиканҷа шудаву дар ниҳоят ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, ин ноҳияи нигаронии Ҷӯраевро тасдиқ мекунанд. Додгоҳи Аврупо мегӯяд, мақомоти Русия ҳаққи Низомхон Ҷӯраев ба баррасии билофосилаи қонунмандии ҳукми боздошти ӯро поймол карда, алорағми нигарониҳои мавҷуда дар бораи эҳтимоли ба шиканҷа рӯбарӯ шуданаш ӯро иҷборан ба Тоҷикистон фиристодаанд. Русия, ба гуфтаи қозӣ Изабел Берро Лефёвр, бо ин аъмолаш моддаи сеюми паймони ҳуқуқи башар, ки шиканҷаро манъ кардааст, ва ҳам банди чорум моддаи панҷуми ин санади қораиро, ки аз ҳаққиафрод ба муҳокимаи билофосилаи парвандаашон ҳимоят мекунад, поймол кардааст.
Анна Ставитская ба Озодӣ гуфт, аз замони ба таври мармуз аз Маскав ғайб задану чанд рӯз баъд дар Душанбе зоҳир шудани муваккилаш бо ӯ робита карда наметавонад. Иҷрои қарорҳои додгоҳи Аврупо барои Тоҷикистон ҳатмӣ нест. Вале Ставитская мегӯяд, ин ҳукм бо таъкид ба бегуноҳии Ҷӯраев мақомоти тоҷикро дар сурати боз ҳам идома додани таҳқиқи парвандаҳои ӯву мабодо маҳкум карданаш дар як ҳолати ногувор хоҳад андохт. Хонум Ставитская изҳори умед кард, ки “ҳукми додгоҳи Страссбург мақомоти Тоҷикистонро ба қатъи парвандаҳои Низомхон Ҷӯраев ва раҳоии беқайдушарти ӯ ташвиқ хоҳад кард.”
Низомхон Ҷӯраев ҳанӯз дувуним сол пеш - 23 майи соли 2011, замоне ки дар Маскав ҳанӯз дар боздошт қарор дошт, ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят бурд. Дар ин байн ӯ аз боздошт дар Маскав раҳо ёфт, дубора дастгир шуд, баъд ғайб зад, ба сурати то ҳол мармуз дар Душанбе зоҳир шуд, аз телевизион ҳарф зад, чандин мансабдори собиқро ба пушти панҷара шинонд ва якуним сол боз дар як ҳолати муаллақ дар Душанбе дар як шароите, ки дар матбуот "нимаозоду нимабоздошт" сифаташ мекунанд, ба сар мебарад.
Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва мудири пешини корхонаи кимиёвии Исфара дар соли 2007, замоне ки маҷлиси вилоятӣ масъалаи лағви дахлнопазирии вакилии ӯро баррасӣ мекард, бо фирор аз толори маҷлис билофосила тарки Тоҷикистон кард. Баъди фирораш мақомоти Тоҷикистон алайҳи Ҷӯраев ва наздикони ӯ чандин парванда кушода, ин гурӯҳро ба бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, гирифтани маблағҳои пулӣ бо роҳи ҷиноят ва ҳатто дар чандин куштор, аз ҷумла қатли муовини собиқи додситони кулли Тоҷикистон Толиб Бобоев дар соли 1999 айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 33 нафарро дар чаҳорчӯби ин парванда, ки ҳамчун “парвандаи исфарагиҳо” ном баровард, ба мӯҳлати аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон карда, худи Низомхон Ҷӯраевро дар пайгарди байналмилалӣ қарор дод.
Ҳукмҳои сангини наздикони Ҷӯраев ба як таниши тунди лафзӣ байни мақомоти Додгоҳи олӣ, Ожонси мубориза бо фасод ва додситонии кулл табдил ёфт. Додситони кулли вақт Бобоҷон Бобохонов ҳатто расман ба ин ҳукмҳо эътироз оварда, онро “говсуд” номид. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, як сабаби мавриди қаҳри раҳбарони давлат қарор гирифтану аз мақоми додситони кулл маҳрум шудани Бобохонов ва боздошту маҳкум ба зиндон шудани писари ӯ Файзулло Бобохонов, ки дар мақоми додситони ноҳияи Ҳисор кор мекард, низ навъе натиҷаи рақобати додситони кулл бо раиси вақти Ожонси зиддифасод Шерхон Салимзода буд, ки ахирӣ баъди барканории Бобохонов ба курсии додситони кулл нишаст.
Низомхон Ҷӯраев, ки гуфта мешуд, гоҳо дар Имороту Муттаҳидаи Арабу гоҳе дар Русия дар ҳоли фирор ба сар мебурд, моҳи августи соли 2010 дар Маскав дастгир шуд. Баъди қариб якуним соли боздошт додгоҳи ноҳияи Зеленогради вилояти Маскав рӯзи 29 марти соли 2012 билохира дархости истирдоди ӯро радд ва Ҷӯраевро раҳо кард. Аммо соҳибкори фирориро билофосила бар асоси шикояти як ҳамватанаш бо номи Мирбодулло Каримов, ки Ҷӯраевро ба қасди куштани ӯ айбдор мекард, дигарбора ба ҳабс кашиданд.
Дар ин миён чӣ гузашт, то ҳол ба касе, ҳатто ба вакилони Ҷӯраев дар Маскав маълум нашудаасит ва сирре сарбамӯҳр боқӣ мемонад, вале рӯзи 4 апрели соли 2012 Низомхон Ҷӯраев дар пардаи як шабакаи давлатии телевизионии Тоҷикистон зоҳир шуд ва гуфт, ихтиёран ва ба хотири модари пири 79-солааш баргаштааст.
Ӯ дар ин сабт иттиҳомоти зиддаш эълоншударо низ эътироф кард ва гуфт, умедвор аст, ки додгоҳ адолатро барқарор хоҳад кард: “Ман гунаҳкорам. Тамоми муддати дар ғарибӣ будан фикрҳо дар бораи модар ва фарзандонам маро осуда намегузоштанд ва ман қарор додам, ки ба ватан баргардам. Чун ба Душанбе расидам, ба мақомот бо ариза муроҷиат кардам, ки дар он пурра гуноҳҳои худро эътироф намуда, тақдири худро ба қонун месупорам.”
Таҳлилгарон аз ҳамон оғоз мегуфтанд, ки бозгашти Низомхон Ҷӯраев ва он ҳам зери ин қадар пардаи асрор ва он ҳам баъди судури ҳукми озодиаш аз сӯи додгоҳи Русия ғолибан натиҷаи муомилаҳое байни ӯву мақомоти хеле баландпояи Тоҷикистон аст, ки як шарташ метавонад бозбинии “парвандаи исфарагиҳо” ва раҳоии он 33 нафар аз наздикони Ҷӯраев бошад, ки дар вақташ шояд бештар ба хотири интиқом аз фирори ӯ ба чунин мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Гузашти вақт ҳақиқат доштани чунин пешбиниҳоро собит кард, зеро Низомхон Ҷӯраев, ки аз ҳамон замони бозгашти пуррозаш дар моҳи апрели соли 2012, инак якуним сол боз дар Душанбе дар як ҳолати нимаозоду нимабоздошт қарор дорад ва ба гуфтаи манобеъи огоҳ, дар яке аз ҳуҷраҳои кории дафтари марказии Ожонси мубориза бо фасод ба сар мебарад, дар ин муддат ба як “қартаи сархӯр”-и идораи зери назари Фаттоҳ Саидов табдил ёфт. Маҳз бар асоси шаҳодатҳои Низомхон Ҷӯраев, Ожонси мубориза бо фасод тавонист он эътибори қаблиашро, ки мегуфтанд, ин идора фаротар аз боздошти устодони донишгоҳҳову котибони ҷамоат ё ягон военком моҳиҳои бузургтари дарёи фасодро шикор карда наметавонад, то ҷое ислоҳ кунад ва аз оғози чандин парвандаи пурсарусадо дарак диҳад.
Маҳз бар асоси шаҳодатҳои Низомхон Ҷӯраев, дар моҳи апрели соли 2013 Нур Нуров, додраси собиқи Додгоҳи олӣ, нафаре, ки ҳукми 33 тан аз ёрони Низомхон Ҷӯраев дар “парвандаи исфарагиҳо”-ро дар соли 2009 содир карда буд, бо ҷурми “қаллобӣ” худ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Рустам Олимов, айбдоркунандаи давлатӣ дар он парванда низ бо ҳамин ҷурми қаллобӣ барои 10 солу 6 моҳ зиндонӣ шуд. Бердиқул Расулов, вакили дифоъ дар ин парванда низ бо иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакорӣ 9 сол гирифт ва ҳатто Пирумшо Олимов, бародари Рустам Олимовро, ки дар ин «филми детективӣ» ҳамагӣ «нақш»-и ронандаро бозӣ мекард, бар асоси ду моддаи Қонуни ҷиноӣ - пораситонӣ ва шарикӣ дар ҷиноят - 7 сол ҳукми шартӣ доданд.
Ба дунбол, дар авоили моҳи майи соли равон бар асоси шаҳодатҳои Ҷӯраев Эмом Ғоибов ва Одил Очилов, раҳбар ва муовини сардори куммиссиюни тафтиши парвандаи машҳури “исфарагиҳо», бо иттиҳоми фасод ва ришвахоҳӣ дастгир шуданд. Эмом Ғоибов, ки ҳамсабақи донишгоҳии додситони кулли кунунӣ Шерхон Салимзода будааст, дар солҳое ки Низомхон Ҷӯраев мири олами ҷиноии Исфара шумурда мешуд, додситони он минтақа буд. Ӯ дар як номаи саркушода, ки аз боздоштгоҳ ба номи раисиҷумҳур навишт, ишора мекунад, ки ҳадафи аслӣ ӯ нест, балки тавассути вай мехоҳанд барои Шерхон Салимзода “чоҳ бикананд.”
Аммо “сархӯрӣ”-и Низомхон Ҷӯраев бо ҳамин анҷом наёфт. Охирин нафаре ки бар асоси шаҳодатҳои ӯ боздошт шуд, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидов буд. Ҷӯраев Саидовро айбдор мекунад, ки дар замони вазириаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро тақрибан муфт аз дасти ӯ кашида гирифтааст. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 22 май ҳукми ҳабси Зайд Саидовро, ки аз 19 май дар боздошт қарор дошт, маҳз бар асоси ҳамин шаҳодати Ҷӯраев содир кард.
Баъдан Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд Саидов ба Озодӣ гуфт, ки “Тоҷикатлас”-ро дар асл ӯ харидааст ва он ҳам на аз Низомхон Ҷӯраев, балки аз нафаре бо номи Абдусамад Саидов, вале масъалаи Зайд Саидов дигар "ҳал шуда буд." Дар ҳоли ҳозир, мурофиаи парвандаҳои Зайд Саидов дар боздоштгоҳи Кумитаи амният пушти дарҳои баста идома дорад ва Низомхон Ҷӯраев бо ронандаи собиқаш Абдусамад Саидов дар додгоҳ низ алайҳи Зайд Саидов шаҳодат додаанд.
Ҳуқуқдонон мегӯянд, ҳукми додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар таъсире ба сарнавишти кунунии Низомхон Ҷӯраев нахоҳад дошт. Тоҷикистон узви Шӯрои аврупо нест ва иҷрои аҳкоми додгоҳи Страссбург барояш ҳатмӣ нест. Аз тарафи дигар, ин додгоҳ дар гузашта истирдоди низ мармузи раиси вақти ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2005-умро ғайриқонунӣ ҳукм ва Русияро ба пардохтани ҷарима маҳкум карда буд. Ҳарчанд қазияи Искандаров аз далелҳои асосии додгоҳи Аврупо дар мавриди судури ҳукмаш роҷеъ ба қазияи Ҷӯраев шудааст, дар замонаш ҳукми додгоҳи Страссбург Искандаровро, ки дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст, аз маҳбас берун оварда натавонист.
Ҳарчанд дар Ожонси зиддифасод исрор меварзанд, ки Ҷӯраев ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ ба сар мебарад ва танҳо дар рӯзҳои бозпурсиаш ба ин идора ҳозир мешавад, кам касе ба ин “афсона” бовар мекунад. Ба ақидаи нозирон, зоҳиран Низомхон Ҷӯраев низ дар ҳамин ҳолати кунуниаш, яъне нимаозоду нимабоздошт, дар дасти Ожонси зиддифасод ё ягон ниҳоди дигари амниятии кишвар боқӣ хоҳад монд. Албатта, то замони пурра истифода бурдани ин қартаи, ба таъбири матбуоти маҳаллӣ, “сархӯр” ё иттихози кадом қарори дигари "сиёсӣ" дар қиболи афроде, ки бар пояи шаҳодатҳои додаи Ҷӯраев боздошт шудаанд ё мешаванд.