Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Аврупо зидди таслими Замира ба Тоҷикистон қарор кард


Бинои Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар
Бинои Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аз Русия тақозо кардааст, аз таслими як зани тоҷик, ки дар кишвар барои узвият дар ҳизби мамнӯи таҳрир муттаҳам аст, худдорӣ кунад.

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аз Русия тақозо кардааст, аз таслими шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба далели амниятӣ аз ӯ Замира Сулаймонова ном бурда мешавад, ба Душанбе худдорӣ кунад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон аз соли 2006 боз барои узвият дар ҳизби мамнӯи "Таҳрир" муттаҳам аст ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт шудааст.

Аммо худи ӯ дар шикояташ ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар чунин иттиҳомро сохта арзёбӣ кардааст. Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари "Мемориал"-и Русия, ки аз ҳаққи Замира ҳимоят мекунад, низ 14 декабр бо пахши иттилоияи расмӣ гуфтааст, бар асоси тақозои Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар Маскав ҳаққи ихроҷи ин зан аз қаламравашро надорад.

“Баръакс, Хадамоти муҳоҷирати Русия бояд мавзӯи ба ин зан ва 3 фарзандаш додани паноҳи муваққатиро матраҳ кунад,” – таъкид шудааст дар иттилоияи “Мемориал”.

Мақомоти Тоҷикистон Замира Сулаймоноваро аз соли 2006 дар узвият ба Ҳизби мамнӯи таҳрир муттаҳам карда ва таҳти пайгард қарор додаанд. Таъқиби ин шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 2003, замони боздошти шавҳараш Фаҳид Сулаймонов ва мусодираи варақаҳои ҳизби мамнӯи таҳрир дар манзили онҳо дар Тоҷикистон шурӯъ шуда буд.

Тибқи гузориши созмони “Мемориал”, дар пайи шиканҷа Фаҳид Сулаймонов узвияташ дар Ҳизби таҳрирро эътироф карда, пас аз 3 сол аз зиндон озод ва баъдан бо хонаводааш ба Русия муҳоҷират кардааст. Дар соли 2011 ниҳодҳои қудратии Русия Фаҳид ва Замираро дубора бо дархости Тоҷикистон боздошт карда, аммо аз истирдоди онҳо ба Душанбе худдорӣ карда буд. Пас аз як солаш (2012) Фаҳид дар Русия мақоми паноҳи муваққатиро ба даст оварда, аммо дархости Замира барои чунин мақом рад шудааст.

Зимнан, созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар такрор ба такрор аз Русия ва кишварҳои дигар даъват кардаанд, ки аз истирдоди афроди гумонбар ба ҷиноятҳои мухталифро ба Тоҷикистон интиқол надиҳанд. Зеро ба эътиқоди намояндагони ин созмонҳо ин афрод дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон мавриди шиканҷа ва азияту озор қарор хоҳанд гирифт.

Дар пайи эътирози созмонҳое чун Amnesty International, Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони ҳуқуқи башари СММ истирдоди Низомхон Ҷӯраев (дар соли 2011), Савриддин Ҷӯраев (соли 2009), Умаралӣ Қувватов, Ҳусейн Ашӯров, Сӯҳроб Тӯраев ва Абдурашид Ҳомидов, раис ва аъзои созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” (соли 2013), Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон (соли 2013) ва Шарофиддин Гадоев, фаъоли “Гурӯҳи 24” давлатҳои Русия, Туркия ва Украина аз истирдоди онҳо ба тоҷикистон худдорӣ карданд.

Ҳодисаи ахир дар ин росто боздошти Собир Валиев, як тан аз мухолифони давлати Тоҷикистон дар Молдова дар моҳи августи соли ҷорӣ аст, ки дар пайи фишори созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар чун Ҳюман Райтс Вотч ҷаноби Валиев ба Тоҷикистон истирдод нашуд.

XS
SM
MD
LG