Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Додгоҳи Аврупо дар мавриди парвандаи Искандаров


Tajikistan -- Iskandarov, opp. leader Mahmadruzi
Tajikistan -- Iskandarov, opp. leader Mahmadruzi

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар ҳукме, ки рӯзи 23-юми сентябр баровард, Русияро ба боздошт ва интиқоли ғайриқонунии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон айбдор донист ва ба пардохти ҷаримаи 30 000 евро маҳкум намуд.

Дар ҳалномаи додгоҳ гуфта мешавад, ба ин тартиб, Русия ду банди Қатъномаи ҳуқуқи башари Аврупоро вайрон кардааст, ки яке манъи рафтори ғайриинсонӣ ва тавҳиномез ва дигаре ҳуқуқ ба озодӣ ва амният аст. Ҳамаи доварони Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз далелҳое мутақоид шудаанд, ки бино бар онҳо Искандаров ба таври ғайриқонунӣ боздошт шуда, бо ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ёдовар мешавем, баъд аз боздошти аввал пеш аз 15-уми апрели соли 2005 мақомоти Русия талаби истирдоди ӯро ба Тоҷикистон рад карданд. Сипас Искандаров ба таври мармуз бенишон гашта, пас аз 10 рӯз мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар ғаламрави Тоҷикистон хабар доданд. Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо Русияро ба пардохти 30 000 евро ҷарима ва 3 000 евро харҷҳои ҳуқуқӣ маҳкум кард.

Анна Ставитская, вакили дифоъи Искандаров мегӯяд, нафари таҳти ҳимояти ӯ аз сӯи мақомоти Русия ғайриқонунӣ дуздида ва ба ҷониби Тоҷикистон дода шудааст:

«Мо аз қарорҳое, ки дар Русия қабул шудаанд, шикоят дорем, на Тоҷикистон, ки ба Додгоҳи Аврупо ҳеҷ рабте надорад, зеро узви Шӯрои Аврупо нест. Аз ин хотир, мо аз корҳое, ки дар Тоҷикистон гузаштанд, шикоят накардем, балки аз он қарорҳо шикоят кардем, ки дар Русия қабул шудаанд. Русия Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосии Аврупоро ба тасвиб расондааст ва дар қиёс бо Тоҷикистон таҳти ҳимояти ҳуқуқии Додгоҳи Аврупо қарор дорад».



Парвандаи ҷиноӣ ё сиёсӣ?

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, моҳи апрели соли 2005 як бор дар Маскав боздошт ва дафъатан озод карда шуд. Он замон Владимир Устинов, додситони кулли вақти Русия, раҳоии ӯро қонунӣ хонд. Аммо дар нимаҳои моҳ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Русия ба таври мармуз ғайб зад. 26 апрели ҳамон сол додситони кулли вақти Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов аз боздошти ӯ хабар дод ва гуфт, ки Искандаров бо шиносномаи русӣ ва номи тақаллубӣ вориди Тоҷикистон шудааст.

Искандаров моҳи октябри соли 2005 аз рӯи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла терроризм, бандитизм, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳу муҳофизон ва дуздии маблағи давлатӣ ба ҳаҷми бузург муҷрим шинохта, ба мӯҳлати 23 сол зиндонӣ шуд.

Ҷонибдорони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров то ба ҳол иддао доранд, ки маҳкумияти раиси Ҳизби демократ ҷанбаи сиёсӣ дорад ва қавли онҳо таъқиби Искандаров ба дунболи эълони тасмими ӯ дар бораи иштирок дар интихоботи раёсати ҷумуҳур шуруъ шуд.

Бо гузашти панҷ сол аз ҳодисаи рабуда шудани Искандаров дар Русия мақомоти қудратии Русия ин ҳодисаро дигар тавзеҳ надоданд. Тибқи бархе гузоришҳо, қазияи боздошт ва истирдоди мармузи Искандаров дар нишастҳои СММ бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Аммо мақомот дар шарҳи шеваи боздошт ҳамеша таъкид кардаанд, ки Искандаров дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шуд.

Раҳматулло Зойиров, раҳбари Консорсиюми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, агар Додгоҳи Аврупо қарори мусбӣ содир кунад, зарурати бознигарии парвандаи М. Искандаров пеш хоҳад омад
Эҳтимоли бознигарии парвандаи Искандаров


Акнун суоли аслӣ ин аст, ки «оё дар ҳоли ба нафъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳал шудани қазия дар Додгоҳи Аврупо дар парвандаи ӯ ё ҳукми 23 соли зиндон таҷдиди назар хоҳад шуд?»

Дар Додситонии кулл ва Додгоҳи олии Тоҷикистон касе нахост бо мо дар ин мавзӯъ ошкоро сӯҳбат кунад. Танҳо як масъули Додгоҳи олӣ, дар сӯҳбати бидуни микрафон гуфт, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҳангоми пеш омадани ҳолатҳои нав парванда бознигарӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Зоиров, раиси Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон мегӯяд, дар қазияи Искандаров қарори Додгоҳи Аврупо хеле муҳим аст, зеро агар ин қарори мусбӣ шавад, зарурати аз нав баррасӣ кардани парвандаи ӯ низ пеш меояд:

«Мо бояд мунтазир шавем, ки дар Аврупо шикояти аз Русия расидаро баррасӣ карда, кадом ҳолатҳоро мусбат ҳал мекунанд. Он замон, ки санади ҳуқуқӣ фароҳам мешавад, бар пояи таҳлили он мо гуфта метавонем, ки кадом масъала ва кадом ҷиноят бояд аз нав баррасӣ шавад».

Коршиносони дигар муътақиданд, ки ҳатто дар ҳоли ҳалли мусбати қазияи Искандаров дар Додгоҳи Аврупо гумон аст, ки ҳукумати Тоҷикистон парвандаи ӯро бознигарӣ кунад.

Анна Ставитская, вакили дифоъи Искандаров мегӯяд, фолбин нест, аммо худ қабули аризаи шикоятӣ аз сӯи Додгоҳи Аврупо барои ҳалли мусбати шикоят фоли нек аст, зеро додгоҳ метавонист аризаро ҳатто қабул накунад.
XS
SM
MD
LG