Рӯзи 1 январ созишнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё расман ба иҷро даромад. Тибқи ин созишнома, аз имрӯз Русияву Беларус ва Қазоқистон иқтисодҳои худро ба ҳам оварда, бозори умумие хоҳанд сохт, ки дар он ҳаракати молҳо, хадамот, сармоя ва нирӯи кор бояд озодона сурат бигирад. Аъзои Иттиҳод бояд дар риштаи иқтисодӣ сиёсати воҳидро пеш баранд. Барои ба меъёрҳои ин созмон мутобиқ кардани қонунгузории кишварҳои узв 10 сол мӯҳлат пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, дар соли 2013 аъзои Иттиҳоди АвроОсиё бозори умумии дорувор, соли 2019 бозори умумии нирӯи барқ ва то соли 2025 бозори умумии маҳсулоти нафту газро ташкил диҳанд.
Ин созмони нави зери назари Маскав дар заминаи Иттиҳоди гумрукии ЕвразЭС таъсис ёфта, созишномаи ниҳоияш 29 майи соли 2014 ба имзо расид. Арманистону Қирғизистон низ барои пайвастан ба Иттиҳоди АвроОсиё дархост додаанд. Арманистон дар моҳи октябри соли 2014 ва Қирғизистон дар поёни моҳи декабр созишнома дар мавриди пайвастан ба ин созмонро имзо карданд.
Созишнома бо Арманистон аз сӯи порлумонҳои Русияву Беларус ва Қазоқистон – се кишвари асосгузори Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё – алакай тасвиб шудаву барои Қирғизистон гузаштани ин марҳала то моҳи майи соли 2015 дар назар гирифта шудааст. Вале ин ду кишвар ҳанӯз узви комили созмони нав шинохта намешаванд, чунки барои мутобиқ сохтани тарифҳои боҷу хироҷи гумрукӣ, меъёрҳои беҳдоштиву байторӣ ва қоидаҳои ҳамлу нақли колои ин кишварҳо бо меъёрҳои созмони ҷадид ба кишварҳои довталаб аз 1 то 8 сол фурсат пешбинӣ шудааст.
Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, қароргоҳи Кумиссиюни АвроОсиё – ниҳоди иҷроияи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё – дар шаҳри Маскав, ниҳодҳои танзимкунандаи соҳоти моливу бонкиаш дар Алма-Ато – пойтахти тиҷории Қазоқистон – ва додгоҳи АвроОсиё дар Минск, пойтахти Беларус – ҷойгузин мешаванд. Дар соли 2015 раёсати давраии ин созмон ба Беларус вогузор шудааст.
Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ҷойгузини ЕврАзЭС – Ҷомиаи иқтисодии АвроОсиё – ва Иттиҳоди гумрукӣ хоҳад шуд. Иттиҳоди гумрукӣ ҳанӯз соли 1999 аз сӯи Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис ёфта, соле баъд ба ЕврАзЭС табдили ном кард. Дар соли 2006 Узбакистон низ ба ЕврАзЭС ҳамроҳ шуд, вале дар соли 2008 боз тарки ин созмон кард.
Дар соли 2009 Русияву Беларус ва Қазоқистон ба ҳайси кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафтатари узви ЕврАзЭС қарор карданд, ки дар чорчӯби ин созмон Иттиҳоди гумрукии алоҳида таъсис диҳанд. Дар соли 2012 қарор шуд, ки ин созмон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё табдил дода шавад. Созишнома дар бораи таъсиси он 29 майи соли 2014 дар Остона, пойтахти Қазоқистон аз сӯи руасои ҷумҳуриҳои Русияву Беларус ва Қазоқистон Владимир Путин, Аляксандр Лукашенка ва Нурсултон Назарбоев имзо шуд.
Бисёриҳо бар инанд, ҳадафи Кремл ва атрофиёни Путин аз ин тарҳи ҷадид як навъ кӯшиши эҳёи “мини-СССР” аст, ки бояд кишварҳои аз нигоҳи иқтисодию саноатӣ пешрафтаи паҳнои пасошӯавиро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекард. Аммо Украина – дуюмин иқтисоди бузурги Шӯравии собиқ – аз як соли пеш роҳи ҳамоиш бо Аврупову Ғарбро интихоб кард ва даъватҳову ваъдаҳои Маскав барои пайвастан ба Иттиҳоди АвроОсиёро напазируфт. Бархе таҳлилгарон мушкилоти сиёсиву беназмиҳоеро, ки имрӯз ба сари Украина фурӯ рехтаанд ва дар он дасти дахолати Маскав як омили умда гуфта мешавад, то ҳадде натиҷаи неи Киев ба тарҳи “мини-СССР”-и Путин ва Кремл ҳам меноманд.
Кремл ибтидо барои кишварҳои дигари аз нигоҳи иқтисодӣ дасткӯтоҳи пасошӯравӣ, назири Қирғизистону Тоҷикистон, расидан баа сатҳи иқтисодии дигар кишварҳои узвро як шарти пайвастан ба иттиҳоди нав меномид, вале баъди аз узвият дар он даст кашидани Украина, ки ҷаззобиятҳои аввалаи Иттиҳоди АвроОсиёро хеле камранг кард, ҳоло тамоюли баракс – ба ҳар роҳе ба ин созмон кашондани кишварҳои ҳарчӣ бештар аз ҳисоби давлатҳои таҳти нуфузи Русия дар паҳнои Шӯравии собиқ мушоҳида мешавад.
Пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди АвроОсиё як шарти муҳими узвият дар он – доштани марзҳои муштарак бо дастикам яке аз кишварҳои узви созмонро барои Тоҷикистон низ фароҳам меорад. Ҳарчанд ин шарт дар мавриди Арманистон, ки дар ҷануби Қафқоз воқеъ буда, бо ягон кишвари узви Иттиҳоди АвроОсиё марзи муштарак надошт, риоя нашуд, вале дар солҳои гузашта як далели асосии “не”-гӯиҳои Маскав ба Душанбе ҳамин будааст.
Ҳоло мақомоти Тоҷикистон, ки дар моҳи марти соли 2014 ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пайваст, дар як ҳолати духӯрае қарор гирифтаанд. Аз як тараф, фишори сиёсиву иқтисодии Маскав Душанберо барои пазируфтани қарори пайвастан ба Иттиҳоди нави зери назари Путин тела медиҳад, вале аз тарафи дигар, ин мақомот мегӯянд, бояд ҳама паҳлуҳои мусбату манфии узвият дар ин созмонро биёмӯзанд. Бо ин вуҷуд, бисёре аз коршиносон, бо дарназардошти фишнагҳои фишоре, ки Маскав дар муқобили Тоҷикистон дорад, мегӯянд, ба ин созмон кашондани Душанбе танҳо масъалаи вақт аст.
Аз тарафи дигар, дар муҳитҳои коршиносӣ ва ҳатто дар байни раҳбарони аҳзоби мухолиф, аксар тарафдори рафтани Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё мебошанд. Ва пеш аз ҳама ба далели омили 1 миллион муҳоҷири тоҷик, ки рӯзии худу хонаводаҳои худро аз Русия пайдо мекунанд ва бо беш аз 4 миллиард доллар пуле, ки солона ба Тоҷикистон мефиристанд, як чархи муҳими гардонандаи аробаи иқтисоди кишвари худ ба шумор мераванд. Муҳоҷирони тоҷик аз 1 январи соли 2015 ба далели ба кор даромадани меъёрҳои Иттиҳоди АвроОсиё дар Русия таҳти фишори бештаре қарор мегиранд ва аз ҷумла бояд аз ин ба баъд танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ба Русия сафар кунанд. Ин дар ҳолест ки дар сурати пайвастан ба узвияти Иттиҳоди АвроОсиё, муҳоҷирони тоҷик метавонанд аз як имтиёзи муҳими аъзои он – ҳаракати озодонаи нирӯи кор – баҳраманд шаванд.
Аммо Иттиҳоди АвроОсиё дар ҳоле фаъол мешавад, ки Русия ба далели дахолатҳояш тдар бӯҳрони Украина ба таҳримоти торафт шадидтари Ғарб дучор шуда, уфти нархи нафт ва уқурби рубли русӣ боиси дар рӯбарӯи хатари рукуд қарор гирифтани иқтисодаш шудааст. Ин вазъ ҷаззобияти қаблии Иттиҳоди АвроОсиёро барои ҳатто муттаҳидини ҳамеша ба Кремл наздике, чун Беларусу Қазоқистон камтар карда, дахолатҳои рӯирости Русия дар Украина нухбагони ҳоким дар кишварҳои пасошӯравиро то ҳадде нигарон сохтааст, ки бар сари дурнамои худу кишвари худ дар чорчӯби Иттиҳоди АвроОсиё ё берун аз он бори дигар бияндешанд.