“Рафтори мақомоти Русия касро на фақат ҳайратзада, балки хашмгину ноумед мекунад. Агар додугирифт миёни ду кишвар ба эътидол оварда нашавад ва нақзи созишҳои дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи гумрукӣ қабулшуда идома ёбад, мо маҷбурем, ки аз чораҳои ҷавобӣ кор бигирем”. Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, рӯзи 27 ноябр, дар мулоқот бо волии Санкт-Петербург Георгий Полтавченко, баъд аз рехтани борони қаҳру ғазабаш афзуд, “таассуроте ҳосил мешавад, ки гурӯҳе дар намунаи Белорус, гоҳ дар робита ба лӯлаи газ, гоҳ дар робита ба лӯлаи нафт ва ҳоло бошад, дар мавриди маводи озӯқа мехоҳанд чизеро ба оламиён собит кунанд ё нафареро “сабақ” диҳанд”. Вале мо, охир, сагбача нестем, ки аз гиребонамон бигиранду ин сӯю он сӯ андозанд”.
Масъулони муассисаи давлатии “Росселхознадзор”-и Русия рӯзи чаҳоршанбе дар шарҳи тафтиши мӯшикофонаи ҳама тавлидоти ширӣ ва манъи содироти гӯшти Белорус тавассути хоки Русия ба кишварҳои сеюм гуфтанд, ки маҳдудиятҳо аз 30 ноябр ҷорӣ мешаванд ва фақат ба маҳсулоти ба феҳристи таҳриҳои ҳукумати Русия воридшуда дахл хоҳанд дошт.
Як моҳ пеш Маскав ин муассисаи русӣ вуруди тавлидоти корхонаи гӯшти
шаҳри Минскро манъ карда буд. Масъулини “Росселхознадзор” эълом доштанд, ки дар ҳасиби ин корхона геноми вабои африқоии хук ошкор шудааст. Гуфта мешавад, ки аз ин пеш ҳам Маскав чанд бор бо баҳонаҳои гуногун вуруди тавлидоти корхонаҳои Белорусро манъ ё мутаваққиф карда буд. Ба гуфтаи коршиносон, агар қаблан “Роспотребнадзор” олоти аслии муҷозоти кишварҳои пасошӯравӣ барои берун аз хати кашидаи Маскав пой гузоштанаш бошад, ҳоло ин нақшро “Росселхознадзор” бар дӯш гирифтааст.
Русия, Қазоқистон ва Белорус – аъзои Иттиҳодияи гумрукиянд ва барои таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тасмим гирифтаанд, ки қарор аст аз моҳи январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кунад. Александр Лукашенко ҳам гуфт, ки ҳар се кишвар аллакай “як по дар дар ин Иттиҳодияанд”, аз ин рӯ “чаро бояд монеъагузорӣ дар интиқоли молу мавод ва маҳсулот бошад, мо охир дар бораи интиқоли мустақим ва бидуни монеъаи ҳама гуна бору маҳсулоту нерӯи корӣ ва ғайраву ғайра дар паҳнои ягона ба созиш расида будем-ку!”
Коршиносон мегӯянд, миёни се кишвар дар бархе мавзӯъҳо ихтилофи назар мавҷуд аст ва бори аввал нест, ки Минск ё Остона аз баъзе бархӯрду амалҳои мақомоти Русия изҳори нороҳатӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки ин ҳафта Қазоқистон дар посух ба баъзе маҳдудиятҳо аз сӯи Маскав фурӯши арақи русиро дар қаламрави кишвар барои чанд рӯз манъ кард, аз рӯзи чаҳоршанбе бошад интиқоли нерӯҳи барқ ба вилоятҳои марзии Русияро қатъ намуд. Дар Остона ташреҳ карданд, ки қурби рубли русӣ дар баробари танга, пули милли Қазоқистон, коҳиш меёбад ва фурӯши нерӯи барқ ба зарари ширкатҳои қазоқӣ анҷом мешавад. Ширкати қазоқии “Самрокэнерго” ба вилоятҳои Омск, Новосибирск, Челябинск ва Қурғони Русия нерӯи барқ интиқол медод.
Аз ин пеш Маскаву Остона баъд аз як изҳороти Владимир Путин барои чанд муддат “қаҳрӣ” шуданд. Сарвари Русия, рӯзи 29 август дар форуми ҷавонон дар Селигер гуфта буд, Қазоқистон дар қаламраве ташкил шудааст, ки он ҷо ҳеҷ гоҳ давлат мавҷуд набуд. Ба иттилои радиои “Эхо
Москвы", баъд аз ин изҳороти Путин сокинони Қазоқистон аз такрори ҳаводиси Украина нигарон шуда, дар посух амалиётеро зери унвони “Ба Путин китоби таърихро бифирист!”-ро роҳандозӣ карданд. Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон,бошад, таҳдид кард, ки шояд кишвараш аз ҳайати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё берун шавад. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Хабар” дар Остона гуфт, “агар бархе аз қоидаҳои дар созиш муқарраршуда иҷро нашаванд, Қазоқистон ҳаққ дорад, ки аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даст кашад. Остона ҳеҷ гоҳ дар созмоне нахоҳад монд, ки он ба истиқлоли Қазоқистон таҳдид мекунад”.
Қарор аст, ки ба зудӣ Арманистон ва баъд аз он Қирғизистон ҳам ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОситё шомил шаванд. Дар бораи эҳтимоли узвияти Тоҷикистон ба ин ниҳод ҳанӯз чизе гуфта намешавад, аммо бархе аз иқтисоддонҳои тоҷик мутмаинанд, ки вуруд ба ин созмон ба нафъи Тоҷикистон назхоҳад буд. Алексей Малашенко, масъули барномаҳои Маркази Каргеӣ дар Масква ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт солҳои ахир кишварҳои пасошӯравӣ дар мавриди вуруд ба созмонҳое чун Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё дудилаанд, зеро ин барои Тоҷикистону Қирғизистон ҳам маънои «падруд гуфтан бо як бахши истиқлоли худро дорад». Аз дигар сӯ, ба гуфтаи сиёсатшинос, "узвияти ин гуна кишварҳои фақир барои Русия ҳам, ки аллакай зери бори гарони пардохти баҳои садоқати Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ва Қриму ҷудоиталабони шарқи Украина ба Маскав мондааст, миёншикан хоҳад буд”.