Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазоҳои шадидтар барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия барои нақзи қонунҳои муҳоҷираташ ҷазоҳои шадидтар ҷорӣ кардааст. Ҳамин тарв, аз 1 январ сафар ба Русия бо шиносномаҳои дохилӣ барои шаҳрвандони хеле аз кишварҳо, аз ҷумла барои муҳоҷирони тоҷик манъ мешавад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 31 декабр, дар остонаи соли нави 2015 ба қонуне имзо кард, ки муҷозотро барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ба ин кишвар шадидтар мекунад.

Муҳоҷирон маъмулан баъди ҳар 3 моҳ барои ҳамагӣ як ё ду рӯз аз марзи Русия берун мешуданду боз бармегаштанд ва будубоши худро гӯё боз аз сифр сар мекарданд. Тибқи қонуни нав, ин дарича барои муҳоҷирон баста мешавад. Аз ин ба баъд Русия “чорчӯби Шенген”-ро ҷорӣ мекунад, ки тибқи он, нафаре, ки 3 моҳ дар қаламраваш ба сар бурдаву берун меравад, танҳо баъди 3 моҳи дигар метавонад ба Русия баргардад. Барои нақзи ин муқаррарот ҷаримаҳои сангин ва ҳатто манъи сафар ба Русия барои 3 сол ҳамчун ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тавр, ин қонун барои онҳое ки аз замони қонунии будубошашон дар Русия то 6 моҳ бештар истодаанд, ҳамчун ҷазо манъи сафар ба Русия барои 5 сол ва барои онҳое, ки то 9 моҳ аз ин мӯҳлат бештар истодаанд, манъи сафар барои 10 солро пешбинӣ мекунад.

Ташдиди ҷазоҳо барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Русия дар ҳолест, ки аз 1 январ барои муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишвар як силсила мониаҳои дигар низ эҷод мешаванд.

Русия сафар бо шиносномаҳои дохилиро манъ кард

Аз 1 январи соли 2015 дар Русия режими нави равуо барои шаҳрвандони кишварҳои СНГ ҷорӣ шуд, ки сафари шаҳрвандони аксари кишварҳои ин паҳно бо шиносномаҳои дохилӣ ба Русияро манъ мекунад. Ин тағйирот ба шаҳрвандони тоҷик низ дахл дорад, ки бояд аз ин ба баъд танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ ба Русия равуо кунанд.

Вазорати умури хориҷии Русия дар сомонааш хабар дод, ки аз ин ба баъд танҳо шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ ва Паҳнои воҳиди иқтисодӣ, яъне Русияву Беларус ва Қазоқистон метавонанд ҳамчунон ба Русия бо шиносномаҳои дохилӣ сафар кунанд.

Константин Ромодановский, раиси ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар поёни соли гузашта гуфта буд, ки дар марҳалаи аввал шаҳрвандони Қирғизистон низ аз ҳаққи равуо бо шиносномаҳои дохилӣ бархӯрдор хоҳанд монд: “Сокинони Тоҷикистону Узбакистон ва кишварҳои дигар бо шиносномаҳои хориҷӣ бояд сафар кунанд. Дар мавриди Қирғизистон, ки ҷиҳати узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё музокирот бурда истодааст, ин тағйирот ба таъхир андохта шуд. Дар мавриди Украина масъала ҳанӯз дар ҳоли муаллақ қарор дорад.”

Мақомоти Қирғизистон дар моҳи октябр эълон карда буданд, ки алакай аз 1 январи соли 2015 метавонанд ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё бипайванданд. Вале баъдан масъалаи пазируфтани узвияти Қирғизистон дар ин созмони нави минтақавии таҳти нуфузи Маскав то моҳи майи соли 2015 ба ақиб андохта шуд.

Русия аз моҳи июни соли 2014 эълон карда буд, ки аз 1 январи соли 2015, ба муҷарради расман ба фаъолият шурӯъ кардани Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, ки Маскав ҳамроҳ бо Беларусу Қазоқистон ташкил додааст, равуои шаҳрвандони кишварҳои дигари пасошӯравиро бо шиносномаҳои дохилӣ манъ мекунад. Дар ҳоле ки баҳонаи расмии ин таағйири режими равуо мутобиқ кардани он ба муқараррароти созмони ҷадид гуфта мешавад, мақомоти вазорати умури хориҷаи Русия, бино ба гузориши сомонаи интернетии Лента.ру, пинҳон намекунанд, ки як ҳадафи асосӣ аз ҷорӣ кардани тартиби ягонаи убуру мурури марзҳои ин созмон “назорати ҷараёни муҳоҷират” мебошад. Ҳамсӯҳбатони ин сомона дар вазорати хориҷаи Русия гуфтаанд, ки кишварҳои пасношӯравӣ ин навовариро дарк карданд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳанӯз ду сол пеш дар паёми солонааш манъи равуои муҳоҷирон аз кишварҳои СНГ бо шиносномаҳои дохилиро пешниҳод карда, гуфта буд, Русия бояд бо роҳҳое пеши роҳи сели муҳоҷирати ғайриқонуниро бигирад.

Бино ба ҳисобҳо, дар Русия беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Барои таъмини онҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ дар назди консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва ҳамчунин дар Новосибирск, Краснодар, Уфа, Екатеринбург ва Санкт-Петербург нуқтаҳои додани шиносномаҳои биометрӣ боз кардаанд.

Нархи шиносномаи биометрии Тоҷикистон расман ҳудуди 100 доллари амрикоист.

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, ин нуқтаҳо ба хотири таъмини саривақти муҳоҷирон бо шиносномаҳо бо як режими шадид кор мекунанд. Вале бо ин вуҷуд гумон меравад, ки ба далели бозх ҳам кам буданни нуқтаҳои шиносномадиҳӣ ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар соли нав дар Русия ҳамчунон бидуни шиносномаи хориҷӣ хоҳанд монд. Тибқи қонунҳои Русия, чунин афрод ба далели нақзи муқаррароти сафар ба ин кишвар метавонанд мавриди ихроҷ қарор бигиранд ва барои 3 ило 5 сол аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шаванд.

XS
SM
MD
LG