Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар ивази 865 миллион доллар қарзи Узбакистон чӣ пурсид?


Табодули созишномаҳо миёни ноиби сарвазири Русия Дмитрий Козак (дар пеш чап) ва вазири молияи Узбакистон Рустам Азимов. Тошканд, 10 декабри соли 2014.
Табодули созишномаҳо миёни ноиби сарвазири Русия Дмитрий Козак (дар пеш чап) ва вазири молияи Узбакистон Рустам Азимов. Тошканд, 10 декабри соли 2014.

Манбаъҳои наздик ба Кремл мегӯянд, Маскав қарзи Узбакистонро барои пешгирӣ аз инқилоби нав дар Қирғизистон, намоиши нуфузаш дар минтақа ва ба Иттиҳоди АвроОсиё мойил кардани Тошканд бахшидааст

Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Узбакистон Маскав 865 миллион доллари қарзи худро ба ин кишвари Осиёи Марказӣ бахшид. Вазорати молияи Русия хабар дод, ки Маскав ҳафтаи оянда ин қарзҳои Узбакистонро бекор хоҳад кард. Дар пасманзари изҳороту эъломияҳои протоколӣ як нукта мавриди таваҷҷуҳ шудааст, ки оё дар паси ин муомилот чӣ меистад? .

Дар меҳвари сӯҳбатҳои Ислом Каримов ва Владимир Путин рӯзи 10 декабр, ба иттилои расмӣ, масоили калидии таҳкими равобити Русияву Узбакистон, қабл аз ҳама, дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ қарор дошт. Мақомоти Маскав ва Тошканд аз изҳори назар ва тавзеҳи сабабҳои бахшида шудани қарз худдорӣ кардаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳоле, ки Русия барои пуштибонӣ аз ҷудохоҳони рустабор дар шарқи Украина мавриди таҳримҳо қарор дорад ва иқтисоди кишвар аз ин таҳримҳо, ба иқрори нахуствазир Дмитрий Медведев, ҳамарӯза даҳҳо миллион доллар зарар мебинад, зери “коса”-и бахшидани қарзҳо ба Тошканд ҳатман “нимкоса”-е маҳфуз аст.

ГАЗ ХОНАИ ҚИРҒИЗРО ГАРМУ ДИЛАШРО НАРМ МЕКУНАД?

Путин ва Каримов
Путин ва Каримов

Аммо як манбаи наздик ба гуфтушунидҳои Тошканд, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бахшидани қарз аз сӯи Маскав омилҳои сиёсиву иқтисодӣ бастагӣ дорад. “Путин дар музокироти “чашм ба чашм” бо Каримов аз ӯ хоҳиш кардааст, ки Тошканд ба ивази лағви қарз аз сӯи Русия интиқоли газро ба Қирғизистон аз сар бигирад. Чаро таъмини гази Қирғизистон барои Русия муҳим аст? Аввалан, бар пояи созиши байни ҳукуматҳои Русияву Қирғизистон “Газпром” ширкати “Қирғизгаз”-ро бо қимати як рубли русӣ харидааст, аммо ба таъмини Қирғизистон бо ин маводи сӯхт муваффақ нашудааст. Сониян, маҳз ҳамин камбуди маводи сӯхт метавонад боиси эътирозҳои нав дар Қирғизистон, ин дафъа зидди ҳукумати Алмосбек Отамбоев шавад ва ин гуна сурат гирифтани вазъ ба нафъи Путин нест, зеро ӯ аз вуруди Қирғизистон ба Иттиҳоди АвроОсиё хело манфиатдор аст”, мегӯяд мусоҳиби мо. Зимнан, ҳоло тақрибан нисфи мардуми Қирғизистон мухолифи вуруди кишварашон ба ин ниҳоди наванд. Манбаи мо афзуд, ки Путин бо таъмини Қирғизистон бо гази Узбакистон мехоҳад дили қирғизҳои норозиро нармтар кунад. “Агар Тошканд ё Бишкек ба зудӣ дар бораи аз соли нав аз сар гирифтани интиқоли гази Узбакистон ба Қирғизистон хабар нашр кунанд, ин ба он маъно хоҳад буд, ки Тошканд ба пешниҳоди Путин “бале” гуфтааст”.

Дар ҳамин ҳол, “Дойче Велле” ҳам бо такя ба манбаи наздик ба ҳайати Русия навиштааст, Тошканд интизор дошт, ки Маскав хоҳишаш дар бораи аз тарҳи бунёди нерӯгоҳҳои бузург дар Қирғизистон берун шудани ширкатҳои русиро мепазирад. Ислом Каримов аз мухолифони сарсахти бунёди нерӯгоҳҳи Қамбар-Ота дар Қирғизистон ва Роғун дар Тоҷикистон аст. Аммо Маскав паём дод, ки ин корро карданӣ нест, навиштааст Дойче Велле, зеро Қирғизистон бунёди нерӯгоҳро асоснок кардааст, далелҳои Тошканд бошанд зиёд қобили эътимод нестанд.

ДӮСТИ МАН МЕШАВӢ? МИЛЛИАРД ДОЛЛАР МЕДИҲАМ!

Алексей Малашенко, масъули барномаи Осиёи Марказӣ дар Маркази Карнегии Маскав ҳам, бахшидани қарз ба хотири ризояти Тошканд барои интиқоли дубораи газ ба Қирғизистонро воқеъӣ мехонад ва мегӯяд, ки ба ин васила Путин ҳам ба “Газпром” кӯмак мекунад ва ҳам ба ҳукумати Қирғизистон барои берун шудан аз бӯҳрони маводи сӯхт, ки аҷаб нест боиси низои нав дар кишвар гардад.

Ҳамзамон, ба гуфтаи мусоҳиби мо, Русия дар чаҳор ақсои олам – дар Чин, Туркия, Осиёи Марказӣ дар ҷустуҷӯи шарикону ҳампаймонҳост. Дар ҳоле, ки Русия дар тақрибан нисфи Аврупо дар инзивоъ қарор гирифтааст, “барои Путин ёфтани дӯсти нав хело муҳим аст. Ва ҳоло Русия омода аст, ки маблағ пардохт кунад – барои робитаи наздик, барои он ки ин ё он кишвар зери таъсири Ғарб нараваду ба таҳримҳо ҳамроҳ нашавад”.

Алексей Малашенко
Алексей Малашенко

Алексей Малашенко мегӯяд, ки тасмим дар бораи бахшидани қарзро шахсан Путин гирифтааст ва он баёнгари сиёсати берунаи феълии Кремл аст, яъне, “шумо дар Аврупо моро дӯст намедоред, шумо амрикоиҳо ба мо нафрат доред, вале мо метаовнем бидуни шумо ҳам ба сар бубарем ва з ин рӯ аз пайи ҷӯстуҷӯи дӯстони нав хоҳем шуд ва робитаҳоро бо дӯстони қадимиямон тақвият медиҳем”. Мусоҳиби мо меафзояд, дар ҳоле, ки иқтисоди Русия бар асари таҳримҳои Ғарб вориди бӯҳрон шудааст, Маскав “миллиардҳоро “пош медиҳад” – миллиардҳо барои Қрим, садҳо миллион барои Абхозистон, миллиард доллар барои Қирғизистон, боз беш аз як миллиард доллар барои Сурия... Яъне, Русия сиёсати геополитикии худро тағйир медиҳад ва барои ин бояд пул пардохт кунад”.

Аз нигоҳи Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, лағви қарзи Узбакистон бо талоши Маскав барои ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё ҷалб кардани кишварҳои шӯравии собиқ рабт медиҳад. “Бахшидани қарз ба гунае паём ба Тошканд аст, ки Узбакистон дар сурати шомил шуданаш ба ниҳоди нав аз баъзе имтиёзҳо бархӯрдор мешавад”. Аммо то куҷо муваффақ шудани ин талоши Маскав маълум нест, зеро “раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ба имкони вуруди кишвараш ба созмонҳои нав дар қаламрави шӯравии собиқ бо назари шубҳа менигарад ва аз афзоиши таъсири беруна ба авзоъ дар кишвараш сахт ҳарос дорад”. Ҳоло, ба гуфтаи Артем Улунян, Тошканд аз Маскав имтиёзҳои молиявӣ мегирад ва барои посух додан ба даъвати вуруд ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё шитоб нахоҳад кард. Ҳарчанд, меафзояд мусоҳиби мо, дар сурати ноором шудани авзоъ дар Узбакистон мақомоти кишвар ба ҷуз ворид шудани ба ин иттиҳодия илоҷе нахоҳад дошт.

Артем Улунян мегӯяд, агар Маскав ба ҷалби Узбакистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё муваффақ шавад, ин, бидуни шак, пирӯзии дипломатии Русия аз болои Амрико дар рақобат барои нуфуз дар яке аз бойтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Солҳои ахир Тошканд робитааш бо Русия ва дигар кишварҳои шӯравии собиқро коҳиш дода, ҳамзамон робитааш бо ИМА-ро қавӣ кардааст.

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Аркадий Дубнов, коршиноси масоили Осиёи Миёна, дар сӯҳбат бо “Дойче Велле” гуфтааст, ки дар маҷмӯъ сафари Владимир Путин баТошканд ба нафъи Ислом Каримов буд. Ӯ ба он нукта ишора кардааст, ки дар Узбакистон охирҳои моҳи равон интихоботи парлумонӣ ва охири моҳи марти соли оянда – интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ба гуфтаи таҳлилгар, “ягар як сол пеш ҳадс зада мешуд, ки Ислом Каримов мақоми раҳбари кишваррҳо ба ҷойгузинаш таҳвил медиҳад ва фақат кори ӯро назорат мекунад, ҳоло бо боварӣ метавон гуфт, ки баъд аз пуштибонии Маскав Ислом Каримов талоши дар курсии президентӣ монданро мекунад”.

Ба гуфтаи Дубнов, музокироти Тошканду Маскав дар масоили низомӣ ҳам натиҷа доданд ва "интизор меравад, ки дар артиши Узбакистон мушовирони рус пайдо шаванду ба низомиён кор бо таҷҳизоти русии чархболҳоро ёд диҳанд". Як манбаи огаҳи дигар мегӯяд, ки Тошканду Маскав дар мавриди эҳёи бунёди радиотелескоп дар кӯҳдомани Суффа зуд ба мувофиқа расиданд - сохтмони ин иншооти низомӣ замони шӯравӣ шурӯъ ва аммо баъдан мутаваққиф шуда буд.

ҲАМКОРӢ БАРОИ ...ҶИЛАВГИРӢ АЗ БАРАНГЕХТАНИ НИЗОЪ?

Сафари Путин ба Тошканд дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки Русия мехоҳад, кишварҳои пасошӯравиро ба иттиҳоди нави зери назари худ ҷалб намояд. Ва дар ҳоле, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз имкони афзоиши хатари терроризм дар минтақа баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон нигаронанд. Аммо Маскав дар сурати хатар ба Осиёи Марказӣ аз ин минтақа пуштибонӣ хоҳад кард?

Бӯрихон Нурмуҳаммадов, сиёсатшиноси қазоқ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳаводиси Украина баёнгари он аст, ки кишварҳои шӯравии собиқ дар ҳоли мувоҷеҳ шудан ба хатар набояд чашм ба роҳи имдод аз сӯи Русия бошанд. Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, “имкони ноором сохтани вазъияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи Русия хело воқеъист. Маҳз ба хотири ҷилавгирӣ аз тавтеъаву ҷангандозии нави Русия дар Осиёи Марказӣ, ба хусус, баъд аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон кишварҳои минтақа маҷбуранд, ки бо Маскав ҳамкориҳои стратегияшонро идома диҳанд”. “Ман бо ақидаи бархе аз таҳлилгарон розиям, ки Русия на танҳо дар Осиёи Марказӣ ё дар Ховари Миёна, балки дар ҳар нуқтаи дунё метавонад даст ба тавтеъа занад, аз ин рӯ набояд ба умеди таъмини оромиву эътидол аз сӯи Русия шуд ва бояд тавре рафтор кард, ки ӯ аз паи ташкили низоъ нашавад”, мегӯяд сиёсатшиноси қазоқ.

Бурихон Нурмуҳаммадов меафзояд, барои нигаронии Ислом Каримов алҳол ҳамон “ҷабҳаи ҷанубӣ”, яъне, таҳдиди гурӯҳҳои ифротиву ситезаҷӯ аз Афғонистони ҳамсоя ва хатари “Давлати исломӣ” кифоя аст,“ҷабҳаи дуввум”, бигирем, аз сӯи Кремл ташкил кардани ягон низоъ ё ихроҷи маҷбурии муҳоҷирони ӯзбак, ки ба иттилои бархе манбаъҳо, теъдодашон дар Русия 4 милион нафар аст, миёни ҳукумати Тошкандро ҳатман мешиканад".

Сиёсатшиноси қазоқ мегӯяд, ки ҳаводиси Украина раҳбарони Осиёи Марказиро аз хоби ғафлат бедор накардааст ва азбаски беш аз ҳафт даҳсола дар ҳайати як империя буданду баъди шикасти шӯравӣ ҳам як дигарро ҳампаймони стратегӣ хондаанд, мутмаинанд, ки ҳаводиси Украина дар кишварҳояшон такрор намешавад.

Аз сӯи дигар, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба аъмоли Маскав дар Украина, аз ҷумла, илҳоқи нимҷазираи Қрим, аз “сукути пурмаъно” кор гирифтаанд. Бурихон Нурмуҳаммадов мегӯяд, “ман фикр мекунам, ки сукути кишварҳои Осиёи Марказӣ аз пахши изҳорот дида пурмаънотар аст... Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон бо сукути худ гуфтанианд, ки аз амалҳои Русия дар Украина норозиянд, аммо чун бо Русия ҳамкориҳои наздику стратегӣ доранд, наметавонанд рӯирост аз мавқеи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ кунанд”.

Ҳамзамон, ба гуфтаи Бурӣ Нурмуҳаммадов, баъд аз ҳаводиси Украина дар байни элитаи кишварҳои минтақа ба гунае асабоният ба чашм мерасад. Зимнан, ин гуна асабониятро баъзе аз дипломатҳои ғарбии муқими минтақа ҳам мушоҳида кардаанд.

Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, он шоке, ки баъди ҳамроҳсозии нимҷазираи Қрим ба Русия дар кишварҳои паосшӯравӣ ба амал омад, то ҳол аз байн нарафтааст, аз ин рӯ онҳо намедонанд, ки ба ин ҳаводис чӣ гуна бархӯрд кунад. Ӯ меафзояд,“Русия дар мавриди ҳаводиси Украина нишасти сарони Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ ё Созмони Паймони амнияти дастаҷамъиро даъват накард, то ҳамроҳ вазъи Украинаро баррасӣ кунанд. Маскав амали худро ҳам тавзеҳ накардааст ва ё интизороташро аз ин кишварҳо дар бораи коре, ки дар Украина кард, баён надоштааст. Аз ин рӯ, ягон давлати собиқи шӯравӣ, ҳампаймонҳои ҳозираи Русия, нуқтаи назари худро дар бораи ҳодисаҳои Украина надоранд”.

Ба гуфтаи сиёсатмадори тоҷик, “ба назар мерасад, ки Маскав ҳам аз ин гуна мавзеъгирӣ розӣ аст, яъне, ҳеҷ яке аз ҳампаймонҳояш танқидаш намекунад – то ҳол фақат Нурсултон Назарбоев, Александр Лукашенко ва Ислом Каримов андешаҳои парокандаи худро дар ин бора баён кардаанд, вале раҳбарони кишварҳои ҳампаймони Русия як сиёсати воҳидро дар баробари бӯҳрони Украина ва амалҳои Маскав дар шарқи Украинаро таҳия накардаанд”.

Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, ки тайи беш аз ду даҳсола баъд аз шикасти шӯравӣ ҳам Русия дар робита ба Осиёи Марказӣ ягон доктринаро тарҳрезӣ накардааст ва Кремл дар бораи нақши ояндаи худ ва бархӯрдаш ба ин ё он амали геополитикӣ дар ин минтақа тасаввуроте ҳам надорад. Сиёсатмадори тоҷик мутмаин аст, “то он замоне, ки доктринаи Русия дар қиболи Осиёи Марказӣ таҳия ва стратегияш дар ин минтақа рӯшану возеҳ нашавад, ҳама гуна бозиҳои геополитикӣ бо ин ё он давлати Осиёи Марказӣ беҳуда аст”.

Ба гуфтаи дигар сиёсатшиносон ҳам, Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фақат аз "бел ба равиши об" кор мегиранд ва ба истилоҳ, дар ғами имрӯзанду андеша дар бораи фардоро аз сарашон дур кардаанд. Шояд ба ҳамин хотир, аз нигоҳи онҳо, бештари кишварҳо ба фардои Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё, ки қарор аст аз 1 январи соли оянда ба фаъолият шурӯъ кунад, зиёд хушбин нестанд.

XS
SM
MD
LG