Раҳбари қавитарин ҷунбиши исломии Миср ва ёронаш ба таҳрики хушунатҳое айбдор мешаванд, ки дар оғози ҳафтаи равон байни тарафдорони Ихвонулмуслимин ва низомиҳо бархоста, беш аз 50 кушта ба ҷо гузошт.
Ин хабар дар ҳолест, ки сарвазири муваққати Миср Ҳозим Библавӣ машваратҳо ба хотири ташкили ҳукумати навро шурӯъ кардааст. Раисиҷумҳури муваққат Адлӣ Мансур рӯзи 9 июл вазири собиқи молия Ҳозим Библавиро сарвазири муваққат ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Муҳаммад Бародаиро ноиби раисиҷумҳур дар умури байналмилалӣ таъйин кард.
Библавӣ рӯзи чоршанбе бо Бародаӣ ва бо вакили парлумон Зиёд Баҳоуддин – яке аз сиёсатмадорони аршади дунявигарои Миср мулоқот мекунад. Библавӣ ба Ройтерс гуфтааст, ӯ дарк мекунад, ки ба даст овардани пуштибонии тамоми мардум аз ҳукумати наваш кори саҳл нест.
Интизор меравад, ки ӯ дар кобинааш курсиҳоеро ба аъзои Ихвонулумуслимин, ки аз раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ ҳимоят мекунад, низ пешниҳод кунад. Ин дар ҳолест, ки Ихвонулмуслимин рӯзи 10 июл гуфт, бо “путчистҳо” муомилае нахоҳад дошт. Ин ҷунбиш барканории Мурсӣ бо кумаки низомиҳо дар таърихи 3 июлро “путч”, яъне табаддулоти низомӣ меномад. Сухангӯи Ихвонулумуслимин гуфт, ин гурӯҳ шомили ҳукумати муваққат нахоҳад шуд. Ӯ музокирот роҷеъ ба мусолиҳаи миллиро дар шароити кунунӣ “номуносиб” хонд.
Тарафдорони Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин то ҳол ба тазоҳуроти худ бо талаби дар мақомаш барқарор кардани раисиҷумҳури барканоршуда идома дорад. Дар даргириҳои рӯзҳои гузашта бо тазоҳургарон даҳҳо нафар кушта шуданд. Ихвонулмуслимин артишро айбдор кард, ки алайҳи эътирозгарон аз силоҳ кор бурдааст. Артиши Миср баръакс худи ихвониҳоро дар таҳрики издиҳом ба хушунатҳо муқассир медонад.
Аммо дар айни замон эътилофи умдаи нирӯҳои либерали Миср – Ҷабҳаи наҷоти ватан - рӯзи чоршанбе назари то кунун мухолифатомезаш ба роҳкори пешниҳодии раисиҷумҳури муваққат Адлӣ Мансурро, ки таҳияи Қонуни асосии нав ва интихоботи ҷадидро дар назар дорад, бознигарӣ кардааст. Ҷабҳаи наҷоти ватан гуфт, бо тамоми нуқоти ин роҳкор розӣ нест, вале ин нуқтаҳои баҳсиро бо Мансур дар миён хоҳад гузошт.
Хабари дигари расида аз Миср мегӯяд, ҷангиён ба як посгоҳи амниятӣ дар нимҷазираи Синай ҳамла оварда, дастикам 2 нафарро куштаанд. Ин ҳамла ба посгоҳи воқеъ дар минтақаи Садр Ҳайтон дар маркази Синай субҳи чоршанбе рух додаа, дастикам 6 захмӣ низ ба ҷо гузоштааст. Нимҷазираи Синай дар пайи барканории Муҳаммад Мурсӣ аз мақоми раёсати Миср бо дасти низомиҳо дар як ҳафтаи пеш шоҳиди як силсила ҳамлаҳо ба посгоҳҳои пулису артиш шудааст. Ифротгароёни исломӣ ва ба истилоҳ ҷиҳодиҳи собиқ таҳдид кардаанд, ки ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаашон дар посух ба барканории Мурсиро афзоиш хоҳанд дод. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ҳамлаи субҳи чоршанбе ба беназмиҳои сиёсии дар пайи барканории Мурсӣ пешомада рабт дорад ё на.
Муҳаммад Мурсӣ моҳи июни соли 2012 дар нахустин интихоботи озоди президентии Миср баъд аз суқути режими Ҳуснӣ Муборак ғолиб омад. Аммо ҳамагӣ як сол баъд ӯ ба мавҷи эътирозҳои густардаи мардум рӯбарӯ шуд. Рӯзи 1 июл фармондеҳони артиш, ки то ҳол аз нуфузи фавқулоддае дар сиёсати Миср бархӯрдоранд, ба давлати Мурсӣ барои ҳалли буҳрони сиёсӣ 48 соат фурсат дод. Мурсӣ аз иҷрои талаби асосии тазоҳургарон , ки истеъфои ӯро мехостанд, даст кашид ва рӯзи 3 июл низомҳо баМурсӣ эълон карданд, ки ӯ дигар раисиҷумҳури Миср нест.