Шаби 26 июн дар арафаи аввалин солгарди раёсатҷумҳурии Миср президенти ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ иброз дошт, ки ихтилофи миёни нерӯҳои сиёсии ин кишвар хеле авҷ гирифта, ваҳдати Мисрро бо таҳдиди ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст. Ӯ даъват кард, ки тамоми нерӯҳои сиёсии ин кишвар сари миз нишаста, роҳҳои ислоҳотро баҳс кунанд.
Президенти исломгарои Миср Муҳаммад Мурсӣ ҳушдор медиҳад, ки агар нооромиҳо хомӯш нашаванд, ин кишвар бо бунбаст мувоҷеҳ мешавад. Ӯ ваъда додааст, ки аз ислоҳот пуштибонӣ хоҳад кард.
Шоми чоршанбе дар дар паёме ба муносибати аввалин солгарди раёсатҷумҳуриаш Мурсӣ гуфт: “Миср бо чандин таҳдид рӯ ба рӯ аст. Мизони ихтилофҳои сиёсӣ ва низоъ то ҳадде баланд шудааст, ки метавонад дастовардҳои демократии мо ва Мисро ба ҳайси кишвар бо бунбаст мувоҷеҳ кунад. Касе аз мо рӯй додани чунин ҳодисаро намехоҳад.”
Мухолифини президенти Миср тасмим гирифтаанд, 30-уми июн дар рӯзи савгандёдкунии Мурсӣ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил кунанд. Дар арафаи ин гирдиҳамоиҳо мақомоти Миср ҷузву томҳои ҳарбиро ба пойгоҳҳои наздик ба шаҳрҳо интиқол додаанд.
Дар эътирозҳои рӯзи чоршанбе дар шаҳри Мансураи Миср камаш ду нафар ба ҳалокат расиданд.
Мухолифини ислоҳотталаб таъкид мекунанд, ки дар як соли гузашта президент Мурсӣ саъй намуд, нуфузи ҷунбиши исломии Ихвонуулмуслиминро тавсеа бахшад. Онҳо ҳамчунон исрор меварзанд, ки Мурсӣ ба идеалҳои инқилоби соли 2011-ум, ки президенти пештара Ҳуснӣ Муборакро аз сари қудрат дур кард, содиқ набудааст.
Мурсӣ, ки дар гузашта яке аз пешвоёни Ихвонулмуслимин будааст, соли гузашта дар як интихоботи демократӣ пирӯз шуд.
Дар паёми рӯзи чоршанбеаш Мурсӣ иқрор кард, ки дар давоми як соли раёсатҷумҳуриаш ба хатоҳо роҳ дода буд, вале ӯ мушаххас нагуфт, ки хатоҳояш аз чӣ иборат будааст. Мурсӣ нерҳӯи сиёсии Мисрро ба муколама пиромуни ислоҳоти ин кишвар даъват кард. Мурсӣ ҳамчунон дар бораи ба истилоҳ “душманони дохиливу берунии Миср” сӯҳбат кард, ки мехоҳанд кишварро аз нав ба даврони “таъқибу фасод” баргардонанд.
Президенти Миср ёдовар шуд, ки ӯ ҳамзамон сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар аст. Ба қавли ӯ артиш бояд бо масъалаҳои марбут бо дифоъ аз ватан машғул бошад, на сиёсат.
Аммо мухолифин мегӯянд, паёми Мурсӣ тасмими онҳо дар бораи гирдиҳамоиҳои эътирозиро аз байн набурд, зеро президент тақозои онҳо дар бораи интихоботи пеш аз мӯҳлатро напазируфт. Як гурӯҳи мухолифин бо номи Тамарруд барои баргузории интихоботи пешакӣ 15 миллион имзои шаҳрвандаро ҷамъ кардааст.
Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ дар ҷараёни боздидаш аз Кувайт гуфт, ки Миср аз нуқтаи назари таърихӣ хеле муҳим аст. Ӯ аз эътирозгарон даъват кард, ки масъалаҳоро ба таври осоишта ва масъул матраҳ кунанд. Миср аз ИМА миллиардҳо доллар кумаки низомӣ мегирад.
Дар давоми як соли раҳбарии Мурсӣ ихтилоф миёни ислоҳотталабон ва нерӯҳои исломгарои Миср авҷ гирифта, даромади соҳаҳои муҳими иқтисод ба монанди туризм ва сармоягузориҳои хориҷӣ коҳиш ёфтааст.