Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихвониҳо артиши Мисрро масъули қатлҳо номиданд


Бино бар иттилои манобеи пизишкии Миср дар тирандозии рӯзи 8-уми июл дар Қоҳира ба камияш 40 нафар кушта ва чандин тан захмӣ шудаанд.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Миср мегӯяд, аз тирандозии мусаллаҳон ба сӯи тарафдорони президенти барканоршудаи Миср, Муҳаммад Мурсӣ, ба камияш 40 нафар кушта шудаанд. Холид ал-Хатиб илова кард, ки дар ин задухӯрд зиёда аз 300 тани дигар ҷароҳат дидаанд.

Шоҳидони воқеа дидаанд, ки пизишкон талош карданд, як захмиро аз марг наҷот диҳанд ва афроде чандин маҷруҳро ба бемористоне, ки дар як хайма ҷойгир шудааст, интиқол додаанд.

Муҳаммад Алӣ, яке аз захмиён, дар бораи ҷароҳаташ ба хабаргузории Ройтерз чунин гуфт: "Ман дар беруни сарбозхона, дар наздикии даромадгоҳ будам ва дидам, ки ба тарафам меоянд. Ақиб нигаристам ва фикр кардам, чӣ тавр гурезам. Вале вақте ки дубора пеш гаштам, норинҷаки гази ашковар рост ба рӯям зад. Аз тамоми сару рӯям хун мерехт ва ман ба пушт афтода будам. Он гоҳ сарбозон маро бо пой ва дастаи силоҳи латукӯб карданд ва мегуфтанд, бояд майдонро аз афроде мисли ман тоза кунанд.”

Тарафдорони Мурсӣ ҳарбиёни Мисрро масъули ин ҳамла номидаанд. Вале сарони артиш мегӯянд, тирандозӣ ба тазоҳуркунандагони назди Горди Ҷумҳурӣ аз тарафи “террористони мусаллаҳ” ба вуқӯъ пайвастааст. Бисёриҳо бар инанд, ки Мурсӣ дар бинои Горди Ҷумҳурӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Хабаргузории олмонии DPA гузориш дод, ки артиш 200 нафарро барои кӯшиши ҳамла ба бинои Горди Ҷумҳурӣ боздошт кард. Бино бар хабарҳо онҳо бо силоҳ, шишаҳои пур аз бензин ва абзори дигар мусаллаҳ будаанд. Ҳарҷу марҷи давомдор сарнавишти яке аз калонтарин кишварҳои арабиро зери суол бурдааст.

Ҳамлаи нав панҷ рӯз баъд аз он иттифоқ афтод, ки ҳарбиёни Миср ба дунболи тазоҳуроти умуммиллӣ ва талаби истеъфои раисиҷумҳур, Мурсиро аз мақомаш барканор карданд. Норозиён дар ин намоишҳо Мурсӣ ва “Ихвон-ал-муслимин”-и ӯро масъули рукуди иқтисодӣ ва талоши бунёди давлати худкома айбдор карданд.

“Ихвон-ал-муслимин” барканории Мурсиро як табаддулот номид ва тарафдорони худро ба “шӯриш” даъват кард. То даргирии рӯзи душанбе, дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар манотиқ0и гуногуни Миср бар асари даргирии тарафдорон ва мухолифони Мурсӣ ба камияш 35 нафар кушта шуданд.

Ихвониҳо артиши Мисрро масъули қатли норозиён мешуморанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00
Линки мустақим


Бо ҳадафи ҷорӣ кардани назму оромӣ ҳаракат дар чандин ҷодаи Қоҳира ва атрофи масҷиди Робия Адавия, ки акнун ба пойгоҳи тарафдорони Мурсӣ табдил ёфтааст, қатъ гаштааст. Артиш ҳамчунин бо истифода аз зиреҳпӯшҳо ду пули бузурги рӯйи рӯди Нилро бастааст.

Дар ҳамин ҳол талошҳои ташкили ҳукумати нави Миср бо мушкил рӯбарӯ мешаванд. Ҳизби салафии “Нур”, ки аз барканории Мусрӣ ҳимоят кард, ба нишони эътироз аз ҳамлаи рӯзи душанбе, ки намояндагони ҳизб онро “қатли ом “ номиданд, аз ширкат дар гуфтушунидҳои ташкили ҳукумат даст кашид. Ин дувумин бузургтарин ҳизби исломии Миср аст ва ширкати он дар ташкили ҳукумат барои таъмини қонунмандии раванд муҳим шумурда мешавад.

“Нур” ҳамчунин номзадии сиёсатмадори либерал Муҳаммад Ал-Барадеиро ба мақоми сарвазир рад кардааст. Мақомот умедворанд, ки узви Ҳизби Сотсиал-Демократи Миср, ҳуқуқшинос Зиёд Баҳоуддинро ба ин мақом таъйин хоҳанд кард.

Ал-Барадеӣ рӯзи душанбе ҳамлаи ахирро маҳкум кард ва дар сафҳаи твиттерии худ навишт: “Миср ниёзи шадиде ба оштӣ дорад.”
XS
SM
MD
LG