Ин изҳорот муноқиз бо гузоришҳои қаблии матбуот ва манобеъи дигар аст, ки мегуфтанд, ин раҳбари собиқи Ожонси назорати нирӯи ҳастаии СММ ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел сарвазири ҳукумати нави муваққат таъйин шудааст. Сухангӯи раёсатҷумҳурӣ Аҳмад Мусалмонӣ шоми шанбе гуфт, раисиҷумҳури муваққат Адлӣ Мансур бо Бародаӣ мулоқот дошт, вале дар пайи ин дидор кадом таъйиноти расмӣ сурат нагирифтааст.
Аҳмад Мусалмонӣ афзуд, Бародаӣ “интихоби мантиқӣ” ба симати раҳбарии кобина аст, вале ӯ аз гуфтани таърихи мушаххасе, ки ин қарор метавонад эълон шавад, худдорӣ кард: “Тасмимҳо ҳанӯз ниҳоӣ нашудаанд ва мо то ҳол исми сарвазирро мушаххас накардаем. Ишораҳое дар бораи исми раҳбари ҳукумат ҳаст, лекин он ҳанӯз бо нашри баёнияи расмии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ тасдиқ нашудааст. Мушовираҳо ҳамчунон идома доранд, вале чунин машваратҳову музокираҳо дар замоне ки ҳукумати буҳрониро барои як замони муайян интихоб мекунанд, як амри мантиқист.”
Ҳизби Нур, дувумин ҷунбиши бузурги исломии Миср гуфт, мухолифи номзадии Муҳаммад Бародаист. Ин ҳизб таҳдид кардааст, ки дар сурати пешбарии номзадии Бародаӣ аз пуштибонии барканории Муҳаммад Мурсӣ аз мақоми раёсатҷумҳурӣ бо кумаки низомиҳо даст хоҳад бардошт.
Бино ба хабари дигари марбут ба Миср, Кохи Сафед гуфтааст, ки Амрико дар пайи барканории Мурсӣ, ки аз сӯи Ихвонулмуслимин – бузургтарин ҷунбиши исломии Миср - ҳимоят мешуд, бо ҳеҷ кадом ҳизб ё гурӯҳи сиёсӣ дар ин кишвар дар иртибот нест. Дар изҳорот омадааст, ки маъмурияти Барак Обама “иддаоҳои қалбакиеро, ки бархеҳо дар Миср тарғиб мекунанд, қатъиян радд мекунад.” Манзур сарусадоҳоест, ки гӯё Вошингтон “бо аҳзобу ҷунбишҳои сиёсии вижае ҳамкорӣ мекунад, то чигуна ба роҳ андохтани давраи гузариш дар Мисрро таҳмил кунад.” Изҳорот меафзояд, маъмурияти Обама бар ин бовар аст, ки “роҳи ояндаи Мисрро танҳо мардуми Миср метавонанд муайян кунанд.”
Амрико то кунун ғасби давлат аз сӯи низомиҳои Мисрро маҳкум накардаву ин амалро табаддулоти низомӣ наномидааст. Тибқи қонунҳои Амрико, агар низомиҳо ҳукумати ба таври қонунӣ интихобшудаи Мисрро барандозанд, Вошингтон бояд 1,5 миллиард кумакҳои солонааш ба ин кишвари арабиро қатъ кунад.
Изҳороти Кохи Сафед хушунатҳои Мисрро, ки дар рӯзҳои ахир садҳо қурбонӣ ба ҷо гузошт, маҳкум мекунад. Бино ба хабарҳо, танҳо дар даргириҳои рӯзи ҷумъаи байни тарафдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ дастикам 35 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Вазъ дар кӯчаҳои Миср рӯзи шанбе нисбатан ором буд, вале Ихвонулмуслимин, қавитарин гурӯҳи исломии Миср, ки аз Мурсӣ ҳимоят мекунад, рӯзи якшанберо рӯзи нави эътирозҳо эълон кардааст.
Ихвонулмуслимин аз ҳамкорӣ бо низомиҳо дар масъалаи ташкили ҳукумати муваққат даст кашида, тааҳҳуд кардааст, ки то замони дар мақомаш барқарор кардани Мурсӣ ба эътирозҳо идома хоҳад дод.
Пентагон низ бо барҷаста кардани мизони нигаронии Амрико аз вазъи Миср гуфтааст, ки вазири дифоъи ин кишвар Чак Ҳагел рӯзҳои ҷумъаву шанбе бо раҳбарони нирӯҳои мусаллаҳи Миср се дафъа тамос доштааст. Бино ба ин баёния, Ҳагел ба зарурати “гузариши сулҳомези мулкӣ дар Миср” таъкид кардааст. Аммо дар баёнияи Пентагон посухи фармондеҳи артиши Миср генерал Абдулфаттоҳ Ал-Сайсӣ оварда нашудааст.
Кохи Сафед гуфт, раисиҷумҳур Барак Обама, ки рӯзҳои охири ҳафтаро дар қароргоҳи Кам-Девид, бюерун аз Вошингтон сипарӣ кард, вазъи Мисрро бо аъзои тими амнияти миллиаш баҳс кардааст.
Муҳаммад Мурсӣ моҳи июни соли 2012 дар нахустин интихоботи озоду демократӣ баъд аз суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар Миср, ба қудрат расид. Вале ӯ баъди ҳамагӣ як соли ҳукмрониаш ба мавҷи эътирозҳои густурдае рӯбарӯ шуд, ки аз замони суқути Муборак дар феврали соли 2011 собиқа надошт.
Низомиҳо рӯзи 1 июл дар пасманзари ин эътирозҳо ба давлати Мурсӣ барои ҳалли буҳрони сиёсӣ 48 соат фурсат доданд. Мурсӣ аз истеъфо даст кашид ва низомиҳо шоми 3 июл ӯву иддае аз раҳбарони Ихвонулмуслиминро дастгир карда, ба Мурсӣ эълон карданд, ки ӯ дигар раисиҷумҳур нест.
Низомиҳо худи ҳамон рӯз қозии аршади Додгоҳи Қонуни асосии Миср Адлӣ Мансурро раисиҷумҳури муваққат Миср эълон карданд.