Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони 8 марди мисрӣ барои ширкат дар "тӯй"-и ҳамҷинсгароён


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Миср 8 мардро бо ҷурми ширкат дар маросиме, ки бовар меравад, ақди никоҳи ду ҳамҷинсгаро бошад, сесолӣ ҳукми зиндон дод.

Додгоҳи Қоҳира, пойтахти Миср, рӯзи 1 ноябр 8 мардро барои ширкат дар маросиме, ки бовар меравад, тӯйи арӯсии ду ҳамҷинсгаро буд, дар “таҳрик ба фисқ” муҷрим шинохт ва 3-солӣ маҳкум ба зиндон кард. Ин 8 нафар дар моҳи сентябр дар пайи дар Интернет нашр шудани навори видеоии маросими зоҳиран ақди никоҳи ду мард дар рӯи киштие дар рӯдхонаи Нил ва бо ҳам табодули ангуштариҳои арӯсӣ кардану якдигарро ба оғӯш кашидани ин “домоду арӯс” дастгир шуданд. Додситони кулли Миср ин видеои нашршударо “тавҳин ба Худо” ва “таҳқири ахлоқи мардум” номида буд.

Аммо ташхисҳои тиббӣ нишон дод, ки афроди дар он маросим ширкаткарда ҳамҷинсгаро набудаанд ва яке аз муттаҳамон гуфтааст, ки ин видео дар як зодрӯз сабт шудааст.

Аммо ҳукми ин 8 мард рӯйдоде дигар аз маъракаи саркӯби ҳамҷинсгароён ва бехудоён дар Миср аст, ки ҷомиаи аксаран мусалмон ва хеле муҳофизакоре дорад.

Human Rights Watch, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсони марказаш дар Ню-Йорк маҳкум ба зиндон шудани ин 8 мард бо ҷароими марбут ба ҳамҷинсгароӣ аз сӯи додгоҳи Мисрро маҳкум кардааст. Ин созмон дар моҳи сентябр ҳам гуфта буд, ки мақомоти Миср афроди гумонбар дар равобити ҳамҷинсгароиро батакрор боздошт ва шиканҷа мекунанд. Грем Рейд, мудири барномаҳои дифоъ аз лесбиянҳову гейҳо, бисексуалҳо ва трансгендерҳо дар Human Rights Watch ҳукми зиндони ин 8 марди мисриро аломати сӯъитаҳаммули ҳукумати Миср номид: “Ҳукумати Миср зоҳиран бо зиндонӣ кардани мухолифин, донишҷӯён ва фаъолони ҳуқуқи башар қонеъ нашудааст, ки барои ҷазо додани ҳамҷинсбозон низ фурсат меёбад.”

Ба назари ин созмони ҳомии ҳуқуқ, ҳокимони кунунии Миср, ки ба далели сиёсати саркӯбгароёнаашон маҳбубияти чандоне дар ҷомиа надоранд, бо боздошту муҷозоти ақалиятҳои ҷинсӣ мехоҳанд мизони пуштибонии мардумро болотар баранд.

Дар қонунгузории Миср банди вижае алайҳи ҳамҷинсгароён нест, вале намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ дар ин кишвари арабии Африқои шимолӣ дар солҳои охир маъмулан бо иттиҳомоте, чун “фосиқӣ” ва “аъмоли шармовар дар мазҳари мо” ба зиндон кашонда мешаванд. Издивоҷи ҳамҷинсгароён дар Миср то ҳол шунида нашудаааст.

Ин 8 мард ба далели обрӯрезие, ки чунин иттиҳом барои онҳо дар ҷомиаи муҳофизакори Миср дорад, ба навиштаи хабарнигори Ассошиэйтед Пресс, дар тӯли мурофиаи додгоҳӣ, сару рӯи худро бо дастонашон ваё дар зери кӯлоҳҳои бейсболкаи чуқур ба сар кашида пинҳон мекарданд ва ҳатто вақте баёнот медоданд, низ порае либос ё қоғазро бари рӯи худ медоштанд, ки симояшон маълум нашавад.

Ҳамин тавр, дар беруни додгоҳ издиҳоми бузурге аз хешовандони муттаҳамон мунтазири ҳукми додгоҳ буданд. Ин издиҳом замоне ки табибон хулосаи ташхиси тиббиро эълон карданд ва гуфтанд, ки ин 8 мард ҳамҷинсбоз набудаанд, хеле шӯриду эътироз кард. Вале дар ниҳоят додгоҳи Қоҳира гумонбаронро на барои ҳамҷинсгароӣ, балки барои “таҳрику таблиғи фисқ” равонаи зиндон кард.

Дар моҳи апрели соли равон додгоҳи Миср 4 мардро бо айни ҷумри “фосиқӣ” 8-солӣ ҳукми зиндон дод. Онҳо ба баргузории ҷашнҳое айбдор шуданд, ки ҳамроҳ мавридҳои алоқаи ҳамҷинсгароёна сурат гирифта, аз маҳалли баргузориашон либосҳо ва рангубори занона ёфт шудаанд.

Ба навиштаи Ассошиэйтед Пресс, ҳамин тавр, дар соли 2001 Миср дар пайи боздошти 52 мард дар ҷараёни як амалиёти пулис дар киштие дар рӯди Нил дарс архати ахбори ҷаҳон қарор гирифт. Ин 52 нафар низ ба баргузории шабнишинии ҳамҷинсгароён, ё ба истилоҳ, “гей-парти” айбдор мешуданд. Дар ниҳоят аз ин шумор 23 нафараш аз сӯи додгоҳи амнияти давлатии Мирс бо ҷурми бадахлоқӣ ва тавҳин ба мазҳаб ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол равонаи зиндон шуданд.

Саркӯби ақалиятҳои ҷинсӣ дар Миср дар ҳолест ки ба навиштаи Ассошиэйтед Пресс, ҳокимони кунунии ин кишвари арабӣ дар пайи барканории раисиҷумҳури исломгаро Муҳаммад Мурсӣ дар тобистони соли 2013 ва ба зиндон кашондани садҳо раҳбару тарафдорони ҷунбиши низ исломгарои Ихвонулмуслимин бояд дар чашми ҷомиаи қариб 90-миллионнафарии ин кишвар ба ҳар роҳе нишон диҳад, ки дар амри дифоъ аз арзишҳои исломӣ аз исломгароҳо кам намеояд. Дар ғайри ин сурат, ба бовари мақомот, гурӯҳҳои мазҳабӣ метавонанд бо ба бозӣ даровардани қартаҳои динӣ вазъи Мисрро шабеҳи Сурия кунанд, ки се сол боз гирифтори ҷанги хунини шаҳрвандист.

XS
SM
MD
LG