Як ширкати байналмилалӣ бо ҳавопаймоҳои тамғаи “Сessna”-и амрикоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғи Тоҷикистон парвоз анҷом доданист. Ширкати “Pаctec” моҳе қабл намояндагиашро дар Тоҷикистон боз кард. Дейв Чаппин раҳбари намояндагии ширкат дар Тоҷикистон таъйин шудааст.
Ронандаҳо ба далели вайронӣ ва нишебиҳои зиёд баъзан байни худ ин роҳро “чӯл” ё роҳи таваккал ҳам мегӯянд.
Дмитрий Дружинин, масъули ширкат, рӯзи 9-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, парвози нахустини ҳавопаймо миёни Душанбе - Хоруғ ва Хоруғ - Душанбе рӯзи 21-уми май сурат мегирад. Дружинин гуфт, ҳавопаймо ҳамагӣ 5 мусофир мебарад ва парвозҳо тибқи дархостҳои пешакӣ сурат мегиранд.
“Ҳоло парвозҳоро танҳо рӯзҳои душанбе ба нақша гирифтем, аммо дар сурати бештар шудани дархост дар рӯзҳои дигар низ метавонем парвоз анҷом бидиҳем”, - гуфт Дружинин. Ҳамсуҳбати мо гуфт, билети ҳавопаймо аз 2 ҳазор то 2 ҳазору 200 сомонӣ қимат хоҳад дошт.
Айни замон миёни Душанбеву Хоруғ хатсайри мунтазаме вуҷуд надорад. Танҳо ширкати “Тоҷик Эйр” бо ҷамъ шудани шумораи кофии мусофирон тавассути чархболи Ми-8 миёни ду шаҳр павроз анҷом медиҳад. Ин чархбол дар як вақт то 20 мусофирро интиқол медиҳад.
Аз ин қабл ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” тавассути ҳавопаймоҳои Ан-28 миёни Душанбеву Хоруғ парвозҳо анҷом медод. Аммо моҳи сентябри соли 2017 ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Хоруғ як муҳаррики ҳавопаймои АН-28 аз кор монд ва ҳавопаймо ба фурдугоҳ баргашт.
Нархи билети ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” дар ин масир 680 сомонӣ муайян шуда буданд.
Аз Душанбе то маркази вилояти Бадахшон беш аз 500 километр роҳ аст. Аз терминали мусофирбарҳои Душанбе – Хоруғ низ рӯзе даҳҳо мошин бор мебарад ва мусофир мекашонад. Аммо ронандаҳо ба далели вайронӣ ва нишебиҳои зиёд баъзан байни худ ин роҳро “чӯл” ё роҳи таваккал ҳам мегӯянд.
Ин роҳ бахусус дар айёми зимистон ва аввали баҳор ба сабаби бориши зиёди барф ва фаромадани тармаву сангреза мушкил мешавад. Сокинон асосан дар чунин вақт барои расондани худ аз пойтахт ба маркази Бадахшон ваё аз Хоруғ ба Душанбе аз хадамоти чархболҳо истифода мекунанд.