Сокинони деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз беш аз 10 рӯз боз аз роҳе истифода мекунанд, ки қаблан дар борааш фақат аз нақли бобову бузургсолони худ шунида буданд. Ин пайроҳа, ки хеле борик аст, аз як баландкӯҳ мегузарад ва пур аз нишебу хатар мебошад.
Роҳи мошингард аз тариқи Ширговад дар соли 1961 бунёд шуд. Аммо бо гузашти 56 сол масире, ки тақрибан ба гӯшаи фаромушӣ рафта буд, ба роҳи наҷоти мардуми ин минтақа табдил ёфт.
Сокинон ҳам на танҳо аз Ширговад, балки дар маҷмӯъ аз деҳоти қисмати болоии ноҳия аз рӯи зарурат барои гузаштан ба деҳаҳои поён, ҳамин кӯҳи баландиаш 400 метр ва хавфнокро убур мекунанд. Ягона масире, ки ин ду қисмати Дарвозро ба ҳам мепайваст, шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ буд ва ин роҳ рӯзи 9-уми июл дар пайи тағйир ёфтани маҷрои рӯдхонаи Панҷ, то 10 метр зери об монд.
Барои кӯмак ба мардум ва аз як сӯ ба сӯйи дигар гузаронидани онҳо созмони байналмилалии “Фокус” ба ин мавзеъ заврақ бурд. Аммо ин заврақ рӯзи 16-уми июл бо 3 нафари зери об рафт. Баъди ин ҳодиса, истифодаи заврақ дар ҳавзи табиии Ширговад манъ шуд ва пайроҳаи хатарноки куҳӣ боз ҳам ягона роҳ барои равуои сокинон боқӣ монд.
Бо Ҷонишоҳ Абдураҳмонов мо дар қуллаи баланди ин пайроҳа сӯҳбат доштем. Ӯ ҳам мисли дигар сокинон, махсусан мардони деҳаи Ширговад дар як рӯз чанд бор пойи пиёда аз ин тараф ба он тарафи кӯҳ мегузарад. Ҷонишоҳ мегӯяд, "ин роҳи қадимаро, овринг мегӯянд, мо таъмираш кардем, ва роҳи одамгузар барқарор шуд, ҳозир одамҳо аз ин тараф ба он тараф ба воситаи ҳамин роҳ рафтуомад карда истодаанд. Кӯҳистонӣ бошӣ, гузаштан аз ин роҳ чандон мушкил нест."
На танҳо мардумони деҳа, балки намояндаҳои созмонҳои кӯмакрасону масъулине ҳам, ки барои рафъи паёмади селхезӣ дар Дарвоз ҷамъ омадаанд, маҳз тавассути ҳамин пайроҳаи куҳӣ ба деҳи селзада равуо мекунанд. Барои убури ин роҳ ба онҳо, бачаҳои деҳаи Ширговад, ки аллакай аз тамоми нуқоти роҳи хавфнок огоҳанд, кӯмак мекунанд. Дар яке аз қисматҳои ин баландкӯҳ мо бо ду корманди созмони Салиби Сурх вохӯрдем, ки таҷҳизоти кӯмакрасонӣ дар пушт ин роҳро убур мекарданд.
Тоҷигул Маҳмадаминова, сарвари бахши ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар ВМКБ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “чорто нуқтаи ёрии аввалия ва ёрии равоншиносиро кушодем. Аз сабаби набудани нақлиёт ва роҳ, мо пиёда аз тариқи роҳи кӯҳӣ ҳамаи таҷҳизоти заруриро пуштора кашонда овардем ва нуқтаҳои боварии худро бояд бо ин таҷҳизот таъмин кунем.”
Роҳи қадимӣ ё пайраҳаи кӯҳӣ, ки минтақаи поёни Дарвозро бо қисмати болоии он пайваст мекунад ва имрӯз барои кӯмаки мардуми офатзадаи деҳаи Ширговад ба кор омадааст, то замони бунёди роҳи мошингард роҳи наҷот ва пешбурди зиндагии мардуми минтақа буд.
Давлатхонум Дагиева, сокини 81-солаи деҳаи Ширговад, бо ёдоварӣ аз он солҳо мегӯяд, дар солҳои қаҳтӣ маҳз аз ҳамин роҳ мардумони деҳа аз сӯи Кӯлоб маводи ниёзи аввалия махсусан гандум меоварданд. Ба гуфтаи Давлатхонум, он солҳо ҳам ин пайроҳаи борики куҳӣ барои рафтуо хатарнок буд ва ҷонварони боркаш аз баландӣ ба рудхонаи Панҷ сарозер мешуданд.
"Талаба будем, ҳамаи гову хару бузи мардум ба ҳамин роҳи кӯҳӣ омада мерафтанд, Солдатҳо меомаданду мерафтанд, дар харҳояшон бор, харҳо ҷар мешуданд, онҳоро наҷот дода наметавонистанд ва дар об мерафтанд. Мардҳо аз Кулоб бо бори вазнин дар пушт меомаданд ва аз ин роҳ мегузаштанд",-гуфт Давлатхонум Дагиева.
Роҳи мошингард аз тариқи Ширговад дар соли 1961 бунёд шуд ва мардуми деҳа аз мушкилу ҳаводиси ин пайроҳаи куҳӣ озод гаштанд. Аммо бо гузашти 56 сол роҳе, ки тақрибан ба гӯшаи фаромушӣ рафта буд, ба роҳи наҷоти мардуми ин минтақа табдил шуд.
Мақомот ваъда медиҳанд, ки роҳи мошингард ҳафтаҳои оянда барқарор мешавад, аммо онҳое, ки дар хонавода бемори вазнин ё занони ҳомила доранд, барои эҳтиёт онҳоро ба минтақаҳои дигар бурдаанд. Аз Ширговад то маркази ноҳияи Дарвоз 23 километр роҳ ҳаст ва маъмулан мардуми ин деҳа аз маркази тиббии ҷамоати Нулванд дар Сангевн -- деҳаи дигари Дарвоз истифода мекарданд, ки тахриби роҳи мошингард онҳоро аз ҳам ҷудо кард.
Бар асари боришоти зиёд ва омадани сел аз самти Афғонистон дар рӯзҳои 8 ва 9-уми июл маҷрои дарёи Панҷ дар ҳудуди рустоҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвози Тоҷикистон баста шуда, дар ҳарду деҳа беш аз бист манзили сокинон ва тақрибан як килотмер роҳи Душанбе – Хоруғ зери об монд.