Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон хост, тафтиши шаҳрдорӣ то 1 июл ба охир расад. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хост, ки санҷиши "истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахтро" барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1 июл ба охир расонад. Ӯ дар мулоқот бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гуфт, ки "гузориш дар ин бора бояд ба ҳукумати кишвар ҳам фиристода шавад".

Ҷаласаи калон рӯзи 15 феврал дар Кохи Борбади Душанбе ба раҳбарии президент ва бо иштироки шаҳрдори нави пойтахт Рустами Эмомалӣ ҷараён гирифт. Шаҳрдори собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин ҷаласа ҳузур надошт.

Навори видео инҷост:

Мулоқоти президент бо ҳузури Рустами Эмомалӣ ва бидуни Убайдуллоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Шаҳрдори пешини Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев то ба ҳол дар ин робита вокуниш нишон надодааст.

Дар суханронии президент Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба бархе камбудиҳои шаҳр дар бахши сохтмон, роҳҳо, обу таъмини энержӣ, мубориза бо ҷинояткории ҷавонон ва масоили дигари мисли экстремизм, ба раҳбарияти нави шаҳри Душанбе ва мақомоти дигари зидахл супоришҳо дар амри ислоҳи мушкилот дода шуд. Яке аз нуктаҳое, ки оқои Раҳмон ба он муроҷиат кард, марбут ба мавзӯи истифодаи пулҳои будҷаи кишвар ва пойтахт дар ҷараёни сохтмон дар Душанбе буд.

Аз ҷумла, президент бо истинод ба таҳлилҳои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, ки дар миқёси пойтахт содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта зиёд буда, вазъи мубориза бо коррупсия нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар давоми 10 соли охир ва дар паи 800 тафтишу санҷишҳо, ба қавли президент, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Маҳмадсаид Убайдуллоев.

“Истифодаи ғайриқонунии маблағҳо асосан дар самти иҷрои корҳои сохтмон ошкор гардидаанд” ва яке аз ин сохторҳо - Раёсати сохтмони асосии шаҳр гуфт президент. Бо таъкид ба камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон ва рӯйпӯшкунии андозу пардохтҳои ҳатмӣ ёд кард. Аз ҷумла, чунин мушкилот ба гуфтаи президент, дар иҷрои тарҳи сохтмони иншооти Маркази тандурустии “Истиқлол” ва аввалин бинои баландошёнаи пойтахт “Душанбе Плаза” ошкор шудааст.

Тафтиши истифодаи пули будҷа дар сохтмонҳои пойтахт баъд аз барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе дар таърихи 12 январ шурӯъ шуд. Ҳамон рӯз ба ин мақом писари президент Рустами Эмомалӣ таъин гардид. Ҳарчанд президент дар суханронии худ мушаххасан аз номи мири собиқи шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ном набурд, вале аксарият дарк карданд, ки баъди 19 соли раҳбарии ӯ дар ин мақом ва шурӯи санҷиш баъди барканориаш ба салоҳиятҳои ӯ рабт мегирад.

Олим Бобоев.
Олим Бобоев.

Олим Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва намояндаи парлумон, ки дар ин мулоқот ширкат дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта дар бораи вуҷуди мушкил дар иҷрои тарҳи “Манзили дастрас” - яке аз пружаҳои марбут ба плани генералии бозсозии симои Душанбе хабарҳо пахш шуда буд. Вай баъди ин нишаст дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт.

“Мо аз воситаҳои ахбор маълумот гирифтем, ки ҳангоми бунёди биноҳои шаҳр ба ҷойи паркетҳои чӯбӣ, паркетҳои коғазии хитойиро истифода карда ва аз ин ҳисоб маблағҳои зиёдеро азхуд кардаанд. Ҳамчунин, ҳарчанд аз соли 2011 сокинон дар биноҳои истиқоматии барномаи “Манзили дастрас” зиндагӣ мекунанд, аммо то ҳол ин биноҳо аз ҷониби комиссияи давлатӣ қабул нашудаанд. Аз ин лиҳоз, сокинон наметавонанд манзилҳои худро шахсӣ кунанд”,-афзуд Олим Бобоев.

Намое аз ҷаласаи рӯзи 15 феврал дар Кохи Борбад.
Намое аз ҷаласаи рӯзи 15 феврал дар Кохи Борбад.

Дар ҳоле, ки худи Маҳмадсаид Убайдуллоев аз замони барканориаш таҳаввулоти ахири марбут ба худро шарҳ надода ва дар мазҳари ом ҳозир нашудааст, ду манбаи мухталиф рӯзи 15 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ дар соатҳои баргузории ҷаласаи президент дар Маҷлиси миллӣ буд. Убайдуллоев ҳоло фаъолияташро ба ҳайси раиси Маҷлиси миллӣ идома медиҳад.

Наврӯз Қурбонзода, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, ки рӯзи 15 феврал Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллиро баргузор кардааст. Қарор аст, 16 феврал иҷлосияи Маҷлиси миллӣ баргузор ва дар он гузориши Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ҷинояткорӣ дар кишвар баррасӣ шавад.

Зафар Абдуллоев.
Зафар Абдуллоев.

Вале таҳлилгароне, ки бо мӯҳтавои суханронии президентшинос шуданд, гуфтанд, аз забони президент садо додани даъват ба анҷоми санҷиш маъноҳои зиёд дорад. Журналист Зафар Абдуллоев, ки дар аҳди раҳбарии Убайдуллоев дар шаҳрдорӣ як узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, гуфт, даъват ба санҷиши кори мири шаҳр худ аз худ иқдоми бад нест, вале чунин санҷишҳо бояд дар сохторҳои дигари давлатӣ ҳам анҷом шавад.

“Ба назари ман, ин масъала набояд дар сатҳи президент матраҳ шавад. Президент ҳадафу вазифаҳои дигар дорад. Шаҳрдорӣ мушкил дошт ва борҳо дар ин бора мо Убайдуллоевро ҳам огоҳ карда ва пешниҳод карда будем, ки барои тафтиши ин фактҳо комиссияе таъсис шавад. Фикр мекунам, камбудиҳо ба далели бемасъулиятии бархе аз кормандон рух додааст. Камбудиҳое, ки дар иҷрои барномаи “Манзили дастрас” вуҷуд доштанд, бо айби Убайдуллоев рух надодаанд. Ёд дорам, бо Кумитаи андоз ихтилофе пеш омада буд, ки ба манфиатҳои наздикони раиси он рабт дошт”.

Рӯҳониён дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон. 15 феврал.
Рӯҳониён дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон. 15 феврал.

Зафар Абдуллоев гуфт, ки ӯ Убайдуллоевро ба ҳайси як раҳбари масъулиятшинос мешиносад ва ӯ шахсест, ки ҳамеша ба интиқод ва вуҷуди мушкил вокуниши сареъ ва дуруст мекарду аз пайи ислоҳи он мешуд. Ин коршинос изҳори умедворӣ кард, ки айни чунин тафтишу санҷишҳо дар нисбати кори раиси нави шаҳр ва тими ӯ ҳам дар оянда сурат хоҳад гирифт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ширикони қадимии президент Раҳмон аст, ки баробари ӯ ба қудрат расид ва дар тӯли ин солҳо аз танқиди раиси ҷумҳур ҷон ба саломат бурдааст. Ин далел, ки раиси ҷумҳур таҳқиқи фаъолияти шаҳрдориро дар замони раҳбарии ӯ амр додааст, назарҳои мухталифро ба миён овардааст, ки оё ҳадаф Убайдуллоев аст ё вазъияти шаҳр, ки дар тӯли солҳои охир зоҳиран обод, вале ботинан бо зербиноҳои замони шӯравӣ боқӣ монд.

Марат Мамадшоев.
Марат Мамадшоев.

Ба эътиқоди Марат Мамадшоев, коршиноси тоҷики муқими Бишкек, шояд ин тафтишот ба Маҳмадсаид Убайдуллоев рабте нагирад, вале бо назардошти пӯшида будани сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон, ҳар гуна таҳаввулеро дар ин замина интизор шудан мумкин аст.

“Мумкин аст дар ин росто омилҳои ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ ҷой дошта бошад. Шояд дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ натиҷагирӣ кунад, ки тими шаҳрдори пешин аз эътибори беҳад зиёд бархурдор буда ва бо нухбагони Русия робита дорад. Эҳтимолан камбудиҳое ошкор шавад, вале на дар сатҳи собиқ раис, балки муовинони шаҳрдор ва раҳбарони сохторҳои зирабт”.

Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон охири моҳи январи имсол эълон карданд, ки фаъолияти шаҳрдории Душанбе тафтиш мешавад. Абдукарим Зарифзода, муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 27 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси нақша, фаъолияти шаҳрдории Душанбе дар ду сол як бор санҷида мешавад ва тафтиши навбатии фаъолияти шаҳрдории Душанбе бояд моҳи майи соли 2018 гузаронда мешуд.

Аммо ӯ гуфт, бар асоси муроҷиати раиси феълии шаҳри Душанбе ва бархе аз шаҳрвандон, тафтиши ғайринавбатии тасарруфи маблағҳо дар шаҳрдорӣ оғоз гардидааст. Шаҳрдори пешини Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев то ба ҳол дар ин робита ба ин гуфтаҳои масъулони Оҷонсии зиддифасод низ ҳеҷ вокунише нишон надодааст ва барои матбуот маълум нест, ки оё ӯ аллакай ба саволҳои тафтишот посух медиҳад ё на.

XS
SM
MD
LG