Ман дар бораи шутури сафед бисёр чизҳоро шунида, вале надида будам.
Мақоли мардумии "Шутури сафедро дидед? Не" аз ин баъд шояд маънояшро гум кунад. Шутури сафед аз ҷумлаи 17 ҷонвари нодир аст, ки ахиран маъмурияти боғи вуҳуши Душанбе ба даст овардааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Саидхоҷа Сафаров, муовини раиси Боғи ҷонварони пойтахт, рӯзи 17-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, табдили ин ҷонварон, ки чанд рӯзи пеш сурат гирифтааст, теъдоди ҷонварони нодирро дар ин боғ зиёд кард. Сафаров гуфт, музокироти табодули ҳайвонот бо боғи вуҳуши Қазоқистон тақрибан як сол идома дошт ва ба ин натиҷа расиданд, ки бар ивази 7 паррандаи лошахӯр ва як кенгуру боғи вуҳуши Душанбе соҳиби 17 ҳайвони нодир гардад.
“Ду “Морал” ё оҳуи сибирӣ, як орикс – як навъ оҳу, ки аслан дар минтақаҳои гарм зиндагӣ мекунад, оҳуи навъи гну, оҳувони аврупоӣ, як ҷуфт ҷайраи сафед, як шутури сафед ва як шутури яккуфона ворид кардем”, - афзуд ӯ.
Саидхоҷа Сафаров гуфт, додугирифт ва табодули ҳайвонот миёни боғи ҷонварони кишварҳои гуногун як роҳи маъмулии густариши захираҳои ҷонварон ва кумак дар наслгирии онҳо мебошад. Ҳайвонҳои овардашуда ба боғи вуҳуши Душанбе аксари тамошогаронро хушҳол кардааст. Зеро бештари онҳоро мардум бори аввал аз наздик медиданд ва аз ҳаракатҳояшон ҳам ҳайрон мешуданд.
Рустами Шералӣ, сокини Душанбе, аз дидани гӯсфанди кабуди ёбоӣ истиқбол кард. Ин намуди гӯсфанд, ки дар минтақаҳои куҳсори Непал, Чин, Покистон ва Ҳиндустон зиндагӣ мекунад, растанӣ ва сабзавот истеъмол мекунад. Рустам мегуяд, “ҷаҳиши ин гӯсфанд, ки то 8 метр баланд аст, барои ман аҷиб буд. Чунки дар Тоҷикистон ягон бор ин хел гӯсфандро надидаам”.
Аммо ба фарқ аз ин ҳамсуҳбати мо, Саъдии Сафаралӣ, сокини дигари Душанберо дидани уштури сафед хуш омадааст. “Ман дар бораи шутури сафед бисёр чизҳоро шунида, вале надида будам. Акнун дар боғи ҳайвоноти худамон онро аз наздик мебинам, зиёд мехоҳам, ки дар инҷо фил ҳам пайдо шавад. Чун ин ҳайвонро ман боре аз наздик надидам”, - нақл кард ӯ.
Боғи ҳайвоноти Қазоқистон тирамоҳи соли гузашта ба Тоҷикистон ду аспи навъи понӣ ва чанд намуд морро тақдим карда буд ва ин ҷонварон ҳам бар ивази ду каргаси сиёҳ ва ду уқоби сафедсар оварда шуданд.
Дар соли 2017 ба боғи вуҳуши Душанбе ҳудуди 50 ҳайвоноти нодири дигар аз хориҷа оварда шуданд. Ин боғ бо боғҳои вуҳуши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо ҳамкорӣ дорад. Масъулини боғи ҳайвоноти Душанбе мегӯянд, пас аз беҳтар шудани муносибатҳо бо Узбакистон онҳо гуфтугӯ бо боғи ҳайвоноти ин кишварро шуруъ кардаанд. Феълан ин гуфтугӯҳо дар сатҳи пешниҳодӣ шурӯъ шудааст ва умед доранд, дар оянда аз роҳи табодули ҳайвонот ҳамкорӣ кунанд. Соли 2015 аз як боғи ҷонварони Ҷумҳурии Чех чаҳор кенгуру ҳам оварданд.
Боғи ҳайвоноти Душанбе соли 1961 дар аҳди Шӯравӣ сохта шудааст. Азбаски боғ дар маркази пойтахт воқеъ шудааст, соли гузашта ҳукумат гуфт, дар канори шаҳри Душанбе барои бунёди он замин ҷудо шудааст ва дар сурати пайдо шудани маблағ бунёди боғи муосир дар масоҳати 25 гектар шурӯъ мешавад. Айни замон дар “Боғи ҳайвонот” наздики 900 ҷонвар, аз ҷумла шеру бабру маймун, хирс ва навъҳои мухталифи паррандагони нодир нигаҳдорӣ мешавад.