Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин соли нави кенгуруҳои чехӣ дар Душанбе


Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе се кенгуруро, ки аз Чехия овардаанд, дар фасли сармо дар ҳуҷраи махсуси муҷаҳҳаз бо бухории барқӣ ҷой кардаанд.

Кенгуруҳое, ки соли гузашта аз Ҷумҳурии Чех оварда буданд, аввалин соли нави худро дар Тоҷикистон дар як ҳуҷраи Боғи ҳайвоноти Душанбе истиқбол гирифтанд. Ин ҳуҷра махсус барои зимистонгузаронии кенгуруҳо омода шудааст ва барои гарм кардани он аз гармидиҳандаҳои барқӣ истифода мекунанд.

Кенгуруҳо дар ҳавои хунук аз хоначаашон камтар ба берун мебароянд ва тамошобинон низ мегӯянд, ки дар оғози зимистон ин ҷонваронро камтар дидаанд. Саидхоҷа Сафаров, муовини раиси Боғи ҳайвоноти Душанбе мегӯяд, "онҳо ҳамеша дар қафас набуда, танҳо дар рӯзҳои хунукӣ дар он ҷой нигоҳдорӣ мешаванд. Аммо мушкил дар ин аст, ки агар онҳоро рӯзона ба берун барорем, дубора ба ҳуҷраи зимистона ҷойгир карданашон амри маҳол аст. Аслан онҳо хеле ҳайвонҳои ҳассосанд."

Се кенгуруи Боғи ҳайвоноти Душанбе тобистони соли гузашта аз як Боғи вуҳуши Ҷумҳурии Чех бар ивази 2 хирс ба Тоҷикистон оварда шуданд. Моҳҳои аввали зиндагӣ дар ин боғ барои ин ҷонварон мушкил будааст, вале ба гуфтаи масъулини Боғи ҷонварони Душанбе, ҳамакнун онҳо ба иқлими кишвар мутобиқ мешаванд.

Шарофиддин Саидов, ки шаш моҳ боз кенгуруҳоро нигоҳубин мекунад, гуфт, «рӯзҳое, ки ҳаво сард бошад, ба онҳо оби гарм медиҳам. Вобаста ба боду ҳаво хӯрокашонро медиҳам. Масалан рӯзҳое, ки ҳаво салқинтар бошад, хӯрокҳои гарм медиҳем. Баъзе вақт сабзавот ҳам медиҳем, алафу юнучқа ҳам.»

Аслан аз боғи вуҳуши Чех ба Тоҷикистон ду ҷуфт ё 4 кенгуру оварда шуд, аммо яке аз онҳо ҳанӯз дар рӯзҳои аввали зиндагӣ дар Тоҷикистон ба ин муҳит мутобиқ нашуда фавтидааст. Масъулони боғ аз шарҳи фавти вай худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, кенгуруҳо хеле ҷонварони ҳассосанд ва чандин моҳи дигар лозим аст, то пурра ба боду ҳавои Тоҷикистон мутобиқ шаванд ва табъи тамошобинони боғи ҷонваронро дар пойтахти кишвар болида созанд.

Аввалин соли нави кенгуруҳои чехӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

XS
SM
MD
LG