Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи пойтахт ҳам аз зиёиён ҳимоят кард, на аз Тутубалина


Олга Тутубалина
Олга Тутубалина

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 30 апрел ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди даъвои зиёиён алайҳи ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” ва хабарнигори ин нашрия Олга Тутубалинаро ба қувваи худ боқӣ гузошт.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 30 апрел шикояти вакилони ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” ва хабарнигори ин нашрия Олга Тутубалина аз қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар қазияи “зиёиён алайҳи Тутуталина”-ро рад кард. Бино ба гузориши хабаргузории "Азия Плюс", вакилони нашрия ва Тутубалина мегӯянд, ба муҷарради ба даст овардани нусхаи ҳукм ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд.

Ҷониби нашрия ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз 25 февралро, ки “Азия Плюс” ва Олга Тутубалинаро дар таҳқири қишри зиёӣ муҷрим шинохта, ба пардохти товон ба маблағи 30 000 сомонӣ, муодили 6 000 доллар муваззаф кардааст, “беасос” ва “ғайриқонунӣ” меномад ва мегӯяд, Тутубалина набояд барои суханоне, ки дар вақташ асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин задааст, ба масъулият кашонда шавад.

Дар моҳи июни соли 2013 Олга Тутубалина дар “Азия Плюс” дар матлабе бо номи “Неинтеллигентно об интеллигенции” пиромуни бозгашти шоири маъруф Бозори Собир баъди 19 соли ҳиҷрат бо истинод ба як гуфтаи асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Ленин зиёиёнро бо наҷосат ташбеҳ кард. Ин ташбеҳ ба вокуниши тунди сраҳбарони созмонҳои эҷодиву илмӣ, аз ҷумла сарони Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

Ба дунбол 5 созмони илмиву эҷодӣ - Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони Тоҷикистон ҳамроҳ бо се нафари алоҳида - Дилбар Абдиева, Аскаралӣ Раҷабов ва Ҳикмат Раҳмат – ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, аз нашрия ва хабарнигораш ҷуброни товони маънавӣ талаб карданд.
Даъвогарон мегӯянд, ки калимаи “наҷосат”, ки дар матлаби Тутубалина нисбат ба зиёиён истифода шудааст, “ба воқеъият дуруст намеояд” ва шаъну шараф ва эътибори равшанфикрон, як қишри баобрӯи ҷомиаи Тоҷикистонро паст мезанад. Онҳо ҳамчун аз муаллиф ва нашрияи “Азия Плюс” 200 000 сомонӣ товон мехостанд. Аммо додгоҳ рӯзи 25 феврал қарор кард, ки “Азия Плюс” ва Олга Тутубалина ба се шахси даъвогар 30 000 сомонӣ пардохт кунанд.

Ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мавҷи интиқодҳо дар маҳофили журналистии Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалиро ба бор овард. Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ҳамин тавр ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот аз ин ҳукм изҳори таассуф карда, онро аломати фишор болои журналистони мунтақид дар Тоҷикистон хонданд.

Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот гуфт, агар марзи осеби маънавӣ мушаххас нашавад, ҳар назари мухолиф метавонад мавзӯъи даъвои ҷуброну товон шавад. Ба ақидаи намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, “ҷомиаи демократӣ бояд ба баҳсҳои ҷамъиятӣ бидуни таҳдид ба муҷозоти молӣ имкон бидиҳад.”

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” низ дар оғози моҳи равон ҳукми додгоҳ алайҳи ҳафтаномаи “Азия Плюс” ва хабарнигораш Олга Тутубалинаро “таҳдиди амиқ ба журналистикаи мустақил дар Тоҷикистон” номида, хостори лағви ин “ҳукми бемаънӣ” шудааст. Ин созмон аз мақомоти додгоҳии Тоҷикистон хостааст, то ҳукми додгоҳи поёнӣ алайҳи нашрияи мустақили “Азия Плюс” ва хабарнигори ин нашрия Олга Тутубалинаро бекор кунад.
Йоҳан Бир, раҳбари бахши Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии созмони “Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд: “Ин ҳукми бемаънӣ таҳдиди амиқ ба журналистика дар Тоҷикистон аст. Агар нашрия барои иқтибос ба масъулият кашонда шавад ва даъвогарон бидуни бардоштани кадом осебе даъвои ҷуброн кунанд, пас озодии баён, ки Қонуни асосии Тоҷикистон замонат додааст, маъное надорад.”

Йоҳан Бир афзудаааст, “нафақат “Азия Плюс”, балки ҳар расонаи дигари интиқодгар таҳти таҳдиди ин ҳукми сиёсӣ қарор мегиранд. Мо аз додгоҳи таҷдиди назар даъват мекунем, то ин қазияро комилан холисона такмил карда ва бо эҳтиром ба қонун пардохти товонро бекор кунад.”

НАНСМИТ, Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ ҳукми додгоҳи Фирдавсиро зарба ба матбуоти мустақил номид.

Ҳуқуқдонҳои мустақил дар худи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, дар асл бояд Владимир Ленинро ҳамчун муаллифи аслии ибораи “Интеллигенция это не мозг нации, а ее говно” ба курсии ҷавобгарӣ мешинонданд, на Тутубалинаро, ки дар матлабаш аз “доҳии пролетариат” танҳо иқтибос кардааст.
Вале, тавре ҳуқуқдони маъруфи тоҷик Абдуқаюм Юсуфӣ дар шарҳи ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, азбаски Ленин ҳанӯз 90 сол қабл, дар соли 1924 ин дунёро падруд гуфтааст, додгоҳи Тоҷикистон имрӯз қасди ӯро аз Тутубалина гирифт.

Олга Тутубалина аз хабарнигорони матраҳи ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” аст. Ҳафтаномаи “Азия Плюс” бахше аз силсилаи расонаҳоест, ки ҳанӯз дар миёнаи солҳои 90 аз тарафи хабарнигор ва ношири шинохта Умед Бобохонов таъсис ёфтааст. Ин медиа-ҳолдинг имрӯз як ҳафтаномаву як хабаргузорӣ ва як шабакаи радиоӣ бо номи “Азия Плюс” ва маҷаллаи муҷаллое бо номи “VIP-Zone”-ро фаро мегирад ва аз муваффақтарини тарҳҳо дар бозори матбуоти Тоҷикистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG