Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукм дар қазияи Тутубалина ба фардо монд


Олга Тутубалина
Олга Тутубалина
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе эълони ҳукмаш дар мавриди даъвои иттиҳодияҳои эҷодӣ алайҳи хабарнигори "Азия плюс" Олга Тутубалинаро ба субҳи 25 феврал мавқуф гузошт. Ибтиидо қарор буд, ки додгоҳ ҳукмашро баъд аз зӯҳри 24 феврал эълон кунад. Дар ин баҳси додгоҳӣ даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, онро дар ин даъво Фарҳангистони улум, Иттиҳодияҳои рассомону оҳангсозону меъморон ва номзади илми тиб, устоди кафедраи амрози пӯст ва амрози ҷинсии Донишгоҳи тибб Дилбар Абдиева ҳамроҳӣ мекунанд.

Онҳо дар даъвои худ гуфтаанд, матлаби Олга Тутубалина бо номи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») аз моҳи июни соли 2013 бо истифодаи сифатҳое, чун “наҷосат” дар таърифи қишри зиёӣ эътибори касбии як гурӯҳи бузурги мардум, яъне як гурӯҳи иҷтимоиро, ки афроди машғули меҳнати фикрӣ ва дорои маълумоти барои анҷоми ин кор лозим, аз қабили муҳандисон, табибон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, кормандони илму фарҳанг ва ходимони давлатиро фаро мегирад, паст мезанад." Олга Тутубалина аммо мӯътақид аст, ки касеро таҳқир накардааст, балки воқеъияти ҳолро дар бораи нақш ва ҷойгоҳи қишри равшанфикр дар ҷомиаи имрӯзаи Тоҷикистон фош кардааст.

Созмонҳои фарҳангии Тоҷикистон ибтидо ба Додгоҳи иқтисодии пойтахт алайҳи Тутубалина шикоят бурда буданд, аммо бинобар ба забони русӣ пешниҳод шудани ариза ва рабт надоштани он ба масоили иқтисодӣ ин додгоҳ аз баррасии даъвои онҳо алайҳи хабарнигор даст кашид.

Созмонҳои ҳомии матбуот ин даъво ва даъвоҳои дигареро, ки дар додгоҳҳои Тоҷикистон алайҳи нашрияҳо ва хабарнигорони маҳаллӣ баррасӣ мешаванд, як василаи саркӯби матбуоти мустақил ва озодии баён дар Тоҷикистон мешуморанд.
XS
SM
MD
LG