Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти "Хабарнигорони бидуни марз" аз Олга Тутубалина


Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” ҳукми додгоҳ алайҳи ҳафтаномаи “Азия Плюс” ва хабарнигораш Олга Тутубалинаро “таҳдиди амиқ ба журналистикаи мустақил дар Тоҷикистон” номида, хостори лағви ин “ҳукми бемаънӣ” шудааст.

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” (Reporters Without Borders) рӯзи 8 апрел бо пахши як изҳорот аз мақомоти додгоҳии Тоҷикистон хостааст, то ҳукми додгоҳи поёнӣ алайҳи нашрияи мустақили “Азия Плюс” ва хабарнигори ин нашрия Олга Тутубалинаро бекор кунад. Додгоҳи Душанбе дар садади баррасии шикояти “Азия Плюс ва Олга Тутубалина аз ҳукми якуним моҳ пеши додгоҳи ноҳияи Фирдавсист, ки онҳоро бо ҷурми таҳқири зиёиён ба пардохти 30 000 сомонӣ, муодили тақрибан 6 000 доллар ҷарима муваззаф кардааст.

Йоҳан Бир, раҳбари бахши Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии созмони“Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд: “Ин ҳукми бемаънӣ таҳдиди амиқ ба журналистика дар Тоҷикистон аст. Агар нашрия барои иқтибос ба масъулият кашонда шавад ва даъвогарон бидуни бардоштани кадом осебе даъвои ҷуброн кунанд, пас озодии баён, ки Қонуни асосии Тоҷикистон замонат додааст, маъное надорад.”

Йоҳан Бир афзудаааст, “нафақат “Азия Плюс”, балки ҳар расонаи дигари интиқодгар таҳти таҳдиди ин ҳукми сиёсӣ қарор мегиранд. Мо аз додгоҳи таҷдиди назар даъват мекунем, то ин қазияро комилан холисона такмил карда ва бо эҳтиром ба қонун пардохти товонро бекор кунад.”
Пуштибонии "Хабарнигорони бидуни марз" аз Тутубалина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00
Линки мустақим

“Хабарнигорони бидуни марз” яке аз мӯътабартарин созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот ба шумор меравад. Ин созмон дар раддабандии имсолааш Тоҷикистонро аз нигоҳи мурооти озодии матбуот дар байни 180 кишвар дар мақоми 115-уми гузоштааст.

Таърихчаи баҳси Тутубалина бо зиёиён
Олга Тутубалина
Олга Тутубалина
Дар моҳи июни соли 2013 Олга Тутубалина дар “Азия Плюс” дар матлабе бо номи “Неинтеллигентно об интеллигенции” пиромуни бозгашти шоири маъруф Бозори Собир баъди 19 соли ҳиҷрат бо истинод ба як гуфтаи асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Ленин зиёиёнро бо наҷосат ташбеҳ кард. Ин ташбеҳ ба вокуниши тунди сраҳбарони созмонҳои эҷодиву илмӣ, аз ҷумла сарони Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Ба дунбол 5 созмони илмиву эҷодӣ - Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони Тоҷикистон ҳамроҳ бо се нафари алоҳида - Дилбар Абдиева, Аскаралӣ Раҷабов ва Ҳикмат Раҳмат – ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, аз нашрия ва хабарнигораш ҷуброни товони маънавӣ талаб карданд.

Даъвогарон мегӯянд, ки калимаи “наҷосат”, ки дар матлаби Тутубалина нисбат ба зиёиён истифода шудааст, “ба воқеъият дуруст намеояд” ва шаъну шараф ва эътибори равшанфикрон, як қишри баобрӯи ҷомиаи Тоҷикистонро паст мезанад. Онҳо ҳамчун аз муаллиф ва нашрияи “Азия Плюс” 200 000 сомонӣ товон мехостанд. Аммо додгоҳ рӯзи 25 феврал қарор кард, ки “Азия Плюс” ва Олга Тутубалина ба се шахси даъвогар 30 000 сомонӣ пардохт кунанд.

Ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мавҷи интиқодҳо дар маҳофили журналистии Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалиро ба бор овард. Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ҳамин тавр ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот аз ин ҳукм изҳори таассуф карда, онро аломати фишор болои журналистони мунтақид дар Тоҷикистон хонданд.

Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот гуфт, агар марзи осеби маънавӣ мушаххас нашавад, ҳар назари мухолиф метавонад мавзӯъи даъвои ҷуброну товон шавад. Ба ақидаи намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, “ҷомиаи демократӣ бояд ба баҳсҳои ҷамъиятӣ бидуни таҳдид ба муҷозоти молӣ имкон бидиҳад.”

Қасди Ленинро аз Тутубалина гирифтанд?

Ҳуқуқдонҳои мустақил дар худи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, дар асл бояд Владимир Ленинро ҳамчун муаллифи аслии ибораи “Интеллигенция это не мозг нации, а ее говно” ба курсии ҷавобгарӣ мешинонданд, на Тутубалинаро, ки дар матлабаш аз “доҳии пролетариат” танҳо иқтибос кардааст.

Вале, тавре ҳуқуқдони маъруфи тоҷик Абдуқаюм Юсуфӣ дар шарҳи ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, азбаски Ленин ҳанӯз 90 сол қабл, дар соли 1924 ин дунёро падруд гуфтааст, додгоҳи Тоҷикистон имрӯз қасди ӯро аз Тутубалина гирифт.

Олга Тутубалина аз хабарнигорони матраҳи ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” аст. Ҳафтаномаи “Азия Плюс” бахше аз силсилаи расонаҳоест, ки ҳанӯз дар миёнаи солҳои 90 аз тарафи хабарнигор ва ношири шинохта Умед Бобохонов таъсис ёфтааст. Ин медиа-ҳолдинг имрӯз як ҳафтаномаву як хабаргузорӣ ва як шабакаи радиоӣ бо номи “Азия Плюс” ва маҷаллаи муҷаллое бо номи “VIP-Zone”-ро фаро мегирад ва аз муваффақтарини тарҳҳо дар бозори матбуоти Тоҷикистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG