Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраҳои нав дар парвандаи шахсиятҳои маъруф. Ҷамшед Боев ва Нурамин Ғанизода кистанд?

навшуда

Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ
Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ

Дар доираи парвандаи чеҳраҳои саршинос, ки ба талоши “ғасби қудрат” гумонбар мешаванд, ду мансабдори пешини дигар боздошт шудаанд.

Дар ин бора як манбаи наздик ба тафтишот, ки ба далоили амниятӣ нахост номаш бурда шавад, хабар дод. Мақомоти расмӣ аз боздоштҳои нав иттилоъ надодаанд ва талошҳои мо барои дарёфти тасдиқ ё радди хабар аз тарафи онҳо ноком монд.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 1-уми ноябр хабари боздошт шудани ду сарҳанг ё полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боевро тасдиқ кард.

Манобеъ Нурамин Ғанизодаро ёвари Ҳамроҳхон Зарифӣ дар замони кораш ба унвони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ном мебаранд. Вай ҳамчунин муддате дар Палатаи ҳисоби Тоҷикистон кор кардааст.

Дар бораи сарҳанги мустафъӣ Ҷамшед Боев танҳо маълумоте вуҷуд дорад, ки шаҳрвандии Русияро ҳам дошта, аз ин кишвар нафақаи бознишастагӣ мегирифтааст. Ба гуфтаи манобеъ, ин ду тан замони боздошти Ҳамрохон Зарифӣ дар моҳи июн дастгир шудаанд.

Ҷузъиёти нав дар парвандаи шахсиятҳои маъруф
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Додситони куллии Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон, рӯзи 9-уми август дар нишасти хабарӣ дар баробари таъйиди шахсияти баъзе аз дастгиршудаҳо, аз боздошти афроди дигар ҳам хабар дод, вале аз онҳо ном набурд.

Ҳарчанд Додситонии кул то кунун иттиҳомро расман эълом накардааст, манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки ҳамаи афроди гумонбар дар ин қазия бо моддаи 306-и Кодекси ҷиноӣ (ғасби қудрат) муттаҳам шудаанд. Бархе афроди ҷудогона иловатан ба моддаи 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ) низ муттаҳам дониста шудаанд. Ҳар ду ин модда солҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Дар доираи ин парванда, аз нимаи июни имсол то ҳоло, боздошти

Парвандаи онҳо қарор буд дар аввали моҳи сентябр ба додгоҳ фиристода шавад. Тибқи иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ дар низоми додгоҳии Тоҷикистон, ба иллати далелҳои нокофӣ ирсоли он ба додгоҳ ба ақиб уфтод ва танҳо ҳоло такмил шуда, гумон меравад, мурофиаҳои додгоҳӣ ҳафтаи аввали моҳи ноябр оғоз шаванд.

Ба наздикони боздоштшуда гуфта шудааст, ки ба ширкати онҳо дар муҳокима роҳ дода намешавад.

XS
SM
MD
LG