Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Аҳмадшоҳ Комилзода аз 15-уми июн дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) нигаҳдорӣ мешавад. Вай аз додани ҳама гуна ҷузъиёт худдорӣ намуд.
Манбаи дигари наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон хабари боздоштро тасдиқ кард ва афзуд, рӯзи 16-уми июн дар манзили Аҳмадшоҳ Комилзода кофтуков ҷараён ёфта, компютер, қайдҳо ва телефони дувуми ӯ мусодира шудаанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, “боздошти Комилзода ба қазияи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократ марбут аст.” Манбаъ гуфт, “алайҳи Комилзода парванда боз шудааст”, вале намедонад, ки бар асоси кадом банди қонун.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июн бо гумони “кӯшиши ғасби ҳукумат” боздошт шуд.
Дар аввали моҳи май гурӯҳе, ки худро узви ҲДТ медонистанд, дар ҷаласае Усмонзодаро барканор ва ба ҷояш Шаҳбози Аброр, рӯзноманигор ва молики чанд расонаи чопиро раҳбар интихоб карданд. Аҳмадшоҳ Комилзода, ки то ин он вақт муовини Усмонзода дар ҳизб буд, дар ин анҷуман муовини аввали Шаҳбози Аброр интихоб шуд. Ба гуфтаи як шахси огоҳ аз қазия интизор мерафт, ки Комилзода ба ҷойи Усмонзода аз номи ҳизб узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мешуд.
Аҳмадшоҳ Комилзода дар поёни солҳои 90-ум узви раёсати созмони миллии “Растохез” ва мудири Телевизиони Тоҷикистон буд. Соли 1993 ҳамроҳ бо чанд рӯзноманигори дигар боздошт шуд ва муддатеро дар зиндон сипарӣ кард.
Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ташкили Кумисюни оштии миллӣ сухангӯйи ин Кумисюн буд. То соли 2011 хабарнигори “Садои Амрико” дар Тоҷикистон буд.
Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмии масъала ба Додситонии кулли Тоҷикистон номаи расмӣ фиристод ва мунтазири посух аст.