Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳамсояи Афғонистон дар СММ аз Толибон шикоят карданд


Ҷонибдорони Таҳрики Толибони Покистон
Ҷонибдорони Таҳрики Толибони Покистон

Ду ҳамсояи Афғонистон дар нишасти Шӯрои амнияти СММ аз ҳузури гурӯҳои тундрав дар ин кишвар бори дигар нигаронӣ карданд.

Намояндаи Покистон ва Эрон рӯзи 21-уми июн дар нишасти Шӯрои амнияти СММ гуфтанд, ки аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон сахт нигарон ҳастанд.

Мунир Икромӣ, намояндаи доимии Покистон дар СММ гуфт, ки шохаи “ДОИШ-и Хуросон”, Ал-Қоида, гурӯҳи Таҳрики Толибон ва чанд гурӯҳи тундрави дигар дар хоки Афғонистон фаъол шудаанд ва ба амнияти минтақа хатар эҷод мекунанд.

Таҳрики Толибони Покистон ё ТТП, як гурӯҳе ҳаст, ки бо низомиёни покистонӣ дар қаламравҳои қабиланишин ҷанг мекунад. Покистон иддао дорад, ки ин гурӯҳро Толибони Афғонистон пуштибонӣ мекунад.

Мунир Икромӣ гуфтааст, агар Толибони Афғонистон ба ваъдаашон дар амри мубориза бо терроризм содиқ ҳастанд, бояд раҳбарони ТТП-ро ба Покистон диҳанд.

Сайид Ирвонӣ, намояндаи Эрон дар СММ гуфт, Толибон бояд мубориза бо гурӯҳҳои ҳаросафканро ҷиддӣ бигиранд.

Толибон борҳо гуфтаанд, ки ба ҳеч гурӯҳи тундрав иҷозаи фаъолият дар хоки Афғонистонро намедиҳанд.

Кишварҳои ҳамсоя ва Созмони Милали Муттаҳид нигаронӣ доранд, ки Толибон ба ваъдаашон амал намекунанд ва Афғонистон ба макони гурӯҳҳои тундрав табдил меёбад.

XS
SM
MD
LG