Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи сафари ронандаҳои тоҷик бо мошинҳои сиёҳшиша ба Узбекистон


Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон сафари ронандаҳои тоҷик бо мошинҳои сиёҳшишаро ба Узбекистон қатъиян манъ кард. Мақомоти ин ниҳод рӯзи 19-уми апрел бо нашри як огоҳӣ ба ронандаҳо гуфтанд, ки қоидаҳои ҳаракат дар кишвари ҳамсояро низ ҷиддӣ риоя кунанд.

  • Ин огоҳӣ дар пайи баъзе нигаронҳо аз рафтори ронандаҳои тоҷик дар шаҳру минтақаҳои Узбекистон нашр шуд.
Сокинони Тоҷикистон моҳи марти имсол, пас аз ифтитоҳи гузаргоҳҳо ва сафари бидуни виза барои як моҳ, имкон пайдо карданд, ки бо мошинҳои худ вориди хоки Узбекистон шаванд.

"Аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиётие, ки ба Ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя - Узбекистон сафар менамоянд, эҳтиромона хоҳиш ва талаб мекунем, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар меъёрҳои амалкунанда риоя ва итоат намоянд", - гуфта шудааст дар огоҳии Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон. Аммо дар ин огоҳӣ шарҳ дода нашудааст, ки далели чунин тасмим аз тарафи мақомоти тоҷик чӣ будааст.

Ҳафтаи гузашта баъзе аз расонаҳои Узбекистон аз ҳузури мошинҳои сиёҳшиша аз Тоҷикистон ва риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат аз тарафи соҳибони онҳо ба шиддат нигаронӣ карда буданд. Онҳо гуфтанд, ки мухолифи ҳузури мошинҳои сокинони Тоҷикистон дар роҳҳои он кишвар нестанд, аммо мехоҳанд, ба қонунҳои Узбекистон эҳтиром гузошта шавад.

Расонаҳои Узбекистон мегӯянд, бино ба қонунҳои он кишвар сиёҳ кардани шишаи мошинҳо манъ аст ва риояи ин қонун барои ҷаҳонгардон низ дахл дорад. Аммо ин талабот кормандони намояндагони дипломатиро фаро намегирад.

Ронандаҳои тоҷик аз моҳи марти имсол, баъди ифтитоҳи гузаргоҳҳо ва сафари бидуни виза барои як моҳ, имкон пайдо карданд, ки бо мошинҳои худ вориди хоки Узбекистон шаванд. Баъзе аз ронандаҳои тоҷик гуфтанд, дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз касе монеи сафари онҳо бо мошинҳои сиёҳшиша ба Узбекистон нашуд.

  • Танҳо дар моҳи марти имсол марзи Тоҷикистону Узбекистонро 300 ҳазор нафар гузаштаанд. Эргаш Шоисматов, сафири Узбекистон, ин иттилоъро ҳафтаи гузашта пас аз таслими эътимоднома ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе баён кард. Ӯ гуфт, убуру мурури теъдоди зиёди шаҳрвандон ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ вобаста аст. Ин гузаргоҳҳо ба камияш даҳ соли охир баста буданд.

Вале ҳангоми сафари дубораи онҳо дар марз гуфтаанд, ки бояд шишаҳои сиёҳои мошинашонро тоза кунанд ё ҷарима хоҳанд шуд. "Аллакай дар марз мефаҳмонанд, ки вазъият чӣ хел аст. Барои онки дар Узбекистон бе шишаҳои сиёҳ мегарданд. Дафъаи дувум маҷбур шудам, аз марз баргардам, чун барои шишаҳои сиёҳи мошин хеле пул сарф кардаам", - гуфт Алишер, як мусоҳиби мо аз вилояти Суғд.

Дар гузашта танҳо мақомоти аввали Тоҷикистон, кормандони пулису амният ва раҳбарони идораҳои муҳим метавонистанд аз шишаҳои тира ё сиёҳ истифода кунанд. Аммо соли 2009 ба хоҳишмандони дигар, ки мехоҳанд паси панҷараи тираи мошинҳо нонамоён бимонанд, иҷозат шуд, бо пардохти 500 доллар дар сол ингуна имкониятро дарёфт намоянд.

Шишаи сиёҳи мошинҳо аз соли 1995 дар Тоҷикистон ба манзури он ки гурӯҳҳои ҷиноӣ аз он истифода накунанд, мамнӯъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG