Мақомоти Туркия ба чаҳор ҷавони тоҷик, ки мехостанд, ба он кишвар барои кор бираванд, иҷозаи вуруд надодаанд. Ҳамид Раҳмонов, яке аз ин ҷавонон, ки се рӯз боз дар фурудгоҳи Истанбул банд мондааст, рӯзи 22-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 19-уми апрел бо ҳавопаймои ширкати “Сомон эйр” ба Истанбул омаданд, вале дар гузаргоҳи марзӣ ба онҳо гуфтаанд, ки “ба сабаби надоштани пули кофӣ” наметавонанд, вориди Туркия шаванд.
Ҳамид Раҳмонов гуфт, дар воқеъ онҳо "дар кисаашон ё 50 ё 3-4 доллар доштанд ва намедонистанд, ки бояд пули бештар бигиранд."
Айни замон Носир Хуҷамқулови 28-сола аз Панҷакент, Шерзод Эшонқулов, аз ноҳияи Рӯдакӣ, Акрам Ҷӯраеви 24-сола аз шаҳри Турсунзода дар фурудгоҳи Истанбул нигаҳ дошта мешаванд ва мақомоти марзбонии Туркия ба онҳо гуфтаанд, ки мумкин аст, рӯзи 24-уми апрел онҳоро ба Тоҷикистон баргардонанд.
Солҳои ахир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Туркия мераванд, зиёдтар мешавад, вале бо сахттар шудани муқаррароти сафар ба ин кишвар, ки шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ шудааст, баъзе аз онҳоро аз марз бармегардонанд. Дар гузашта ҳам чандин шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи Туркия ба кишвар бозгардондаанд.