Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$10 000 – дар як рӯз. "Лимит"-и интиқоли пул аз Тоҷикистон ба хориҷа коҳиш ёфт


Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Бонки Миллии Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли пул аз кишвар ба хориҷаро коҳиш додааст. Ҳоло сокинони Тоҷикистон ҳақ доранд, дар як рӯз ба наздикони худ дар хориҷи кишвар то 10 ҳазор доллар пул фиристанд. Қаблан ин рақам то 3 ҳазор доллар буд.

Ҳадаф танҳо ин буд, ки аз берун шудани маблағи зиёд ба хориҷа ҷилавгирӣ шавад.

Анвар Сатторов – як масъули Бонки “Эсхата” дар Душанбе – рӯзи 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кор пас аз ислоҳи “дастурамали 204” имконпазир шуд. “Дар гузашта сокинон метавонистанд, ба наздикони худ дар хориҷа то 27 ҳазор сомонӣ фиристанд. Акнун метавонанд, то 87 500 сомонӣ интиқол диҳанд”, - афзуд ӯ.

Анвар Сатторов гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ҳангоми интиқоли маблағ ба хориҷ, ба бонк сомонӣ супоранд ва он бо қурби муайянкардаи Бонки Миллӣ бо асъори хориҷӣ иваз ва фиристода хоҳад шуд. Ӯ гуфт, “барои интиқоли аз 10 ҳазор доллар бештари маблағ шаҳрвандони Тоҷикистон бояд суратҳисоби бонкӣ боз кунанд. То 10 ҳазор доллар бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқол дода хоҳад шуд.”

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтанд, тағйирот дар низоми интиқоли пул ба хориҷи кишвар дар моҳи марти имсол таҳия шуда, баъди тасдиқ дар Вазорати адлия аз оғози моҳи апрел дар тамоми бонкҳои Тоҷикистон ҷорӣ шуд.

Як ҳамсуҳбати мо дар Бонки Миллӣ бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, “кам кардан ва дар сатҳи то 3 ҳазор доллар нигоҳ доштани ҳаҷми интиқоли пул ба хориҷа дар замони пайдо шудани мушкилӣ дар низоми бонкӣ гирифта шуда буд. Ду бонки калонтарини мо ба мушкили ҷиддӣ гирифтор шуданд ва ҳадаф танҳо ин буд, ки аз берун шудани маблағи зиёд ба хориҷа ҷилавгирӣ шавад.”

Аммо ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, баробари ба эътидол омадани низоми бонкӣ дар кишвар ҳамакнун баъзе аз маҳдудиятҳо бо навбат бардошта мешаванд.

Маҳдудият дар интиқоли маблағ ба хориҷи кишвар дар соли гузашта ҷорӣ шуд. Дар пайи ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли пул ба хориҷи кишвар садҳо нафар аз шаҳрвадони Тоҷикистон, ки наздиконашон дар хориҷа мехонанд, ба мушкил гирифтор шуда буданд. Аз маҳдудиятҳо бахусус онҳое шикоят мекарданд, ки наздиконашон дар донишгоҳҳои хориҷ таҳсил мекарданд.

XS
SM
MD
LG