Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Восеъ. Баҳси "талх" барои чашмаи шӯр


Як зани сокини ноҳияи Восеъ даъво дорад, ки мақомот ният доранд заминашро бо чашмаи намаки воқеъ дар он, аз ӯ бигиранд.

Барфимоҳ Раҳимова, сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, солҳост, дар хоҷагии деҳқоние, ки замин ва чашмаи шӯр он ҷо воқеъ аст, ба ҳайси саҳмдор фаъолият мекунад ва дар ин замин ӯ ба коркарди намак шуғл дорад. Ин замин дар зери кӯҳи намаки Хоҷа Мӯъмин воқеъ аст ва заминдорон бештар ба коркарди намак сару кор доранд, зеро заминҳо ин мавзеъ бино бар шӯразор будан, ҳосили кам медиҳанд ва ё комилан ғайри кишоварзӣ шудаанд.

Хонум Барфимоҳ мегӯяд: «Он ҷо мо палҳои намак дорем, ки чашмаи шӯр омада, ҷамъ мешавад ва мо намакашро гирифта истеҳсол мекунем. Шавҳар надорам ва зиндагии худу панҷ фарзандамро аз ин ҳисоб пеш мебарам. Чанд сол аст, ки ин заминро истифода мебарам ва он саҳми ман ҳисоб мешуд. Ҳоло, ки мехоҳам саҳмамро ҷудо кунам, раиси Кумитаи заминсозӣ мухолиф аст ва розигӣ намедиҳад. Ба ғайри ҳамин, раиси Кумитаи замин дигар ҳама иҷозат додаанд. Баъди чанд сол мехоҳанд, зиндагиамро талх кунанд, лекин ман ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намедиҳам.»

Ин зан дар ин замин ҳамоно ба ҷамъоварии намак банд аст ва бовар дорад, ки минбаъд ин заминро, ки 0,71 гектар масоҳат дорад, пурра ба ихтиёраш медиҳанд.

Кони Хоҷамӯъмин
Кони Хоҷамӯъмин
Аммо Диловар Пиров, раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Восеъ мегӯяд, ин зан маъюби гурӯҳи дувум аст, ки имкони истифодаи хуби ин заминро надорад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Пиров, ин замин ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Эмом Таърифӣ» марбут аст ва ин ҷо ин зан ҳеҷ саҳме надорад.

Ӯ гуфт: «Мо ин заминро ба дуюм одам дода наметавонем. Ин ҷо кони намак аст ва ҳуҷҷатҳои геологӣ лозим аст. Идораи геология ба ин зан иҷозат надодааст, зеро ин ҷо фақат ба як нафар иҷозат медиҳанд. Ба ҶДММ «Эмом Таърифӣ» чанд сол боз ҳуҷҷат додаанд. Мо ҷаласа кардем ва бо иштироки ашхоси дахлдор ин занро фаҳмонидем. Ӯ фаҳмид ва гуфт, ки дигар даъво надорад. Ӯро нафарони манфиатдор ба ин кору баҳс равона мекунанд, вагарна, ин зан он қадар ба он замин эҳтиёҷманд нест. Ин ҷо хоҷагии деҳқонӣ ҳам нест, ки касе даъвои саҳм кунад. Ин ҷо кон аст ва корхонаву ширкатҳо кор мекунанд. »

Аммо хонум Барфимоҳ мегӯяд, зиндагии ширини хонаводагии ӯ аз ҳамин порчаи замини шӯр вобаста аст. Ӯ гуфт: «Дар ҳақиқат ман маъюб ҳастам. Президенти кишвар ҳам таъкид мекунад, ки ба маъюбон кӯмак расонед ва имконияти кор кардан диҳед. Дар ин замин чанд сол аст, ки кор мекунам ва ба ҷои ҳукуматдорони ноҳия маро кӯмак кунанд, ҳамин луқмаи нонамро кашида мегиранд. Ба ҳамаи ҷо шикоят мекунам, то ҳақиқат барқарор шавад.»

Баҳс сари қитъаи замине, ки аз он намак рӯёнида мешавад, дар ҳолест, ки зери Кӯҳи намаки Хоҷа мӯъмин беш аз даҳ ширкат бо ҷалби сокинони маҳаллӣ намаки ошӣ омода мекунанд. Аммо Оҷонсии Тоҷикстандарт мегӯяд, намаке, ки онҳо омода мекунанд, на ҳамеша ба талабот ҷавоб медиҳад. Чанде пеш кормандони ин Оҷонсӣ 40 тона намакеро, ки ба Душанбе интиқол медоданд, боздошт карданд, ки йод надорад.

Кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин аз бузургтарин кӯҳи намаки ҷаҳон маҳсуб меёбад. Зери ин кӯҳ садҳо ҳектор замине мавҷуд аст, ки ба шӯразор табдил ёфтаанд ва кишт намешаванд. Ин ҷо танҳо сокинон барои ширкатҳо намак ҷамъоварӣ мекунанд ва барои истеҳсол ба онҳо медиҳанд ва зиндагии онҳо аз ҳамин ҳисоб мегузарад. Мисле, ки Барфимоҳ Раҳимова мегӯяд, агар ин замини шӯрро аз ӯ бигиранд, зиндагиаш талх хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG