Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммӯи нерӯҳо дар атрофи кӯҳи Хоҷа Мӯъмин


Аз ду рӯз ба ин ҷониб, назорати минтақаҳои перомуни шаҳри Кӯлоб таҳти назорати шадид қарор гирифтааст. Чандин чархболи низомӣ дар осмони минтақа чарх мезананд ва нерӯҳои зиёде атрофи кӯҳи Хоҷа Мӯъминро таҳти назорат даровардаанд. Гуфта мешавад, омилони ҳамлаи Балҷувон инҷо паноҳ ёфтаанд.

Як манбаъ дар раёсати минтақавии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Кӯлоб бо Озодӣ таҷаммӯъи нерӯҳои интизомӣ дар атрофи кӯҳи Хоҷа Мӯъмин, дар 200 километрии ҷануби шаҳри Душанберо тайид кард ва гуфт, ки ин иқдом ба хотири таъқиби омилони ҳамла дар Балҷувон рӯи даст гирифта шудааст.

Манбаи мазкур мегӯяд, ки ин гурӯҳ эҳтимолан аз ҳафт ё ҳашт нафар иборат бошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун омилони ҳамла ба масъулини вазорати дохила дар ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик ошкор ва боздошт нашудаанд. Бар асари ин ҳама се нафар кушта ва ду нафар ҳам маҷрӯҳ шуда буданд.

Бино ба хабарҳои тайидношудаи дигар, шояд ин афрод, аз ҷумлаи маҳбусони фирорӣ аз маҳбаси муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бошанд. Вале то кунун манбаъҳои расмӣ ин хабарро тайид накардаанд.

Нақли сокинони маҳаллӣ


Ба қавли сокинони ноҳияи Восеъ, дирӯз пас аз нисфирӯзи як чархболи низомӣ аз қисми низомии воқеъ дар ҳудуди ноҳия сарбозонро ба самти ин кӯҳ бурдааст.

Рӯзимади Тоҳир, як сокини ноҳия мегӯяд, чархбол чанд маротиба дар варзишгоҳи марказии ноҳия нишаст ва сокинон мушоҳида карданд, ки ба он низомиён савор шудаанд. Ӯ мегӯяд, чун ҳоло ҳеҷ иттилои расмие ба сокинон нарасидааст, онҳо ба овозаҳо дода шудаанд.

«Ҳама гап дар асоси овозаҳо ҳаст. Аниқ касе гуфта наметавонад, ки барои чӣ ва кӣ мақомот он ҷо ҳастанд. Чун мо мушоҳида кардем, ки як чархбол чанд маротиба омада афсаронро бурд», - нақл кард ӯ.

Худдории мақомот аз шарҳи ҳодиса

Дар раёсати минтақавии шӯъбаи корҳои дохилаи минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ бо сабаби набудани роҳбарияти ин ниҳод аз додани иттилоъ ба рӯзноманигорон худдорӣ карданд. Зафар Муродов, як рӯзноманигорӣ маҳаллӣ мегӯяд, чанд маротиба ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Восеъ рафтааст, вале ба ӯ гуфтаанд, ки то анҷоми амалёт барояш касе иттилоъ намедиҳад.

Вай афзуд: «Дар назди бинои шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Восеъ як БТР-мошини ҳарбӣ мушоҳида кардем. Тавре ба ман подполковники милитсия Файзов иттилоъ дод, ки ҳоло дар шӯъба касе нест. Ҳама дар наздикии хоҷагии ба номи шодравон Одина Ҳошим, наздики Хоҷамӯъмин ҳастанд. Ва он ҷо гуфтанд, ки танҳо пас аз бозгашт онҳо бо шумо сӯҳбат хоҳанд кард».

Дар ҳамин ҳол, як навбатдори шӯъбаи корҳои дохила дар минтақаи Кӯлоб зимни сӯҳбати телефони гуфт, кормандони милиса дар паи шаҳодати сокинони маҳаллӣ аз ҳузури афроди ношинохта ба он ҷо рафтаанд. Аммо ӯ гуфт, то ҳол барояш дақиқ нест, ки он ҷо чӣ мегузарад ва мақомот ба чӣ натиҷа расидаанд.

Ӯ гуфт: «Бачаҳо ҳамон ҷо рафтаанд, Кӯҳи Хоҷамӯъмин ба Восеъ. Мегӯянд, ки ҳамон 7-8 нафар аз ҳамон терористҳо гуё дар ҳамон ҷо бошанд. Дар Балҷувон будагиҳо. Дигар мо ҳеҷ чиз намедонем ва ҳеҷ иттилои дигари аниқ дода наметавонем».

Аз сӯи дигар, хабарнигори Озодӣ гузориш медиҳад, ки чанд рӯз ба ин ҷониб, овозаву сарусадое дар марвиди мушоҳидаи афроди шубҳаовар дар навоҳии минтақа дар миёни мардум ба гӯш мерасид.

XS
SM
MD
LG