Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Душанбе бо Тошканд барои раҳоии ду чӯпони тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир музокирот барои раҳоии Гулмурод Кенҷаев ва Ҳусейнбой Холмирзоев, ду чӯпони боздоштшудаи тоҷик дар Узбакистон, идома дорад. Сарҳадбонҳои Узбакистон ҳафтаи гузашта ин ду сокини шаҳри Панҷакентро аз кӯҳи Майкатта бо худ бурдаанд ва наздиконашон мегӯянд, ки то ҳол аз онҳо дарак нест.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, 19 июл ба Озодӣ гуфт, музокироти намояндагони ин ниҳод ва Вазорати корҳои хориҷӣ бо мақомоти зидахли Узбакистон тақрибан ниҳоӣ шудааст ва умед доранд, ки рӯзҳои наздик ду чӯпони тоҷик ба назди хонаводаҳои худ бармегарданд. Вай гуфт, чӯпонҳои тоҷик дар вақти чарондани рама хатти марзеро, ки ҳанӯз ташхис ва аломатгузорӣ нашудааст, ноогоҳона убур карда ва ба қаламрави Узбакистон гузаштаанд.

"Баъдан марзбонҳои Узбакистон онҳоро дастгир кардаанд ва мо барои раҳоии онҳо тамоми талоши худро ба харҷ медиҳем," - афзуд Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Нурмурод Кенҷаев, сокини деҳаи Майкаттаи шаҳри Панҷакент ва бародари яке аз чӯпонҳои боздоштшуда, рӯзи 19 июл ба Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса дар аввалҳои ҳафтаи гузашта рух додааст. Ба қавли ӯ, марзбонҳои узбак бародараш Гулмурод Кенҷаев ва чӯпони дигар Ҳусейнбой Холмирзоевро дар чарогоҳи Майкатта боздошт карда, ба самти номаълум бурдаанд.

Ӯ гуфт, аммо сарҳадбонҳои Узбакистон бо рамаи гӯсфанди онҳо кордор нашудаанд. "Охирин хабаре, ки аз онҳо дарёфт шудааст, хабари боздошташон аст. Бардарам тавассути телефон ба сарчӯпон тамос гирифта ва гуфтааст, ки онҳо боздошт шудаанд ва бояд нафарони дигар ба нигоҳубини гӯсфандон машғул шаванд. Дигар ягон хатту хабаре нагирифтем," - гуфт ӯ.

Гулмурод Кенҷаеви 39-сола сокини деҳаи Майкатта ва Ҳусейнбой Холмирзоеви 53-сола сокини деҳаи Ғарибаки ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент ҳастанд. Наздиконашон мегӯянд, ки онҳо дар фасли тобистон дар куҳи Майкатта, ҳаммарз бо Узбакистон, асосан ба чарои гӯсфандон машғул мешуданд.

Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки дар охири моҳи июни соли ҷорӣ марзбонҳои узбак дар наздикии ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом, дар як минтақаи пурра мушаххаснашудаи сарҳади миёни Тоҷикистону Узбакистон, Ҳайдар Қӯзиеви 30-соларо захмӣ карда ва баъдан бо худ ба Қӯқанд бурдаанд. Ҳамдеҳагони Ҳайдар Қӯзиев дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буданд, ки ин сокини Конибодом низ ба говбонӣ рафта, баъдан аз сӯи сарҳадбонҳои кишвари ҳамсоя боздошт шудааст.

Тоҷикистону Узбакистон аз охири солҳои 90-ум барои рафтуомади шаҳрвандони худ низоми раводид ё виза ҷорӣ кардаанд ва аксари хатти марзи миёни ду кишвар низ бо симхор аломатгузорӣ шудааст. Вале дар баъзе рустоҳои дурдасти наздимарзӣ маҳалҳое ҳастанд, ки ҳанӯз ҳамчун нуқтаи марзӣ мушаххас нашудаанд. Ҳамин ҳолат боиси ба марзи якдигар роҳ ёфтани шаҳрвандони ҳарду кишвар мешавад.

Соли 2013 марзбонони Узбакистон 5 чӯпони сокини шаҳри Панҷакентро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд. Инҳо сокинони рустои Моғиёни Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаров буда, баъди як моҳ ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

XS
SM
MD
LG