Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ 3 чӯпони боздоштшудаи тоҷик дар Узбакистонро ҷазо дод


Чӯпонҳои тоҷик барои убури ғайриқонунии хатти марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон айбдор шуда, ҳар кадом ба пардохти 1200 сомонӣ ҷарима мувазазф гардидаанд.

Додгоҳи шаҳри Панҷакент се чӯпонро, ки хатти марзи Тоҷикистону Узбакистонро бо 1 ҳазору 500 гӯсфанду гов убур карда, аз тарафи сарҳадбонҳои узбак боздошт ва дертар озод гардида буданд, муҷозот намудааст. Як корманди додгоҳи Панҷакент бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Ашӯр ва Мирзоулуғ Фузайловҳо ва Қамариддин Асриев барои вайрон кардани «низоми сарҳади Тоҷикистон» айбдор шуда, ҳар кадом ба пардохти 1 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима муваззаф гардидаанд.

«Онҳо 26 июли соли ҷорӣ дар мавзеи наздисарҳадии «Хоҷа Мансур»-и ҷамоати Фароб ба чарондани моли майда ва калон машғул будаанд. Онҳо мегӯянд, аз надонистани хатти сарҳад ба масофаи 1000-1200 метр ба мавзеи Аспидухтари ноҳияи Китоби Узбакистон ворид мешаванд. Дар натиҷа, худи ҳамон рӯз аз тарафи марзбонҳои отряди сарҳадии Шаҳрисабз дастгир карда мешаванд»,-афзуд мусоҳиби мо.

Ашӯр Фузайлов, сарчӯпони ҷамоати Фароб, ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз як моҳи раҳоияшон аз дасти марзбонҳои узбак муфаттишони тоҷик онҳоро барои вайрон кардани хатти марз муттаҳам карда, бар муқобилашон парвандаи маъмурӣ боз намудаанд. Ӯ мегӯяд, дар чарогоҳе, ки моли онҳо мечарад, хатти марз маълум нест ва онҳо бехабар мондаанд, ки гӯсфандҳояшон дохили хатти марзи кишвари ҳамсоя шудаанд.

«Ҳар сеи мо чанд гӯсфандро фурӯхта, дар маҷмуъ, 3 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима супоридем»,-гуфт Ашӯр Фузайлов.

Марзбонони Узбакистон субҳи 26 июли соли ҷорӣ Ашӯру Мирзоулуғ Фузайловҳо ва Қамариддин Асриевро боздошт намуданд. Онҳо гуфтанд, чӯпонҳои тоҷик бидуни иҷоза хатти марзи кишвари ҳамсояро бо 1 ҳазору 500 гӯсфанду буз убур кардаанд. Танҳо дар натиҷаи музокироти мақомоти марзбонии ду кишвар 1 август се чӯпон ҳамроҳи 1 ҳазору 500 гусфанду говашон баргардонида шуданд.

Пеш аз ин, 14 июни соли гузашта 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо айни иттиҳом дастгир карда ва баъди як моҳ 5 нафарашонро озод карданд, вале моли онҳоро, зиёда аз 2000 сар, барнагардонданд. Панҷ сокини ноҳияи марзии Фароб низ дар моҳи июли соли 2013 ҳангоми рафтан ба алафдаравӣ низ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дар Узбакистон дастгир шуданд. Дар байни онҳо як навраси 12-сола ва 1 пирамарди 74-сола буд ва баъди кашмакашу музокироти зиёд Ӯзбакистон ҳардуи онҳоро озод кард, вале се нафари дигар ҳамоно дар зиндони Ӯзбакистон ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG