Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷаласа ва ду изҳороти ба ҳам зид. Дар Паймони миллӣ чӣ гузашт?


Муҳиддин Кабирӣ ва Шарофиддин Гадоев
Муҳиддин Кабирӣ ва Шарофиддин Гадоев

Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Амстердам, узвияти худро дар Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, муваққатан боздоштааст.

Ин эълон баъд аз ҷаласае садо дод, ки рӯзи 10-уми август аъзои Шӯрои сиёсии Паймони миллӣ ба таври онлайнӣ баргузор карданд. Ҷузъиёти ҷаласа ошкор намешавад. Тарафҳо изҳороти ба ҳам зид медиҳанд.

"Раис ҳар сол нав шавад"

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, шаби 10-уми август дар изҳороте раиси Паймони миллӣ Муҳиддин Кабириро барои ба вуҷуд овардани, ба гуфтааш, “парастиши шахси худ” дар ин эътилоф танқид кард ва хост, ки раҳбари Паймони миллӣ ҳар сол нав шуда, ҳамкориҳои он бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бас гардад.

“Раёсати Кабирӣ тайи чанд сол ҳеч беҳбудие дар кори Паймони миллии Тоҷикистон наовардааст. Мо мехоҳем, ки раҳбарии эътилофро ҷавонон бар дӯш гиранд. Мудирияти якранг ба фоидаи кор нест,” – гуфт Шарофиддин Гадоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Паймони миллии Тоҷикистон дар эъломияе рӯзи 11-уми август гуфт, Шарофиддин Гадоев барои “пайваста аз ҳадди ваколатҳои худ баромадан” аз узвияти Шӯрои ин эътилоф берун карда шудааст.

"Баромадан аз ҳадди ваколат"

Салим Султонзода, сухангӯйи ПМТ, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҷаласа қариб дуним-се соат соат тӯл кашид. Тарафҳо фикру назарҳои худро гуфтанд. Шарофиддин Гадоев ҳам буд, сухан ронд. Бархе ба тарафдорӣ аз ӯ ва баъзе ба мухолифаш гап заданд. Дар умум овоздиҳӣ шуд. Бо қарори беш аз нисфи иштирокдорон, Шарофиддин Гадоев аз узвияти Шӯрои Паймони миллӣ хориҷ карда шуд.”

Дар посух ба ин суол ки баҳс бар сари чӣ буд ва шарҳи “баромадан аз ҳадди ваколатҳо” чист, Салим Султонзода гуфт, “ин қазия ба мавҷудият ва мустақилии созмон рабт дошт, масъалаи дохилист.”

Сайидюнуси Истаравшанӣ, узви Анҷумани озодандешони тоҷик, ки ҳамкори Паймони миллист ва номаш дар изҳороти Шарофиддин Гадоев зикр шудааст, дар паёме дар “Фейсбук” навишт, ки ӯ “ба хотири иртикоби як хиёнати бисёр бузург ва нобахшуданӣ аз саффи Паймони миллии Тоҷикистон берун карда шуд.” Ӯ ҳам тафсилот надодааст.

Шарофиддин Гадоев мегӯяд, ӯро аз Паймони миллӣ нарондаанд, балки пас аз он ки пешниҳодҳояш, аз ҷумла дар мавриди истеъфои Муҳиддин Кабирӣ пазируфта нашуд, ин эътилофро тарк кард. Салим Султонзода мегӯяд, дар ҷаласа масъалаи истеъфо матраҳ набуд.

Гадоев эътирозҳои дигари худро чунин номбар кард: “Шӯрои сиёсии Паймони миллӣ бояд аз нуҳ нафар иборат бошад. Се намоянда аз Ҳизби наҳзати исломӣ, се нафар аз Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва се кас аз Анҷумани озодандешони тоҷик. Ҳоло аз 19 узви Шӯрои сиёсӣ 13 нафар намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ (75%) ҳастанд. Ин баробариро дар созмон аз байн мебарад ва боис ба қабули қарорҳо ба нафъи ин ҳизб мешавад. Ин усулҳои демократияро вайрон карда, ба ташаккули диктатура ва парастиши шахсият дар дохили Паймон мусоидат мекунад.”

Сухангӯи Паймони миллӣ мегӯяд, дар изҳороти Шарофиддин Гадоев ноҳамоҳангиҳое вуҷуд дорад: “Бале, дар ибтидо аз ҳар ҳизбу созмон намояндаи муайян ба узвияти Шӯро пазируфта мешуд. Дертар бо қарори Шӯро, ҳар нафар, новобаста аз узви ин ё он ҳизб буданаш ба Шӯро қабул карда мешавад, агар мо он шахсро лоиқ донем. Ин қарор дар гузашта қабул шудааст. Ва худи Шарофиддин Гадоев дар қабули ин қарор саҳм дорад.”

Ҳоло Шарофиддин Гадоев ва созмони зери раҳбарии ӯ ба Паймони миллӣ барои ислоҳи вазъ ва пазируфтани талабҳояшон 72 соат фурсат дода, вале дар айни замон эълон кардаанд, ки барномаҳои худро алоҳида пеш мебаранд.

Паймони миллии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 ин созмонро ифротгаро ва террористӣ эълон кард. Ҳарчанд аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд, то кунун чанд нафар ба пайравӣ аз он ва ё созмонҳои зери чатраш дастгиру зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG