Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Узбекистону Қазоқистон як нақби пинҳонӣ пайдо шудааст


Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон хабар дод, ки дар вилояти Тошканд, дар марз бо Қазоқистон нақби пинҳонии 31-метрӣ ошкор шудааст.

Дар рафти як амалиёт муайян шуд, ки бастаи нави доруҳои қочоқӣ аз шаҳри Деҳлии Ҳиндустон тавассути Тошканд ба шаҳри Алматои Қазоқистон бурда шуда, сипас аз деҳаи Достики ноҳияи Сариағаши Қазоқистон ба деҳаи "Урикзор"-и ноҳияи Тошканд интиқол дода шудааст.

Нақб бо рӯшноӣ ва таҷҳизоти ҳавокаш муҷаҳҳаз будааст.

Аз қочоқбарон 17048 бастаи дору, аз ҷумла "Албумин", "Ремдесивир" ва "Меропенем" ба маблағи 1 миллиард сӯм (ҳудуди $80 ҳазор) мусодира карда шудааст.

Қаблан дар марзи Узбекистон ва Қирғизистон чандин нақби ҳамсон ошкор шуда буд, ки сокинони ду кишвар барои равуо ва қочоқи мол истифода мекарданд.

XS
SM
MD
LG