Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Генерал Иззатулло Шарифзода, ки бо тахаллуси "Зорро" дар ҷомеаи имрӯзи мо шинохт дорад, як нафари пурсару садои бисту чанд соли ахири Тоҷикистон аст.
Ӯ замоне номдор шуд, ки аз соли 1997 то 2005 сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе таъин гардид. Давраи душворе буд, ки як қисмати пойтахтро қумондонҳои ҳукуматӣ дар “итоати худ” қарор медоданд, бахши дигарро қумандонҳои мухолифин. Вазъият пас аз сӯиқасд ба ҷони Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пешорӯи интихоботи парлумонии соли 2000 то ҷое дигаргуна шуд. Маҳз пас аз ин ҳодиса шаҳрдорӣ ба муқобили қумандонҳо муборизаи шадидро оғоз намуд ва пойтахт то ҷое ба ҳолати муътадил баргашт.
Аз рухдодҳои муҳими он давра чизи хотирмон ин аст, ки қумандони пуртаъсири собиқи мухолифин – Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро, ки нав раҳбарии “Тоҷиккомунсервис”-ро ба зимма гирифта, ҳамзамон раиси Ҳизби демократ интихоб шуда буд, кормандони РКВД-и Душанбе боздошт намуданд. Тибқи маълумоти расмӣ гӯё ин кор ба хотири ҷилавгирӣ аз муҳофизони силоҳбадасту ғайриқонуниаш сурат гирифт. Аммо он замон тақрибан ҳамаи мансабдорон ва қумондонҳои ҳарду ҷониб бо муҳофизу силоҳ мегаштанд.
Дар натиҷа Искандаров, ки низ рутбаи генералии ҳукуматиро гирифта буд, пас аз чанд соат раҳо гардид ва гуфта мешавад, ин масъала дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров баъдан, дар соли 2005, дар мурофиаи судиаш гуфт, ки он замон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Кумитаи амнияти вақт ва вазири корҳои дохилӣ супориш дод, ки мавзӯи қонунӣ кардани силоҳу муҳофизони Искандаровро баррасӣ намоянд. Вале ин кор то охир сурат нагирифт.
Воқеан, ин боздошти Искандаров аввалин шубҳаи ӯро ба Ҳоҷӣ Ҳалим ба бор овард. Зеро ӯро маҳз аз хонаи ин қумондони он вақт муҳими ҷониби мухолифин боздошт намуданд. Декабри соли 2004, ки Искандаров дар пойтахти Русия боздошт гардид, ӯ боз ҳам аз Ҳоҷӣ Ҳалим гумонбар шуд, чун ӯро маҳз пас аз мулоқот бо дувумӣ дар шаҳри Маскав боздошт карданд.
Баъдан ин мавзӯъ баҳсҳоеро ба вуҷуд овард, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ҳам мавқеашро дар як мусоҳиба бо хабарнигори “Озодӣ” гуфта буд. Аммо ин мавзӯи дигарест...
Ҳоло сухан аз “Зорро” меравад, ки дар он давра як нафари калидӣ ба ҳисоб мерафт ва на ҳар кас ҷуръат мекард бо ӯ “ҳафту ҳашт” намояд. Соли 2003, ки ҳоло ҳамчун сардори корҳои дохилии шаҳри Душанбе фаъолият дошт, шикоятҳои зиёде аз милисаҳои пойтахт дар миён буд. Мо дар нашрияи он замон машҳури “Рӯзи нав” чанд матлабе нашр кардем.
Як шикоятномаи бисёр ҷиддӣ ҳам ба унвонамон расида буд ва тавассути сухангӯи сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт барояшон расонидем, то мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Он замон Маҳмадсаид Убайдуллоев нав ҳамкориашро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла нашрияҳо оғоз карда буд. Моро ба ҷаласаҳои шаҳрдорӣ даъват мекарданд, саволу масъалагузориҳо мекардем.
Иттифоқан пас аз яке ҷаласаҳои тирамоҳи соли 2003 Иззатулло Шарифзода дар беруни маҷлисгоҳ якбора ба назди инҷониб омад ва бо сахтгӯиҳое “ҳуҷум” кардан хост. Ин ҳамон замоне буд, ки шикоятномаро ба унвонашон фиристода будем, то чораандешӣ намоянд. Ҳамкорони дигар, аз ҷумла сармуҳаррирони нашрияҳо - Акбари Саттор (равонаш шод бод), Умед Бобохонов, Мухтор Боқизода ва баъзе масъулини шаҳрдорӣ, аз ҷумла прокурори собиқи шаҳри Душанбе, ки ин гуфтугузор дар пеши онҳо сурат гирифт, шояд ин ҳодисаро ба хотир доранд, чун он замон баҳс бо "Зорро" як ҳолати тасаввурношаванда ба ҳисоб мерафт. Вақте дастҳо дар киса бо сардори корҳои дохилаи пойтахт баҳс мекардам, ӯ якбора асабӣ мешуд...
Ҳамон замон хулосаи мо чунин шуд, ки шеваи кори Шарифзодаи имрӯз чунин аст, ки бо “ҳуҷумҳояш” мехоҳад ба қавле “алови чашм” бигирад, то “гап” дар бораи ӯ кам шавад. Намедонам ба ин чиз даст ёфт ё не, аммо пас аз ин ҳам номи “Зорро” дар маҳфилу расонаҳо кам нагардид...
Бархе мегӯянд, ин шеваи кории ӯ аз он бармеомад, ки аз ибтидо тахассуси низомӣ надошт ва шояд вижагиҳоро дуруст намедонист. Баъзеи дигар ба ин назаранд, ки вазъияти он давра чунин муносибатро тақозо мекард, чун бо “зӯргӯӣ” имкони пайдо кардани “мавқеъ” осонтар менамуд.
Дар асл, Иззатулло Шарифзода дар ибтидо маълумоти низомиву ҳуқуқӣ надоштааст. Дар тарҷумаи ҳолаш мехонем, ки ӯ хатмкардаи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон аст. Замоне навиштанд, гӯё хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб бошад. Баъд маълум шуд, ки маълумоти дуруст нест. Ҳуқуқшиносӣ маълумоти дуюми ӯст. Аммо ҳанӯз аз замони Шӯравӣ дар системаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ кор мекардааст. То ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон собиқаи 15-солаи кор дар ин бахшро дошт. Баъдан, фаъолият дар мақомоти интизомӣ то вақти ба нафақа гусел кардани “Зорро”, маҷмуан 42 соли зиндагии ӯро дар бар мегирад.
Воқеан, тахаллуси "Зорро" ба ӯ аз куҷо пайдо шуд?
Хабарнигор ва адиби фаъол Гули Зард боре ёддоште дар бораи Шарифзода навишт ва ишора кард, ки замоне ӯ бештар бо сарпӯши сиёҳе гаштугузор мекардааст, ки ба кӯлоҳи қаҳрамони филми “Зорро” монандӣ дошт. Онҳое, ки ин филмро дидаанд, медонанд, ки қаҳрамони он бо ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебурд ва Шарифзода низ шояд худро дар чунин мақом тасаввур мекард.
Баъдан дар мулоқоти каму кӯтоҳаш бо журналистон “Зорро” бо табассум мегуфт, ки аз ин тахаллусаш огоҳӣ дорад...
Соли 2005 пас аз 8 соли раҳбарии милисаи Душанбе ӯро аз масъулият барканор карданд, ҳарчанд сару садое дар миён буд, ки эҳтимол курсии вазирии корҳои дохилиро “ҳалол” кардааст. Ӯ на танҳо ба мансаби роҳбарикунандаи муҳим дар ВКД таъин нашуд, балки як муддати кӯтоҳ ҳамчун сардори Хадамоти оташхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият намуд. Мегуфтанд, ки бо овардан ба ин мансаби на чандон таъсиргузор, ӯро аз корҳои муҳим ба ҳошия бурданианд.
Ин сару садо замоне поин шуд, ки ӯро ба роҳбарии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварданд. Ин замоне буд, ки шахсиятҳои пурнуфузе чун Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва баъдан Зайд Саидову дигарон бо ҳукми суд ба зиндон афтоданд. Маълум аст, ки ҳузури онҳо баҳсу баррасиҳоеро ба вуҷуд меовард ва ин сару садо ҳатман номи Иззатулло Шарифзодаро расонаӣ менамуд...
Чизи дигари хотирмон аз фаъолиятҳои Шарифзода дар ин мақом вақте иттифоқ афтод, ки афв бахшида ба 25-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифт. Ӯ аз минбари парлумон суханронӣ карда, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аз ҷумла маҳбусоне мавриди афв қарор мегиранд, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд. Шарифзода аз Сарвиноз Раҳматова, ки дар куштори як оила дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даст дошт, мисол овард, ки бо ин афв аз маҳбас озод мешавад. Пешниҳод намуд, ки дар қонуни афв тағйирот дароварда шавад, то ин гуна ҷинояткорони вазнин ва махсусан вазнин ба озодӣ набароянд...
Замони дигар навиштанд, ки гӯё маҳбасхонаҳоро "Зорро" ба “империяи худ” табдил додааст ва ӯро “вазири маҳбасҳо” ба он маъно номида буданд, ки гӯё аз ҳад зиёд дар фаъолият мустақил асту гапи касеро гӯш намекунад.
Аммо Шарифзода ба ин сару садо посух намедод. Фақат як бор дар бораи шиканҷа дар маҳбасҳо ба журналистон гуфт: «Агар дидаву дониста ҳамин кормандон ин корро карда бошанд, оддӣ карда гӯем, ӯро Худо мезанад. Хонаш сӯзад ҳамин хел одамро. Чунки ин соҳаи ман аст ва ин камбудии кори ман ҳисоб мехӯрад, агар онҷо шиканҷа бошад.»
Шояд сару садои зиёд дар бораи шиканҷа ҳукуматро маҷбур намуд, ки тадбир андешад. Зимнан маҳз дар замони роҳбарии Иззатулло Шарифзода дари маҳбасҳо ба рӯи журналистони ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ як ё ду бор кушода шуд ва ба онҳо шахсиятҳои муҳими ҷамъиятие чун Ойниҳол Бобоназарова раҳ ёфтанд, бо маҳбусон, аз ҷумла маҳбусони машҳуре чун Муҳаммадрӯзӣ Искандаров сӯҳбати кӯтоҳ доштанд.
Бо ин вуҷуд, дар замони раҳбарии генерал Шарифзода норозигӣ аз зиндонҳо кам намешуд ва баъзан исёнҳо ҳам ба амал омад. Ахиран пас аз исёни маҳбаси Хуҷанд "Зорро" аз масъулият барканор шуд. Бархе итминон доштанд, ки аз мансаб барканор шудани Иззатулло Шарифзода маънои батамом аз мадди назари роҳбарияти кишвар дур мондани ӯро надорад, чун барои ҳукумат хизматҳо кардааст. Хоса пас аз он ки баъди барканорӣ аз мансаб бо имзои Президент Раҳмон ба генерал-лейтенант Иззатулло Шарифзода рутбаи генерал-полковник дода шу два мегуфтанд, чанде баъд ӯ ҳатман дар ягон мақоми нав пайдо мешавад.
Интизорие, ки иттифоқ наафтод ва ин охирин қадрдонии ҳукумат аз ӯ гардид…
Генерал - полковник Иззатулло Шарифзода имрӯз, 23-юми сентябр, 67 солагии худро дар бознишастагӣ пешвоз мегирад ва бовар дорем корҳои кардаву нокардаи худро ҳатман пеши рӯ хоҳад овард. Хоса инро, ки бо омадани Мансур Умаров ба масъулияти роҳбарии зиндонҳо ҷомеа аз ислоҳот ва сабукиҳо дар низоми маҳбасҳо мегӯянд. Аммо ин ки дигаргуниҳо ба махсусиятҳои инсониву роҳбарии Умаров мансуб аст, ё "вазъият инро тақозо мекунад", саволест, ки албатта посух дорад, вале ҷавобашро танҳо дар доираҳои мушаххасу маҳфилҳои хос медонанд...
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.