Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Путин аз талошҳо алайҳи нооромсозии вазъи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Владимир Путин дар як паём ба Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз кӯшишҳои ноором сохтани вазъи ин ҷумҳурӣ пуштибонӣ кардааст.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёми шодбошиаш ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти Тоҷикистон бори дигар аз талошҳои Душанбе дар амри ҷилавгирӣ аз “кӯшишҳои нооромсозии вазъият дар ҷумҳурӣ” пуштибонӣ кардааст.

Дар матни барқияи шодбошии Путин ба Раҳмон, ки сомонаи расмии президенти Тоҷикистон шоми 8 сентябр нашр кард, аз ҷумла омадааст: “Бори дигар таъкид мекунам – Русия саъю кӯшишҳои роҳбарияти Тоҷикистонро барои таъмини субот ва амнияти минтақа, пешгирӣ намудан аз кӯшишҳои нооромсозии вазъият дар ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.”

Путин афзудааст, ки муносиботи Маскаву Душанбе дар “рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ” рушд мекунад. Ба ақидаи ӯ, “таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо ба манфиатҳои аслии ду халқ ҷавобгӯянд.”

Таъкиди дигарбораи раисиҷумҳури Русия ба пуштибонии ҳамаҷониба аз талошҳои Душанбе барои таъмини сулҳу субот ва пешгирӣ аз “нооромсозии вазъият дар ҷумҳурӣ” дар ҳолест, ки мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон аз рӯзи 4 сентябр амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзодаро идома медиҳанд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, то имрӯз дар ҷараёни даргириҳо бо ин гурӯҳ 9 тан аз нирӯҳои давлатӣ ва 17 узви гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода кушта ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шудаанд.

Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон нооромиҳои ахирро рӯзи 5 сентябр низ дар як тамоси телефонӣ баррасӣ карда буд. Дар пайи он гуфтугӯ, ки шоми шанбе доир шуд, дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, “раисиҷумҳури Русия баъд аз иттилоъ ёфтан аз вазъ дар Тоҷикистон таъйиди комили ҷониби Русияро бо саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият иброз дошт."

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки рӯзи 15 сентябр дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе мулоқоти алоҳидае доир кунанд.

Бино ба гузориши сомонаи президенти Тоҷикистон, раҳбарони кишварҳои дигар низ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати солгарди 24-уми истиқлоли Тоҷикистон табрик кардаанд.

Барак Обама
Барак Обама

Аз ҷумла раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар паёми шодбошиаш ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди истиқлоли Тоҷикистон навиштааст: “Иёлоти Муттаҳида аз он ифтихор дорад, ки аз қабили нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро шинохтааст ва ба таъмини сулҳу суббот ва шукуфоии он содиқ хоҳад монд. Ҳамкории бардавом, ки тӯли солҳои охир пиёда намудем, барои муносибатҳои оянда заминаи қавиро фароҳам овард. Мунтазири онам, ки дар солҳои наздик дӯстӣ миёни мардуми мо ва ҳамкорй байни Ҳукуматҳои ду кишвар боз ҳам мустаҳкамтар гарданд.”

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин низ бо изҳори таманниёту табрикот ба ҳамтои тоҷикаш паёми идона фиристодааст. Дар ин паём аз ҷумла гуфта мешавад: Ман омодаам, ки якҷоя бо Шумо робитаи наздикро ба роҳ монда, баҳри вусъати мунтазами ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Чин кӯшиши якҷоя ба харҷ диҳам.Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоӣ ва ба мардуми он хушбахтӣ орзумандам.”

Ислом Каримов
Ислом Каримов

Президенти Ҷумҳурии Узбакистон Ислом Каримов дар паёми табрикотиаш ба Эмомалӣ Раҳмон навиштааст: Мутмаинам, ки муносиботи Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар пояи ҳусни ҳамсоягӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд, минбаъд ҳам мунтазам рушд карда, ба манфиати халқҳои дӯсти мо, ба нафъи ҳифзи амният ва субот дар минтақа таҳким меёбанд.” Ислом Каримов ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавому муваффақият ва ба халқи Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно кардааст.

Сомонаи президенти Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди истиқлоли кишвараш, ки 9 сентябр таҷлил мешавад, ҳамчунин аз раҳбарони Қазоқистон, Эрон, Олмон, Австралия, Мексика, Словакаия, Туркия, Куба, Молдова, аз раҳбари ташкилоти худгарони Фаластин ва аз раиси парлумони Кореяи шимолӣ паёмҳои табрикӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG