Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии хатарҳои ҷаҳони муосир - дар меҳвари нишасти СПАД


Хатарҳои сиёсиву низомӣ, бахусус фаъол шудани гурӯҳҳои терористӣ ва ифротӣ мавзӯи меҳварии нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳафтаи оянда дар Душанбе хоҳад буд.

Хатарҳои сиёсиву низомӣ, бахусус фаъол шудани гурӯҳҳои терористӣ ва ифротӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он мавзӯи меҳварии нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳафтаи оянда дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад буд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи 9 сентябр иттилоъ дод, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви ин паймон дар Душанбе рӯзи 15 сентябр “таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили марбут ба хатарҳои ҷаҳони муосир, бахусус фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ – “Давлати Исломӣ” равона шуда, роҳҳои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои номатлуби ин таҳдидҳо баҳсу баррасӣ хоҳад шуд”.

Қарор аст дар ин ҳамоиш дар баробари дигар раҳбарони кишварҳои узв, раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ҳам иштирок мекунад. Ба таъкиди ин манбаъ, Владимир Путин бар иловаи ширкат дар нишасти сарони ОДКБ бо ҳамтоёни худ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот хоҳад кард. Дар як сӯҳбати телефонии Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 сентябр раиси ҷумҳурии Русия ҳамла ба кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дар рӯзи 4 сентябр талоше барои ноором кардани кишвар номида, аз талошҳои Душанбе барои ба эътидол овардани вазъ ҳимоят кард.

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба тавофуқ расидаанд, ки дар Душанбе як мулоқоти ҷудогонае барпо мекунанд. Дирӯз ҳам дар паёми шодбошиаш ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди истиқлолияти Тоҷикистон Путин бори дигар аз талошҳои Душанбе дар амри ҷилавгирӣ аз “кӯшишҳои нооромсозии вазъият дар ҷумҳурӣ” пуштибонӣ кард. Субҳи рӯзи 4 сентябр мақомоти Тоҷикистон аз ҳамла ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳҳои силоҳбадаст ба раҳбарии собиқ муовини вазири дифоъ генерал-майор Ҳалим Назарзода хабар доданд.

Бар тибқи иттилои расмӣ, дар ин ду ҳодиса 9 ходими ҳифзи ҳуқуқ кушта шуданд. Мақомот ин афродро дар аъмоли террорристӣ муттаҳам карда, мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ба ҳам задани вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон аст. Аз рӯзи 4 сентябр то имрӯз дар бораи кушта шудани 18 ва дастгир шудани ҳадди аққал 60 тарафдори Назарзода хабар дода шуд. Амалиёти нирӯҳои вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар дараи Ромит, ки бовар меравад, ба паноҳгоҳи силоҳбадастон табдил шудааст, идома дорад.

Нишасти Душанбе бо ҳузури раисони ҷумҳури Русия, Арманистон Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG