Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар муроҷиат ба журналистон сарусадо дар бораи ҷамъоварии маҷбурии маблағ барои бунёди майдончаҳои варзишӣ дар пойтахтро рад кард.
Мавлуда Қаландарзода рӯзи 5-уми феврал, дар ҳоле, ки бо журналистон дар чаҳорчӯби як нишасти хабарии солона мулоқот дошт, гуфт: “Додгоҳи олии иқтисодӣ барои сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе аз кормандонаш маҷбурӣ маблағ ҷамъ накардааст”.
Масъулони Додгоҳи олии иқтисодӣ паҳн кардани хабарҳои охирро ба идомаи баҳсҳое марбут медонанд, ки баъди таъини Мавлуда Қаландарзода ба ҳайси раиси ин додгоҳ, дар расонаҳо нашр шуданд.
Вай гуфт, ки раҳбарият саҳмгузорӣ дар майдончаи варзишиеро, ки дар маҳаллаи 33-юми Душанбе кормандони ин ниҳод месозанд, тасмими ихтиёрӣ номид ва гуфт, агар дар ин амал қонуншиканӣ роҳ меёфт, мақомот онро ошкор мекарданд.
Ба гуфтаи Қаландарзода, кормандони Додгоҳи олии иқтисодӣ ҳама гуна навовариро “хуб қабул мекунанд”: "Ҳастанд мақомоте, ки инро бояд санҷанд. Он навовариҳое, ки дар Суди олии иқтисодӣ шуд, ягон нафар ба таври манфӣ қабул накард. Баръакс ҳар иқдоме, ки буд, бо ҷону дил қабул карданд."
Муроҷиати раҳбарияти додгоҳ ба мавзӯи майдончаҳои варзишӣ тасодуфӣ нест. Моҳи январ бархе расонаҳо дар Тоҷикистон мактуби электроние дарёфт карданд, ки дар он гӯё бархе корманди Додгоҳи олии иқтисодӣ аз шеваи раҳбарии Қаландарзода интиқод карда гуфтанд, ки раҳбари онҳо барои бунёди майдончаҳои варзишӣ дар пойтахт аз онҳо гӯё маҷбурӣ пул ҷамъ мекунад.
Баъди таъйини Рустами Эмомалӣ ба симати раиси шаҳри Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор 48 вазорату идораҳоро муваззаф намуд, ки дар шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишӣ бунёд кунанд. Соли гузашта дар Душанбе беш аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд шудааст. Сохтмони қисме аз чунин майдончаҳо ҳоло идома дорад. Аксари сохтору идораҳои давлатӣ ба матбуот ва ҳам мақомот гузориш доданд, ки супориши раҳбариятро иҷро карданд ва ин амали онҳо ихтиёриву довталабона ва аз роҳи ҳашар буд.
Дар нишасти матбуотии додгоҳи олии иқтисодӣ Содиқ Шоназаров, мушовири ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ низ ҳузур дошт ва ба “довталабона” анҷом шудани корҳои мисли бунёди майдончаҳои варзишӣ таъкид кард.
"Он чизе, ки имрӯз корҳои ҷамъиятӣ аст, бар зиммаи ҳамаи вазорату идораҳо, умуман аҳли ҷомеа вогузор шудааст. Ин албатта обод кардани Тоҷикистони азиз, ба вижа пойтахти кишварамон аст, ҳама бо ташаббуси худ, бо ризоияти худ сарҷамъона дар ин корҳо ҳамроҳ ҳастанд. Кормандони судҳои иқтисодӣ низ бо як ташаббуси хоса барои анҷом додани корҳои ҷамъиятӣ ҳамарӯза ташаббус мегиранд",- афзуд Содиқ Шоназаров.
Масъулони Додгоҳи олии иқтисодӣ паҳн кардани хабарҳои охирро ба идомаи баҳсҳое марбут медонанд, ки баъди таъини Мавлуда Қаландарзода ба ҳайси раиси ин додгоҳ, дар расонаҳо нашр шуданд. Дар додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин шикоятҳоро таҳқиқ кардааст.
Вале кормандоне, ки номашон зери номаҳо навишта шудааст, гуфтаанд, бо истифода аз номи онҳо шахсони номаълум шикоят навиштаанд. “Вобаста ба норозигии кормандон, ман бевосита норозигиро эҳсос накардам”, гуфт Мавлуда Қаландарзода.
Роҳбарияти ин ниҳод аз кор рафтани чанде аз кормандонро баъд аз таъини Мавлуда Қаландарзода рад накарданд, вале гуфтанд, онҳо ихтиёрӣ аризаҳои худро навиштанд ва танҳо як нафар бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи кор, аз вазифа озод карда шудааст. Ҳамчунин дар пайи шикояти шаҳрвандон дар соли гузашта, 4 нафар аз кормандони Додгоҳи олии иқтисодӣ аз ҷониби роҳбарият муҷозоти интизомӣ дидаанд