Ҳамдуллоҳи Фитрат, муовини сухангӯи “Толибон” бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфтааст, рӯзҳои ахир миёни ду ҷониб гуфтугӯҳо анҷом шуд.
Ба гузориши телевизиони "Тулуъ Нюс", муовини сухангӯи "Толибон" гуфтааст, намояндагони ин гурӯҳ бо ҷониби Тоҷикистон дидорҳое доштаанд. Аммо Ҳамдуллоҳи Фитрат мушаххас нагуфтааст, ки киҳо вохӯрданд.
Пештар Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати "Толибон" низ эълом карда буд, ки равобити Кобул ва Душанбе рӯ ба беҳбуд аст.
Тоҷикистон яке аз камтарин кишварҳои минтақа аст, ки ҳукумати "Толибон"-ро сахт танқид мекунад.
Ҳарчанд моҳи августи имсол расонаҳои Афғонистон аз сафари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Афғонистон ва дидораш бо мақомҳои ҳукумати "Толибон" гузориш доданд, аммо Душанбе ин хабарҳоро расман тасдиқ ё рад накард.