Дар нусхаи ин санад, ки Радиои Озодӣ 19-уми ноябр бо он шинос шуд, омадааст, барқи "Роғун" ба Қазоқистон, "танҳо дар соатҳои норасоии нақшавӣ" дар шимолу ҷануби Қазоқистон интиқол дода мешавад.
Ҳаҷми интиқоли барқ аниқ нест ва он тахминӣ аст. Ду тараф дар ин бора ӯҳдадории аниқе нагирифтаанд. Нархи як киловат барқи неругоҳи "Роғун" барои Қазоқистон, 3,4 сент ё 36 дирам пешбинӣ шудааст.
Муҳлати амали созишнома 20 сол буда, Тоҷикистон ва Қазоқистон метавонанд боз онро барои даҳ соли дигар тамдид кунанд. Дақиқ нест, ки интиқоли барқ аз нерӯгоҳи "Роғун" барои Қазоқистон кай оғоз мешавад.
То имрӯз ду чархаи ин неругоҳ ба кор даромадааст ва мақомот гуфтанд, чархаи сеюм соли 2025 фаъол мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле мехоҳад ба Қазоқистон барқ фурӯшад, ки дар дохили кишвар сокинон бо маҳдудият ё лимит барқ мегиранд.
Бахусус сокинони деҳот, ки 70 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, сар аз моҳи октябр шабонарӯз танҳо 8 соат бо барқ таъминанд.
Мавзӯи фурӯши барқ ба хориҷ, бахусус ба Афғонистон қаблан баҳсҳоеро ба миён оварда буд.