Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 соли дигар. Ҳукми нави Чоршанбе Чоршанбиев дар мурофиаи пӯшида


Чоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев

Размикори саршиноси бозиҳои Якҳарбаи омехта (ММА) Чоршанбе Чоршанбиеви 29-сола, ки аз соли 2022 ба ин сӯ бо ҳукми ҳаштуним сол зиндон дар маҳбас аст, дар як мурофиаи пӯшида боз ба 4 соли дигари ҳабс маҳкум шудааст.

Дар ин бора бори аввал рӯзноманигор Анора Саркорова хабар дод. Ду манбаи Радиои Озодӣ низ рӯзи 18-уми ноябр хабарро тасдиқ карданд.

Дар ҳоле ки ӯро ба вайрон кардани низоми зиндон гунаҳкор донистаанд, як манбаи наздик ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, “Чоршанбе Чоршанбиев дар маҳбас вориди занозанӣ шудааст”.

Тафсилоти бештар маълум нест, вале қаблан иттилоъ расида буд, ки Чоршанбе Чоршанбиев аз маҳбаси Хуҷанд ба Душанбе интиқол дода шудааст.

Ӯро дар соли 2022 бо айбномаи даъватҳои оммавӣ ба зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон маҳкум карда буданд, вале худаш ва наздиконаш ин иттиҳомро рад кардаанд.

Чоршанбе Чоршанбиевро дар моҳи декабри соли 2021 бо иттиҳоми ҳаракати хатарзо бо мошин дар дохили нақб ё туннели Лефортово дар Маскав дастгир карда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Додгоҳ ӯро ҷарима баст ва аз Русия ба Тоҷикистон ронд.

Дар Тоҷикистон ӯро бо гумони барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет дастгир карда, дертар иттиҳоми аввалро бардоштанд. Қазияи Чоршанбе Чоршанбиев вокунишҳои зиёдро ба миён овард ва чанде аз варзишгарони муҳорибаҳои омехта аз Русия хоҳони озодии ӯ шуданд.

Далели асосии мақомот як навори суханронии Чоршанбиев дар бораи воқеаҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон аст. Дар он ҳодиса се кас кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Мақомот Чоршанбиевро ба он гунаҳкор кардаанд, ки размикор мардумро ба муқобили ҳукумат даъват кардааст. Елизавета Колтунова, устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгород қаблан гуфта буд, ки "дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои психологӣ – лингвистии даъват ба содир кардани зӯроварӣ, аз ҷумла вобаста ба ҳар гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад."

XS
SM
MD
LG